|
|
|
Раиси Шаҳритӯс: Ман гунаҳкор! |
|
|
Ҷумъахон Сафаров, раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс бо баргузории як нишасти матуботӣ дар ҳузури хабарнигорон иқрор кард: «Камбудиҳое, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Шаҳритӯс баён гардид, камбудиҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия набуд, ин камбудии шахсии ман буд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ҳамаи он камбудиҳое, ки Президент зикр карданд дар фаъолияти роҳбарии ман ҷой дошт. Воқеан ҳам камбудиҳои ҷиддӣ буд. Аз ҷумла хешутаборчигӣ ин иштибоҳ аз ҷониби ман рух дода буд ва баъд аз ҷаласа баргаштан, ман ҳамаи он нафаронеро, ки аз паси ман омада буданд, аз вазифаҳо озод намуда, бозпас фиристодамашон.
Ҳамчунин нафаронеро, ки аз мақомоти корҳои дохилӣ дар бинои ҳукумат навбатдорӣ мекарданд, аз ин кор озод кардем. Зеро қаблан чунин як шартнома миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс ва ШКД-и ноҳия буд, ки акнун мо ин шартномаро бекор кардем». Раиси Шаҳритӯс Ҷумахон Сафаров иброз дошт, ки дастуру супоришҳои Президенти кишварро дар сухан не, дар амал иҷро намудан вазифаи мо аст. Ӯ афзуд: «Аз ҷумла таъкидҳои роҳбари давлат оид ба истиқболу гусели Президент зимни сафарҳояшро мо дар сухан не, амалан иҷро мекунем. Агар ин дафъа сафари Президент ба ноҳияи Шаҳритӯс вақти раисии ман пеш ояд, ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки Президентро бо дастоварду нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешвоз мегирем». Иқрор гуноҳро сабук мекунад,не?! |
Назари худро нависед
|
Тақвим
|
|
Назарҳо
Навори RSS барои назарҳо.