Millat
19.05.2012
Мулло Маъруф дар додгоҳи Тураҷонзодаҳо ва Саидмукаррам шоҳидӣ дод
16.02.2012 12:17   

Sidi_TurajonzodahoМурофиаи додгоҳии Тураҷонзодаҳо бо Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар, рӯзи 15 феврал дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ баргузор шуд.

Дар ин мурофиа Ҷамолов Давлатмурод, иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби масҷиди Қазоқон, Мулло Маъруф, сархатиби масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе ва Домулло Имомуддин, мударриси Донишгоҳи исломӣ аз ҷониби Тураҷонзодаҳо ва домулло Абдураҳим, хатиби масҷиди ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Сайдмукаррам ба ҳайси шоҳид ширкат карданд. Бино ба хабарҳои расида, пурсиши шоҳидон бештар атрофи қарору муроҷиатномаи Шӯрои уламо сурат гирифтааст.

Чаҳор нафар шоҳиди мазкур аз ҷумлаи 60 нафаре мебошанд, ки рӯзи 6-уми декабр дар маҷлиси Шӯрои уламо бе ҳузури Тураҷонзодаҳо ширкат доштаанд. Аз номи аъзои Шӯрои уламо баёнияе пахш шуд, ки дар он Тураҷонзодаҳо барои баргузории рӯзи Ошуро маҳкум мешуданд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иброз доштааст, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ раиси Шӯрои уламо, ҷаноби Саидмукаррам эътироф карда, ки ду санад қабул кардем. қарор ва муроҷиатнома. қарор дар маҷлис аз чаҳор банд иборат буда, вале вақте ба мардум паҳн кардаанд, он аз шаш банд иборат буд.

Дар ҷараёни мурофиъа аз рӯйи қарору муроҷиатномаи нашршуда, аз шоҳидон пурсида шудааст, ки "оё дар маҷлис 40 туҳмату таҳқир ба хонаводаи Тураҷонзодаҳо қироат шуда ва онро шунидаанд?

Аммо шоҳидон дар посух гуфтаанд, бисёре аз ҳарфҳо ба гунаи дурӯя будани Тураҷонзодаҳоро нашунидаанд. Танҳо шоҳид домулло Абдураҳим - хатиби масҷиди Ваҳдат гуфтааст, ки бале ҳамонҷо як нафар гуфт, ки Тураҷонзодаҳо динфурӯшанд, вале аз гуфтани номаш худдорӣ варзид.

Мулло Маъруф гуфтааст, ки он рӯз танҳо қарор қабул шуда буд ва аз манти муроҷиатнома хабаре надорад.

Ҳамзамон Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода иброз доштааст: "Аз маҳкумияти мо қисмати зиёди мардум хабар надорад. Бисёриҳо танҳо ба ҳамин нукта аҳамият додаанд, ки гуё Тураҷонзодаҳоро шиъа эълом кардаанд ва онҳо ба ҳамин хотир раиси Шӯрои уламоро ба суд додаанд. Аммо ин танҳо ба хотири шиъа эълон кардани мо нест. Бо далели он аст, ки дар ин муроҷиатнома 40 вожаи таҳқиромез ба мисоли: "дурӯя, динфурӯш, мансабфурӯш, ҷангандоз, хиёнаткор, иғвогар ва ҳоказо, ки ҳатто гӯё маротибае кишварро бо ҷанг кашидаанд" дар ҳаққи мо зада шудааст, аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ бидиҳем".

Пештар ҷаноби Тураҷонзода гуфта буд, ки бо сабаби таҳдиду тарсонидан бархе аз шоҳидон дар догоҳ ҳозир нашудаанд. Ӯ мегӯяд: "Шоҳидоне, ки аз тарафи мо ба суд пешниҳод шудаанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо мурид ва ё шогирдони мо бошанд. Шаш тан шоҳиде, ки аз сӯйи айбдоркунандаҳо дар ҷаласа гувоҳӣ медиҳанд, аз дидгоҳи хонаводаи Тураҷонзодаҳо нафароне мебошанд, ки соҳибилм, тақводор ва худотарсанд. Мо, ки сад дар сад ба бегуноҳии худ дар ҳамин масъала қоил ҳастем, бинобар барои мо фарқ надорад, ки кадом аъзои Шӯрои уламо дар мурофа даъват мешаванд. Ҳар кадоме, ки даъват шуд, мо суолҳои худро медиҳем."

Зокир Аминов, раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то соати чоп шудани ин матлаб танаффус эълом кард. Мурофиа то рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

 

Назарҳо  

 
0 # Зариф 20.02.2012 10:59
Салом ба ҳамаи масулони сомонаи хуби Миллат ва мухлисони ин сомона.
Ман яке аз мухлисони сомонаи шумо ҳастам ва умедворам, ки дар нашри хабарҳо роҳи инсофро пеша кунед на ин, ки мисли дагар сомонаҳо ҳама ба ҷонибдорӣ аз ин бединҳо, ки худашон аз Худо натарсида фатво медиҳанд ва як бандаи Худоро туҳмату носазо мегӯянд. Инҳо муллоҳои дарборӣ ҳастанд, ки барои аз даст надодани нонашон фатво медиҳанд. Худо нигаҳбони бандагони мухлисаш ҳаст, иншоаллоҳ!
Худо нигаҳбони Тураҷонзода бошад, ки танҳо касе аст, ки дар муқобили давлат истода, ва аз ҳаққи ин миллати мазлум дифоъ мекунад. Худо бо мазлумон аст.
муваффақ бошед бародарону хоҳарони ман.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

Мақолаҳо

  • 0
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
prev
next
News image

Нигоҳи каҷ

Сухан гуфтани каҷ зи бечорагист. (Фирдавсӣ) Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дарҷ шудани мақолаҳои бӯҳтономез дар ҳақи ходимони дини мубини ислом дар кишвар қариб ба ҳукми анъана даромадааст, аммо дар мақолаҳои дигар агар мавқеъ ва ақидаи рӯҳониёни мӯҳтарам мавриди интиқод қарор ...

Иҷтимоъ | Сешанбе, 15 Май 2012

News image

Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола

Ё вазифаи хонагӣ ба шаҳрдори нави Кӯлоб Рушду нумуъи кишвар бо назардошти пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру навоҳӣ ва манотиқи фарогираш тавассути ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ зарурати рушди мустақилонаи ҳудудҳои маъмуриро дар асоси усулҳои худидорию худкифоӣ ба миён меорад. Дар ин ...

Иҷтимоъ | Душанбе, 14 Май 2012

News image

Шаробхорӣ ва безории зиёиён аз арзишҳои миллӣ боиси ақибмондагӣ

Замоне миллали абарқудрат баъди бархурди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ барои тороҷи молу сарват ва паҳну парешон намудани забону фарҳанги хеш ба сарзаминҳои ғайр дарафтоданд ва ин миллатҳои заиф мавриди истисмору истифодаи эшон ва ҳомили забону фарҳангашон гаштанд. Кишварҳояшон ба ғорату тороҷ, ...

Миллат ва ислом | Якшанбе, 13 Май 2012

News image

Кабирӣ: Бубахшед, ҷаноби олӣ

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо эҳтироми самимонаи худро изҳор менамоям ва аз Худованд бароятон тансиҳатӣ ва сарбаландиро таманно дорам. Миллати мо имсол ҷашни 15-солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллиро бо ...

Сиёсат | Шанбе, 12 Май 2012

News image

Ҷанг гулчин мекунад

ё дӯсти барои абад ҷавон Эй он ки, пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,  Биншин ба рӯи хоки ман - ин орзуи ман!  Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,  Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.                                                                    (Амонбек  Шоҳзод) Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ...

Таърих | Шанбе, 12 Май 2012


— Designed by: UmedSharipov