Millat
19.05.2012
Шӯрои уламо шартҳои Тураҷонзодаҳоро напазируфт
09.02.2012 09:39   

Bratya_TurajonzodahoБа ин тартиб, талоши додгоҳ барои оштӣ додани ду ҷониб бенатиҷа анҷом ёфт ва ҳамакнун муҳокимаи шикояти Тураҷонзодаҳо алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, идома хоҳад ёфт.

Қарор буд дар лаҳзаҳои интишори ҳафтанома, 8 феврал ҷаласаи навбатии додгоҳии Тураҷонзодаҳо бо Шӯрои уламо шӯруъ шавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода Шӯрои уламо ба далели гирди ҳам наомадани аъзои ин шӯро ба қарори қатъӣ нарасидааст, ки бо ин хонадон сулҳ хоҳад кард ва ё хайр. Аммо дар ҳамин ҳол Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни ҷаласаи машваратӣ дар додгоҳ гуфтааст, ки "шахсан ба сулҳ кардан розӣ аст, аммо аъзои дигари шӯро ҳозир нестанд қарори худро иваз кунанд".

Зимнан рӯзи душанбеи 6 феврал ҷаласаи додгоҳии эшон дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт доир шуд.

Дар ҷаласаи аввали додгоҳии хонаводаи Тураҷонзодаҳо бо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода дар 26 январ судяи парванда ба ҷонибҳо пешниҳод карда буд, то ба сулҳ бирасанд. Тураҷонзодаҳо эълон доштанд, ки сулҳро мепазиранд, аммо бар ивази 3 шарт: Нахуст бекор кардани қарори Кумитаи дин дар бораи бастани масҷиди "Муҳаммадия", дуввум бекор кардани Баёнияи "туҳматбарангези" Шӯрои уламои кишвар, ки хонаводаи Турҷонзодаҳоро ба шиагароӣ мутаҳҳам мекард ва севвум баргузор кардани ҷаласаи дигари Шӯрои уламо ва даъват кардани ин хонавода ба ин ҷаласа.

Дар ҷаласаи аввали додгоҳӣ ҷаноби Абдулқодирзода низ эълон дошт, ки моил аст, шартҳои Тураҷонзодаҳоро ба баррасӣ бигирад ва дар мавриди сулҳ бастан низ бо аъзои дигари Шӯро машварат кунад.

Аммо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо мисли ҷаласаи қаблии додгоҳӣ ин бор ҳам аз шарҳи назароти худ дар ҳузури рӯзноманигорон худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки ҳама чиз хуб аст.

Ёдовар мешавем, баҳси хонаводаи Тураҷонзодаҳо, аз маъруфтарин хонаводаи рӯҳонии кишвар дар авоили моҳи декабри соли гузашта шӯруъ гардид. Шӯрои уламои кишвар бо паҳн кардани як баёния ин хонаводаро шиагаро унвон кард ва ҳам Кумитаи дини кишвар бо як қарор дар асоси қонунҳои Тоҷикистон фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия"-и мутааллиқ ба хонаводаи Тураҷонзодаҳоро дар ноҳияи Ваҳдат барои 3 моҳ мутаваққиф сохт.

Нахуст Шӯрои уламо ҳамроҳ бо Кумитаи дин ва Раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат аллайҳи Тураҷонзодаҳо шикоят бурданд. Ва додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳам Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Нуриддин Тураҷонзодаро дар таҳқири раиси Шӯрои уламо муҷрим шинохта, ҳар якеро ба 350 сомонии пардохти ҷарима водор карда буд.

Ин бор Тураҷонзодаҳо аллайҳи раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ муроҷиат карданд. Тураҷонзодаҳо даъво доранд, ки қарори Шӯрои уламо ҷаълӣ ё сохта буда, аксари аъзои ин Шӯро ба ҳангоми қабули Баёнияи мазкур ширкат надоштаанд.

Бо ин вуҷуд, феълан масҷиди Тураҷонзодаҳо баста аст ва эшон талош доранд қабл аз ба итмом расидани фурсати 3 моҳа масҷиди худро боз бубинанд.

Ёқуби Саид

 

Назарҳо  

 
+1 # рустам 12.02.2012 10:32
Чунин бахсхои кучаку ночо ки сабабаш шитобкори ва хадсу гумон аст,хатарзо буда,метавонад вахдату иттиходи мо точиконро халалдор намуда,чомеаро ба кутбхо чудо намояд.Набояд фаромуш кард,ки мо дар асри 21 зиндаги дорем,асри техналогияи навин,кашфи саерахо.Мо бошад бо гузашти 1400 соли таърихи ислом хануз хам бахс дорем,ки ое едбуди набераи паямбари худамонро ед кунем е на? Шармовар аст.
Танхо иттифоки кави арч гузоштан ба арзишхои динию мазхаби,эхтиром гузоштан ба акидахои хамдигар,тахаму лпазири метавонад дар замони бархурди фаргхангхо ва тамаддунхо,фишо ру тахдидхои беруна умуман аз хама гуна хатар моро рахо намуда ватанамонро ба як кишвари пешрафта табдил дихем.
Бисер мехостам раиси Шурои уламо бо ин хонадони бонуфуз сулх намуда аз суду судбози даст кашанд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

Мақолаҳо

  • 0
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
prev
next
News image

Нигоҳи каҷ

Сухан гуфтани каҷ зи бечорагист. (Фирдавсӣ) Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дарҷ шудани мақолаҳои бӯҳтономез дар ҳақи ходимони дини мубини ислом дар кишвар қариб ба ҳукми анъана даромадааст, аммо дар мақолаҳои дигар агар мавқеъ ва ақидаи рӯҳониёни мӯҳтарам мавриди интиқод қарор ...

Иҷтимоъ | Сешанбе, 15 Май 2012

News image

Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола

Ё вазифаи хонагӣ ба шаҳрдори нави Кӯлоб Рушду нумуъи кишвар бо назардошти пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру навоҳӣ ва манотиқи фарогираш тавассути ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ зарурати рушди мустақилонаи ҳудудҳои маъмуриро дар асоси усулҳои худидорию худкифоӣ ба миён меорад. Дар ин ...

Иҷтимоъ | Душанбе, 14 Май 2012

News image

Шаробхорӣ ва безории зиёиён аз арзишҳои миллӣ боиси ақибмондагӣ

Замоне миллали абарқудрат баъди бархурди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ барои тороҷи молу сарват ва паҳну парешон намудани забону фарҳанги хеш ба сарзаминҳои ғайр дарафтоданд ва ин миллатҳои заиф мавриди истисмору истифодаи эшон ва ҳомили забону фарҳангашон гаштанд. Кишварҳояшон ба ғорату тороҷ, ...

Миллат ва ислом | Якшанбе, 13 Май 2012

News image

Кабирӣ: Бубахшед, ҷаноби олӣ

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо эҳтироми самимонаи худро изҳор менамоям ва аз Худованд бароятон тансиҳатӣ ва сарбаландиро таманно дорам. Миллати мо имсол ҷашни 15-солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллиро бо ...

Сиёсат | Шанбе, 12 Май 2012

News image

Ҷанг гулчин мекунад

ё дӯсти барои абад ҷавон Эй он ки, пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,  Биншин ба рӯи хоки ман - ин орзуи ман!  Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,  Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.                                                                    (Амонбек  Шоҳзод) Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ...

Таърих | Шанбе, 12 Май 2012


— Designed by: UmedSharipov