Суруди нотамоми дутори Далер дар Остона ҷоиза бурд

Хабари хуб 04.05.2016 18:29

Наққошии “Оҳанги зиндагӣ”, ки дар меҳвари он дутор тасвир ёфтааст, аз сурудаҳои нотамоми онҳое қисса мекунад, ки ба ҷанг рафтаву бозпас нагаштаанд.

Ин наққошии рассоми тоҷик дар озмуни бахшида ба ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фоҷеаи Чернобил дар Қазоқистон барандаи ҷоиза шудааст.

 Ин озмун таҳти унвони “Мир, энергия, человек” барои чаҳорумин бор дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон барпо мешавад. Нақкошии “Оҳанги зиндагӣ”-и Далер Миҳтоҷов, наққоши тоҷик ба мақоми дуввуми ин мусобиқа сазовор дониста шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97