Хабар

Мулло Умар дар наздикии як пойгоҳи Амрико дар Зобул зиндагӣ мекард!? 12.03.2019 13:12 Мулло Умар дар наздикии як пойгоҳи Амрико дар Зобул зиндагӣ мекард!?
Толибон бо таъйиди ёфтаҳои як пажӯҳишгари ҳоландӣ, ки дар китоб ҷадидаш дар мавриди зиндагии мулло Умар интишор кардааст, мегӯянд, ки вай то охирин рӯзи зиндагиаш дар наздикии як пойгоҳ амрикойиҳо дар Зобули ....

Ҷудокори тоҷик дар Гран-прии Марокаш медали биринҷӣ ба даст овард 12.03.2019 09:19
Темур Раҳимов паҳлавони тоҷик дар Гран-прии Марокаш дар риштаи ҷудо дар вазни беш аз 100 кило сазовори медали биринҷӣ шуд. Бар асоси иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз 8 то 10 марти соли ҷорӣ дар Марокаш баргузор шуда, дар он 440 варзишгар бо шумули 3 паҳлавони тоҷикистонӣ ширкат пазируфтанд. Ин ....
Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот роҳандозӣ мешавад 12.03.2019 08:59
Аз 16  то 20  марти  соли ҷорӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи  ҷашни байналмилалии Наврӯз  ташкил карда мешаванд. Тавре  аз  ....
107-умин солгарди таъсиси матбуъот дар Тоҷикистон таҷлил мешавад 11.03.2019 15:12
Бино ба иттилоъи раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, имрӯз соъати 16:00 маросиме ба муносибати як саду ҳафтумин солгарди таъсис матбуъоти Тоҷикистон дар театри давлатии “Абулқосим Лоҳутӣ” баргузор мешавад. Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар ин нишаст ширкат ва суханронии намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ТВ ва радио, раёсати ....
Сафири ҷадиди Амрико вориди Душанбе шуд 11.03.2019 13:21
Бино ба иттилоъи сайти расмии сафорати Амрико дар Душанбе, сафири ба тозагӣ мансубшудаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм имрӯз вориди Душанбе шуд. Поммершайм дар торихи 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Вашингтон савганд ёд кард. Номзадии дипломати собиқадор ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябри соли гузашта пешниҳод гардида ....
Фармон дар бораи даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ барои баҳори соли 2019 ба имзо расид 11.03.2019 11:28
Имрӯз фармон дар бораи рухсат додани хидматчиёни низомие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати онҳо тамом ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар содир гардид. Дар фармони раиси ҷумҳур аз ҷумла омадааст: “хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 аз ....
Боздиди намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Покистон 11.03.2019 10:00
Як ҳайате аз намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба ба Покистон сафар карданд. Боздид аз ду шаҳри бузургтарини нассоҷӣ, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои маъруфтарини нассоҷиву дӯзандагӣ ва иттиҳодияву донишгоҳҳои соҳавӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ – ин ҳама ҷузве аз барномаи сафари ҳафтаинаи ҳайъати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ....
Донишмандон асрори муҳимми хобро кашф карданд 11.03.2019 09:31
Донишмандон кашф карданд, ки хоб боиси коҳиш ДНК-и анбошта (пур)шуда дар мағз дар тӯли фаъолияти рӯзона мешавад.    Дар тайи миллионҳо сол давраи такомул, ҳама мавҷудоти бо системи асабӣ, аз ҷумла магас ва кирмҳо ба хоб ниёз доштанд. Ба таври шигифтангезе далели инки чаро ҳайвонот бо вуҷуди таҳдиди доимии шикорчиён мехобанд, ....
Боздошти Лайливу Маҷнуни замон дар Эрон 11.03.2019 08:42
Дар Эрон ду ошиқ ҳини номзадӣ дар маҳзари ом дастгир шуданд. Ба гузориши сайти Gazeta.ru, вақте ки ҷавон дар ҳузури як теъдоди зиёде аз муштариёни маркази тиҷоратӣ ба духтархонуми маҳбубаш дархости арӯсӣ намуд ва ангуштари номзадӣ ба дасташ кард, ҳар ду тавассути пулис мавриди боздошт қарор гирифтанд. Видеои ин рӯйдод низ дар ....
CERN бо донишманди “зидди зан” ҳамкориро қатъ кард 09.03.2019 11:29
Созмон аврупойи пажӯҳишҳои ҳастаӣ (CERN) эълом карда, ки дигар бо яке аз донишмандони ин марказ ҳамкорӣ намекунад, чаро, ки ӯ гуфта мӯътақид аст занон камтар аз мардон дар илми физика тавоноӣ доранд.    CERN, ки бузургтарин озмоишгоҳи физикаи зарраии ҷаҳон аст, тасмим гирифта, ки дигар ҳамкорӣ бо профессор Алессандро Астромияро ба ....
Калисои католики Олмон хостори ҳузури занон дар сатҳи раҳбарӣ шуд 09.03.2019 09:53
Расвойи озори ҷинсии кӯдакон дар миёни кашишҳои (рӯҳониён) калисои католик, зарурати қудрат гирифтани занон дар ин калисоро беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор додаст. Болотарин мақоми рӯҳонии Олмон хоҳони баробарии занон ва мардон дар умури калисо шуд. Садои касоне, ки мӯътақиданд идораи умури қудсии калисои католик бояд ба занон кушода шавад ....
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97