Озмуни андешаи беҳтарин афзори мобилӣ барои барномасозон ва ҳама хоҳишмадони тоҷикистонӣ

Хабари хуб 16.04.2013 08:57

babilon ozmunКонтент провайдери ватании «Зервана» барномасозон ва ашхоси мутаваҷҷеҳро барои ширкат дар озмуни минтақавии таҳияи  афзори мобилӣ даъват менамояд.

Озмуни мазкур аз ҷониби Лабораторияи Мобилии  Минтақавии мамолики Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (mLab ECA) дар ҳамдастӣ бо ширкати ҷаҳонии Nokia  ва ҳукумати Финляндия барпо мегардад.   

Дар қатори барномасозони касбӣ инчунин ҳама хоҳишмандоне, ки дорои идеяҳои тоза дар таҳияи  афзорҳои мобилӣ ҳастанд, барои ҳалли масоили зерин ба озмун даъват карда мешаванд:

Масоили гуногуни тиҷоратӣ аз қабили интернет – банкинг, пардохтҳои мобилӣ, навоварӣ ва ғ.

Рушди дастрасӣ ба таҳсилот (китобҳои интерактивӣ, маълумотномаҳо ва ғ.)

Рушди имконоти минтақаҳо ва ё ҷомеаҳои дурдаст (дастрасӣ ба иттилоот, муошират, бозиҳои иҷтимоӣ, шиносоӣ ва ғ. )

Дар озмун намояндагони мамолики Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ мисли  Украина, Молдова, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон иштирок карда метавонанд.

Барои ширкат дар озмуни мазкур инчунин  пур кардани дархостнома лозим аст.

Барандагони се ҷоизаи аввал бо туҳфаҳои арзишманд қадр  карда мешаванд. Муаллифи  идеяи беҳтарин барандаи мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ гардида, ҳуқуқи ширкат дар озмуни байналмилалиро пайдо хоҳад кард, ки мукофотпулиаш 10 000 доллар аст. 

Мӯҳлати охирини супоридани дархостномаҳо 22 апрели соли ҷорӣ муқаррар гардидааст.

Маълумоти муфассалро метавонед дар сайтҳои regionalcontest.com ва  contest.zervana.tj  ё тавассути телефони (44) 6014545  дар офиси ҶДММ «Зервана» пайдо кунед. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97