|
|
|
ДЭТ ва Омӯзишгоҳи касбии №9 Қӯрғонтеппа аз марказ бароварда мешаванд? |
|
|
Дар назар аст, ки Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон ба «Совхозтехникуми» хоҷагии ба номи Файзали Саидови ноҳияи Бохтар ва Омӯзишгоҳи касбиии техникии №9 шаҳри Қӯрғонтеппаро ба шаҳри Сарбанд мекӯчонанд.
Тағойбобо Шукуров, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки бинобар сол ба сол афзудани шумораи донишҷӯён ва факултаҳои навтаъсис норасоии синфхонаҳою дигар мушкилиҳо пеш меоянд. Бо дар назардошти талабот ба биноҳои нави таълимӣ дар ояндаи наздик ДЭТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Омӯзишгоҳи касбии техникии №9 ин шаҳр ба дигар ҷой кӯчонида шуда, биноҳои он ба мувозинати ДДҚ дода мешавад. Ба гуфтаи Тағойбобо Шукуров айни замон дар ин Донишгоҳ 11 ҳазору 794 донишҷӯ таҳсил доранд. Вобаста ба талаботи вилоят ва кишвар ба мутахассисон сол то сол теъдоди факултаҳои донишгоҳи мазкур зиёд шуда, ҳамзамон шумораи донишҷӯён низ зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, Исоев Диловаршоҳ, ноиби ректори ДЭТ-и шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медорад, ки Донишгоҳи мазкур дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Хатлон ба расмият шинохта шудааст. Мо барои ба дигар ҷой кӯчонидани донишгоҳ танҳо Қарори ҳукумати ҶТ-ро интизор мешавем. Оид ба пайдо шудани мушкилот дар сурати кӯчонидани ДЭТ Диловаршоҳ Исоев мегӯяд: 80 дар сади донишҷӯёни мо сокинони ҳамин минтақа мебошанд, ки ба марказ омаданашон осонтар аст, назар ба ин ки аз маркази вилоят маблағи иловагӣ сарф карда ба ноҳияи Бохтар бираванд. Зеро хароҷоти ҳаррӯзаи омӯзгорону донишҷӯён барои рафту омад дар хатсайри шаҳри Қӯрғонеппа- Бохтар 6-7 сомониро ташкил медиҳад. Пӯшида нест, ки дар сурати кӯчонидани ДЭТ ба ноҳияи Бохтар баъзе омӯзгорони мо тарки кори омӯзгорӣ кунанд, - мегӯяд ӯ. Алъон як гурӯҳи корӣ аз Вазорати энергетикии Тоҷикистон омада, вазъияти кӯчонидани донишгоҳи моро омӯхта истодаанд. Гуфта мешавад, ки барои ба талаботи оддии Донишгоҳ мувофиқ кардани биноҳои «Совхозтехникуми» ноҳияи Бохтар 16-17 миллион сомонӣ зарур аст. Бинобар маълумоти бадастомада, аз соли таъсисёбии ДЭТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа саҳмгузорони он беш аз 1 миллион сомонӣ барои таъмиру барқарорсозии бинои имрӯзаи он кардаанд. Дилбар Солиева, -директори Омӯзишгоҳи касбии техникии №9 шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки аз кӯчонидани ин омӯзишгоҳ ба бинои Омӯзишгоҳи касбии техникии Сарбанд хабари расмӣ наомадааст. Аммо дар сурати кӯчонидани ин омӯзишгоҳ ба шаҳри Сарбанд мо баъзе омӯзгорону донишҷӯёни худро аз даст медиҳем, ки хоҳони ба Сарбанд рафтан надоранд.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН
|
Назари худро нависед
|
Тақвим
|
|
Назарҳо
Навори RSS барои назарҳо.