Хабар

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои анҷоми 32 парвоз дар ҳафта ба тавофуқ расиданд 05.03.2019 13:18 Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои анҷоми 32 парвоз дар ҳафта ба тавофуқ расиданд
Масъулони ширкатҳои миллии ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон дар поёни музокироти дуҷониба дар Душанбе дар заминаи афзоиши парвозҳои ҳафтаии байни ду кишвар аз 18 парвози феълӣ ба 32 маврид ба тавофуқ расиданд. Ба гузориши сомонаи ....

Ёдгор Файзов раиси вилояти Бадахшон интихоб гардид 05.03.2019 09:02
Ёдгор Файзов, ки то кунун иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти худмухтори Бадахшон маҳсуб мешуд, раиси вилоят интихоб карда шуд. Бар асоси суханони Ғолиб Ниятбеков сухангӯи мақомоти иҷроияи ВМКБ, намояндагони халқи вилоят аз пешниҳоди раиси ҷумҳур барои ба мақоми раиси ВМКБ таъин намудани Ёдгор Файзов ҷонибдорӣ карданд. Ниятбеков дар идома афзуд: номзадии Файзов Ёдгор ....
Се узви дар гузашта калидии Ҳукумат аз мақом барканор шуданд 05.03.2019 08:40
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта шуморе аз мақомҳои собиқадори ҳукуматро ба сабаби ба нафақа баромад аз мақомҳояшон барканор кард. ​Бо фармони раиси ҷумҳур Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амният ва Шералӣ Хайруллоев ёвари раиси ҷумҳур дар робита ба масоили амнияти миллӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ҳамчунин бар тибқи як фармони дигари ....
Камшунавоӣ эҳтимоли мубтало шудан ба фаромушхотириро зиёд мекунад 04.03.2019 13:14
Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад, ки камшунавоӣ фишори зиёде ба мағз ворид мекунад, фаъолиятҳои табиъии онро халалдор мекунад ва бемориҳое аз ҷумла афсурдагӣ ва дементсияро ба вуҷуд меоварад. Шунавойисанҷӣ як бор дар сол барои пешгирӣ аз ин мараз ба фоидаи кор аст. Ношунавоӣ ё камшунавоӣ маъмулан ҷузви бемориҳое ҳастанд, ки одамҳо дар ....
Донишгоҳи Кобул дар баробари 20 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт 04.03.2019 10:07
Донишгоҳи Кобул дар даври нахусти рақобатҳои Бунёди “Hult Prize”  дар миёни 1500 донишгоҳи ҷаҳон дар гурӯҳи 20 беҳтарин донишгоҳи ҷаҳон шомил шуд. Бунёди “Hult Prize” ҳамасола чолишҳои доғи ҷаҳониро дар байни донишҷӯён ба рақобати гузашта бо истифода аз идеяҳо ва мафкураҳои халлоқи донишҷӯён роҳҳои ҳалли муносиб барои он пайдо менамояд. Чолиши 2019-и ....
Маркази миллии тестӣ сабти довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои давлатиро оғоз кард 04.03.2019 08:55
Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 (ИМД-2019) оғоз кард. Дар ин хусус  ба хабаргузории «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ ....
535 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтанд 04.03.2019 08:28
Раиси ҷумҳури Қирғизистон фармони қабули шаҳрвандии ин кишвар барои 884 нафар аз шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳоро ба имзо расонд, ки 535 нафар аз онон зодагони Тоҷикистон мебошанд. Гуфта мешавад, ки аксари ин афрод қирғизтаборҳои сокини ноҳияҳои Лахш, Мурғоб ва Исфара ҳастанд, ки ба тобеъияти кишвари ҳамсоя даромадаанд. Ин афрод чанд соле аст, ки ....
Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон оғоз шуд 02.03.2019 09:37
Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмиллалӣ"-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумхурии Қазоқистонро оғоз кард. Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмиллалӣ"-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии ....
Таътили тӯлонии сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 02.03.2019 09:15
Имсол дар моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистонро дар арафаи идҳои Модарон ва Наврӯз истироҳатҳои доманадор интизор аст. Дар моҳи март сокинони кишвар истироҳати зиёд хоҳанд кард. Ба унвони мисол, Рӯзи модарон имсол ба рӯзи ҷумъа рост меафтад, ки мардум се рӯз пай дар пай метавонанд истироҳат кунанд. Инчунин аз 21 то 24 март ....
Толибон бар як пойгоҳи низомӣ дар Ҳилманд ҳамла карданд 01.03.2019 13:53
Гурӯҳи Толибон шаби гузашта аз чанд самт болои пойгоҳи Шӯроб дар вилояти Ҳилманд ҳамла анҷом доданд. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 12 нафар аз Толибон даст доштанд, ки аз миёни онон чаҳор нафаршон кушта шуданд ва ҳамлагарони дигар дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Толибон низ дар паёме масъулияти ....
Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таъсис мешавад 01.03.2019 12:45
Ҳукумати Тоҷикистон азм кардааст, ки як минтақаи озоди иқтисодии дигар дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб эҷод кунад. Бар тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи  таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Минтақаи озоди ....
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97