Millat
19.05.2012
CITI-бонки Амрико чаро ҳисобҳои бонкии Тоҷикистонро баст?
08.02.2012 17:49   

13bank_1Бонкҳои Тоҷикистон барои анҷоми муомилот бо доллар маъмулан дар CITI - бонки Амрико суратҳисоб боз карда буданд, ки ахиран ин суратҳисобҳо масдуд шудаанд.

Аммо оё масдуд шудани суратҳисобҳои бонкҳои Тоҷикистон дар CITI-бонки Амрико ба мавзӯъи таҳримҳо алайҳи Эрон рабте дорад?

Маркази матуботи Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузориҳо баста шудани суратҳисобҳоро таъйид карда, сару садоҳо дар мавриди таҳти таҳрим қарор гирифтани бонкҳои Тоҷикистонро бепоя хондааст. Ин манбаъ иттилоъ додааст, ки воқеъан ҳисобҳои бонкии бархе аз Бонкҳои Тоҷикистон, ки дар CITI-бонки Амрико воқеъ будаанд, баста шудааст, аммо ин амр танҳо ба вазъи молии худи CITI-бонки Амрико бастагӣ дорад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз аз суратҳисобҳои бонкҳои Тоҷикистон боз ҳисобҳои бонкҳои бархе аз кишварҳои дигари ҷаҳон дар ин бонки Амрикоӣ масдуд шудаанд.

Ҳадс зада мешвад, ки CITI-бонки Амрико маъмулан бо бонкҳои кишварҳое ҳамкориро қатъ кардааст, ки муомилоти молиашон чандон бузург набудааст.

Ба гуфтаи намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, ин амр дар фаъолияти бонкии кишвар мушкиле эҷод нахоҳад кард, зеро бонкҳо тасмим гирифтаанд, ба зудӣ дар бонкҳои дигари Амрико суратҳисобҳои худро боз карда ва аз ин роҳ муомилоти молӣ тавассути долларро идома диҳанд.

Аммо як ҳафта пас аз пахши ин хабар, Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди боз намудани суратҳисобҳои ҷадид дар дигар бонкҳои Амрико изҳори беиттилоӣ мекунад.

Бо ин ки аз масдуд шудани суратҳисобҳои бонкии Тоҷикистон дар Амрико як ҳафта сипарӣ мешавад, як масъули Маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо "Миллат" гуфт, дар Амрико шумори бонкҳо хеле зиёд аст ва боз намудани суратҳисоб ҳеҷ мушкилие надорад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди боз намудани суратҳисобҳои ҷадид дар дигар бонкҳои Амрико изҳори беиттилоӣ мекунад.

 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

Мақолаҳо

  • 0
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
prev
next
News image

Нигоҳи каҷ

Сухан гуфтани каҷ зи бечорагист. (Фирдавсӣ) Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дарҷ шудани мақолаҳои бӯҳтономез дар ҳақи ходимони дини мубини ислом дар кишвар қариб ба ҳукми анъана даромадааст, аммо дар мақолаҳои дигар агар мавқеъ ва ақидаи рӯҳониёни мӯҳтарам мавриди интиқод қарор ...

Иҷтимоъ | Сешанбе, 15 Май 2012

News image

Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола

Ё вазифаи хонагӣ ба шаҳрдори нави Кӯлоб Рушду нумуъи кишвар бо назардошти пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру навоҳӣ ва манотиқи фарогираш тавассути ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ зарурати рушди мустақилонаи ҳудудҳои маъмуриро дар асоси усулҳои худидорию худкифоӣ ба миён меорад. Дар ин ...

Иҷтимоъ | Душанбе, 14 Май 2012

News image

Шаробхорӣ ва безории зиёиён аз арзишҳои миллӣ боиси ақибмондагӣ

Замоне миллали абарқудрат баъди бархурди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ барои тороҷи молу сарват ва паҳну парешон намудани забону фарҳанги хеш ба сарзаминҳои ғайр дарафтоданд ва ин миллатҳои заиф мавриди истисмору истифодаи эшон ва ҳомили забону фарҳангашон гаштанд. Кишварҳояшон ба ғорату тороҷ, ...

Миллат ва ислом | Якшанбе, 13 Май 2012

News image

Кабирӣ: Бубахшед, ҷаноби олӣ

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо эҳтироми самимонаи худро изҳор менамоям ва аз Худованд бароятон тансиҳатӣ ва сарбаландиро таманно дорам. Миллати мо имсол ҷашни 15-солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллиро бо ...

Сиёсат | Шанбе, 12 Май 2012

News image

Ҷанг гулчин мекунад

ё дӯсти барои абад ҷавон Эй он ки, пой монию ойӣ ба ҷӯи ман,  Биншин ба рӯи хоки ман - ин орзуи ман!  Армони ношикастаи ман санги гӯр шуд,  Акнун бишамм зи сабзаи гӯрам ту бӯи ман.                                                                    (Амонбек  Шоҳзод) Шодравон  Раҳмон… Дӯсти наздик, рафиқи ...

Таърих | Шанбе, 12 Май 2012


— Designed by: UmedSharipov