|
|
|
Пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ бурду бохтҳо дорад |
|
|
Файзали Фозилов Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки ба иттиҳоди гумрукӣ шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷиҳат арзиши молу маҳсулотро барои мо арзон мекунад. Аммо аз тарафи дигар баъди шомил шудан ба Иттиҳоди мазкур як миқдор ҳаҷми маблағҳое, ки аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ба буҷети Тоҷикистон ворид мешавад, бояд ба буҷети Иттиҳод ворид шавад.
Мутахассисони соҳаи гумрукии Хатлон иброз медоранд, ки ҳарчанд алъон дар мавзӯи шомилшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ сӯҳбат кардан барвақт аст. Зеро то ягон кишвари ҳамсарҳади мо шомили Иттиҳоди мазкур нашавад, мо ба ин Иттиҳод ворид шуда наметавонем. Аммо дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар умум ба манфиати Тоҷикистон аст. Зеро боҷи гумрукӣ барои ворид кардани тамоми маҳсулоти кишварҳои аъзо бардошта мешавад. Ба хусус орду маводи сӯзишворӣ, ки аз Қазоқистону Русия ба мо ворид мешавад. Аммо дар умум ин масъала дар сатҳи байни давлатҳо матраҳ мешавад, аз ин рӯ тамоми паҳлуҳои ин масъаларо дар сатҳи давлатӣ баррасӣ мекунанд. Ва ин мавзӯест, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳокима шавад. Алъон паҳлуҳои мусбату манфии масъалаи ба узви Иттиҳоди гумрукӣ дохил шудани Тоҷикистонро вазорату идораҳои марбутаи сатҳи давлатҳо омӯхта истодаанд. Бинобар гуфтаи сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, Фозилов Файзалӣ дар соли 2011ба қисми даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз тарафи раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 151 миллиону 768 784 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ирсол шудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 33,9 миллион сомонӣ ё баробари 28,7% зиёд мебошад. Ҳафтае 40-45 хатсайри ҳавоӣ аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ ҳарчанд як муддат фурудгоҳ ва роҳи оҳани минтақаи Қӯрғонтеппа фаъол ҳам набошад, аммо дар сатҳи вилоят нишондиҳандаҳои гумрукӣ нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. |
Назари худро нависед
|
Тақвим
|
|
Назарҳо
Навори RSS барои назарҳо.