Сурати Насрин Сутуда бар девори сохтмони Шӯрои миллии конуни вакилони Фаронса насб шуд 29.03.2019 12:13
Тасвири бузурге аз Насрин Сутуда рӯзи 28 март бар девори сохтмониШӯрои миллии конуни вакилони Фаронса дар Париж насб шуд.
Порлумони Аврупо истифодаи зарфҳои пластикиро манъ кард 28.03.2019 17:45
Порлумони Аврупо лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он сар аз соли 2021 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пластикии якбормасраф манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи порлумони Аврупо хабар дод. Ба иттилои Комисияи Аврупо, 85 дарсади партови уқёнусҳо аз пластик иборат аст. Нисфе аз ин маҳсулоти пластик ....
"Ҷоми Пойтахт-2019" барои пойгаи аспдавонӣ 28.03.2019 16:20
30-юми марти соли ҷорӣ соати 15:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти “Ҷоми Пойтахт-2019” баргузор мешавад.
Ҷоизаи ҷаҳонии фаъоли ҳуқуқи башар насиби як бонуи хабарнигор аз Афғонистон шуд 28.03.2019 15:59
Шакило Иброҳимхел, хабарнигори варзида ва пурталоши Афғонистон Ҷоизаи ҷаҳонии фаъоли ҳуқуқи башарро дарёфт кард.
Тавҳини Вазири ҳуқуқи башари Покистон ба сафири Амрико дар Кобул 28.03.2019 14:42
Ширин Мазорӣ, вазири ҳуқуқи башари Покистон Ҷон Бос, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Кобулро фарди ”қад кӯтоҳ ва нодон“ тавсиф кардааст. Дар ин бора хабаргузории Хома –пресси Афғонистон хабар додааст.
Кушта шудани як зан дар шаҳри Бӯстон 28.03.2019 13:58
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар, рӯзи 27-уми марти соли 2019, тахминан соати 08:20-дақиқа, дар назди партовгоҳи маҳаллаи Рӯдакии шаҳри Бӯстон ҷасади зани 38-солаи сокини ин шаҳр пайдо шудааст.
Амрико пахтаи Узбекистонро аз таҳрим озод кард 28.03.2019 13:51
Иёлоти муттаҳидаи Амрико пунба ё пахтаи Узбекистонро аз феҳристи маҳсулоти таҳримшуда берун кард.
Шоҳҷоизаи наврӯзиро Темур Раҳимов гирифт 22.03.2019 06:48
Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 20-уми март дар шаҳри Норак баргузор шуд, дар вазни мутлақ ғолиб омад ва шоҳҷоиза (автомобил) – ро азони худ кард.
"Карнавал"-и наврӯзӣ дар Душанбе 21.03.2019 18:43
Корвони наврӯзӣ, ё “Карнавал” бо ширкати беш аз 20 ҳазор нафар барои бори аввал дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.
Милисае, ки занеро лату куб кард, бозпурсӣ шуд 21.03.2019 18:03
Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони латукӯби як зани зоҳиран гирифтори бемории равонӣ, бозпурсӣ мешавад. Навори латукӯби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаи "Фейсбук" нашр шуд.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97