|
|
|
"МегаФон" варзишгаронро бо алоқаи босифат таъмин кард |
|
|
Ширкат ба ҳайси шарики мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ва муҳорибаи омехта барои ҷоми "Исмоили Сомонӣ" баромад кард.
Дар муосибиқа 11 нафар мубориз таҳти раҳбарии президенти Федератсияи самбои муҳорибавии Русия Алексей Малов ширкат варзиданд. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон варзишгарони номие, назири Шоҳин Сафаров, Хуршед Раҷабов, Баҳодур Раҷабов, Восеъ Юсупов шомил буданд. Ба ҳайси ровии мусобиқа ровии машҳур Александр Загорский даъват шуда буд. Варзишгарон дар ҳамаи муҳорибаҳо тамошобинонро бо ҳунари худ мафтун карда буданд. Яке аз муҳорибаҳои хотирмон мусобиқа миёни Фаррух бо Сергей Вербитский буд, ки сарфи назар аз осори захм бар рухсораи ҳар ду варзишгар, муҳорибаро то охир бурданд. Мусобиқаи миёни ин ду варзишгар бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Шарики мусобиқаи байналмилалӣ ширкати "МегаФон" буд. Ин ширкат барои варзишгарон симкорт тақдим кард, аз он ҷумла барои ширкатдорони мусобиқа, ки аз Русия ташриф оварда буданд. Бо лутфи иртиботи қобили эътимод аз "МегаФон" варзишгарон тавонистанд, ки бардоштҳои худро бо пайвандонашон аз масофаи ҳазорон километр қисмат кунанд. "Самбои муҳорибавӣ - ин варзишест, ки дар фарҳанги Русия ва Тоҷикистон мақоми вижа касб кардааст, - мегӯяд раҳбари хадамоти маркетинги ширкати "МегаФон" Ҷамшед Бобоалиев. Мусобиқаҳои ба ин монанд дар муттаҳидшавии кишварҳои мо кумак мекунанд. Ба ин далел, вақте ба мо пешниҳод карданд, ки ба ин мусобиқа шарик шавем, мо бидуни истиҳола розӣ шудем". Барандагони мусобиқа ба унвони ҳадя аз ширкати "МегаФон" нетбук (рӯзонуҳо)-и баландтекноложиро ба даст оварданд. Ҳамакнун, ҳатто ба дур аз манзил, дар мусобиқаҳо, онҳо метавонанд ҳамеша дар иртибот бошанд.
МегаФон - оянда аз ту вобаста аст! |
Назари худро нависед
|
Тақвим
|
|