Millat
19.05.2012
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода: «То зинда ҳастам, суханамро мегӯям»
04.11.2011 09:59   

Hoji_TURAjonzoDa_AkbarШаби 23 октябр дар корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат, ки он ба сиёсатмадор ва рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода мутааллиқ аст, сӯхтор ба амал омад . Ин сӯхтор боиси сару садои зиёде дар ҷомеа гардид. Барои пайдо кардани воқеъият хабарнигори «Миллат» ба суроғи ӯ рафт.

Агар ба ман қасд гирифтаанд, пас ин як фоҷеъа аст

-Ҷаноби Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, як ҳафта қабл корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат, ки молики он Шумо ҳастед, оташ гирифт, ки ин ҳодиса дар сархати матбуоти мустақили Тоҷикистон ва расонаҳои хориҷӣ қарор дошт. Мехоҳам бипурсам, ки қазияи он оташсӯзӣ то куҷо таҳқиқ шуда, мақомот чӣ мегӯянд, худи Шумо ба кадом хулоса расидед?

- Ба ин савол ҷавоб гуфтан хеле душвор аст, чунки то ҳоло таҳқиқи ҳодисаи сӯхтори корхонаи мо идома дорад. Мо ҳам наметавонем аз касе мушаххасан гумонбар бошем, чунки ҳанӯз ҳеч далелу ҳуҷҷате дар даст надорем. Мо барои худ касеро душман намеҳисобем, ба касе ҳам душманӣ надорем. Барои ҳамин воқеъан ба ман хеле душвор аст, ҳатто тахминан бигӯям кӣ ва ба чӣ хотир ба чунин як кори нангин даст задааст. Агарчанде медонам, мухолифони мо зиёд ҳастанд ва ҳастанд касоне, ки бо сабабҳои зиёд бо мо бадбиниву мухолифат доранд, лекин боз ҳам намехоҳам бовар кунам, ки мухолифатҳо ба ҳамин натиҷа оварда расонанд ва чунин пайёмад дошта бошанд. Бовар намекунам, ки мухолифатҳои фикрӣ, сиёсӣ, динӣ ва идеологӣ ба расонидани чунин як зиёни молӣ ва идорӣ бикашанд. Агар ин гумон дуруст бошад, пас ин як фоҷеъа аст. Ва агар ҳамин гуна кор идома ёбад ва ҳар кас мухолифони идеологӣ ва фикрии хешро ҳамин хел муҷозот кунад, ин як кори бад аст, як фоҷеъа аст барои ҷомеъаи мо. Аз ин хотир ман ҳатто намехоҳам тасаввур кунам, ки кор ба ин ҳадд расидааст.

Мақомот мегӯяд, ки корхонаро сӯзондаанд

-Ва Шумо ба ҳамин андеша ҳастед, ки ин ҳодиса ҳадафмандона анҷом шуда ва ин кор қасдан содир шудааст, ҳамин тавр?

- Аз он ки ин сӯхтор амдӣ буд, дониста ин кор анҷом шудааст, инро далелу ҳуҷҷатҳо тасдиқ мекунанд. Худи мутахассисону коршиносони соҳаи сӯхторнишонӣ ба мо гуфтанд, ки чунин аст. Ҳамон як қисмати болоии он зарфи бензингирӣ (бақлашка) боқӣ мондааст, ки аз назди бастаҳои нимсӯхтаи пахтаҳо ёфтаанд. Дуюм хусусияти бастаҳои пахта ин аст, ки онҳо бо андак оташ намесӯзанд, хусусан дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқӣ сӯхтани бастаи пахтаҳо, ки бисёр сӯхторҳоро аз расиши симҳои барқ медонанд, номумкин аст. Ҳар коршиносу мутахассисе меоранд ё меояд, ман аз баҳри боз як бастаи пахта мегузарам то таҷриба бикунанд, натиҷа ҳамин хоҳад шуд, ки бо расиши ноқилҳои барқ бастаҳои пахта намесӯзанд, дуд бароварда ва сияҳсӯз шуданаш мумкин, вале барои шӯъла задану сӯхтани он ҳаво лозим аст. Ин бастаҳои пахтаро бо ҳашт атмосфера ҳаво кип мекунанд, зер мекунанд ва мебанданд, ки ҳеч дар дохилашон ҳаво нест. Ин ҳарфи ман нест, ин натиҷаи таҳқиқу тафтиши идораи сӯхторнишонӣ ва кормандони умури дохилаи ноҳия аст.

-Ин ҳодиса кадом вақти рӯз сар зад ва оё корхонаи Шумо нигаҳбон надорад?

- Сӯхтор соати 2. 45- и шаб рух додааст. Корхона шаш нафар нигаҳбон дорад, ки шабу рӯз дар посбонӣ ҳастанд. Мо кӯшиш мекардем, ки пеши роҳи дуздиро бигирем. Ин бастаҳои пахта ҳар яке 220- 230 кило вазн доранд ва онҳоро имкони дуздидан ҳам нест. Ҳоло дар Тоҷикистони мо одаме ёфт намешавад, ки 220 кило борро сари китф карда бардошта биравад. Аз ин ҷиҳат мо хотирҷамъ будем. Дигар ин ки сохтмони анбори нигаҳдории бастаи пахтаҳо сирф аз оҳан аст. Ва ноқилҳои барқ ҳам он ҷо вуҷуд надорад, ки бигӯем сабабгори сӯхтор ба ҳам соиш хӯрдани симҳои барқ будааст. Дар ду маконе, ки бастаи пахтаҳо буд, дар як ҷо 250 кип ва дар ҷои дигар 350 кип яку якбора, дар як вақт сӯхтор ба амал омадааст, ки ин хеле аҷиб аст. Ду ҷое, ки фосилаи байнашон 9 метр аст. Мутаассифона он ҳодиса рух дод, коргоҳи моро сӯзонданд ва то имрӯз кормандони завод дар пайи бартараф кардани асари он сӯхторанд. Аз ҷиҳати молӣ воқеъан мо хисороти калон дидем.

Ба хотири ободии ҷомеъа аз камбудиҳо хоҳам гуфт

ӣ қадар зиёни молӣ дидед?

- Дақиқ ҳозир гуфтан наметавонам, вале аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зиёни мо бештар аз 25 ҳазор доллар аст. Шашсад баста- тойи пахта то як- ду сантиметр ҳар кадомашон сӯхтаанд.

-Њадс зада мешавад, ки ошкоргӯии Шумо, мавзеъгириҳои Шумо дар муқобили баъзе иқдомоту қарорҳои ҳукумат ва интиқоде, ки Шумо аз ҳукумату ҳукуматдорон мекунед, оқибат Шуморо ба ин мушкил гирифтор кард? Њамин тавр аст?

- Баъзе дӯстон ва ҳам бародаронам низ ба ман чунин мегӯянд, ки ин натиҷаи мусоҳибаҳои Шумо дар расонаҳои мустақил ва мавқеъгириҳои сиёсиатон аст. Посухи ман ин аст, ки то зинда ҳастам, суханамро нотарсида иброз медорам ва беҳарос аз камбудиҳои ҷомеъа мегӯям. На ба хотири манофеъи шахсиам ва обрӯи бештар касб кардан, балки ба хотири он ки камбудиҳо бартараф шаванд ва зиндагии мардум хуб шавад. Ва мардум худро соҳиби кишвар эҳсос намоянд, интихоботҳо озоду шаффоф баргузор шаванд, адолат бошад ва агар камбудиҳои ҷомеъа ислоҳ бишаванд, метавон аз ҳар гуна инқилобе, ки эҳтимол дорад оянда сар бизанад, ҷилавгирӣ кард.

Хонавода ва бародаронам бо ман ҳамфикранд

-Оё барои Шумо дар хонаводаатон, ҳамсару фарзандонатон ва ҳам бародаронатон, ки шахсиятҳои шинохтаи динӣ дар кишвар ҳастанд, намегӯянд, ки маъруфият доред, молу пулу дороӣ доред, биёед, дар муқобили ҳукумат мавзеъгирӣ накунед ва болои худ ва хонавода мушкил эҷод накунед? Яъне ба истилоҳи тоҷикӣ тинҷу ором бигардед?

- Баъзе дӯстон бароям ин гуна суханҳо мегӯянд ва ба қавле насиҳатам мекунанд, вале аҳли хонавода ва бародаронам ба ман чунин ҳарфҳо намегӯянд. Чунки шукри Худо ҳама ашхоси огоҳу фаҳмида ҳастанд. Медонанд, ки ин масъулияти мост, масъулияти ҳар як мусалмон бояд ин гуна бошад. Гуфтани камбудиву иштибоҳот ва нуқсони ҷомеъа ва ҳатто гуфтани камбуди як бародари мусалмон масъулиятест, ки Худованд болои ҳар яки мо гузоштааст. Манофеъи мардум ва ҷомеъа бояд болотар аз манфиатҳои шахсӣ бошад. Аз ҳамин хотир бародарону пайвандонам то имрӯз ба ман нагуфтаанд, ки ин гуна мавзеъгирӣ накун ва ё нагуфтаанд, ки дар қиболи камбудиҳои ҷомеъа хомӯш бош.

Роҳи ҳақталошӣ ҳамвор нест; зиндонӣ мешавӣ ва чӯбат мезананд

-Ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро Шумо ва хонаводаи Шумо чунинед, мисли дигар хонаводаҳои мазҳабии Тоҷикистон нестед?

- Мо дар мактаби имону Ислом тарбия ёфтаем. Роҳи мо, фаҳмиши мо "Ад- дину ан- насиҳат" аст. Бубинед, ин ҷо пеши ман китоби Қуръон аст. Биёед назар мекунем ба сураи Аср, ки он се оя аст ва шумо ҳам онро медонед:

"Қасам ба замон. Ки инсон ҳамеша дар зиён аст. Магар онон, ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон доранд, амалҳои шойиста кардаанд, зулм намекунанд, адолатро риоя мекунанд ва якдигарро ба корҳои ҳақ ташвиқ ва васият мекунанд, дар мусибат ва сахтиҳо сабру шикебоиро пеша мекунанд." Ин як тарҷумаи таҳтуллафзӣ аст. Вале маънии ин ояҳо як ҷаҳон панд аст. Дар роҳи ҳақталошӣ болои одам мусибату сахтиҳо меояд, ҳақталошу адолатхоҳро зиндонӣ мекунанд, чӯбу дубинка мезананд, мисли Имоми Аъзам шаттаву шалоқат мезананд ва бояд сабр кард. Роҳи ҳақталошӣ осону ҳамвор нест. Амри маъруфу наҳйи мункар низ як сифати мӯъмин аст. Мо мусалмонон бояд ҳар кадом ба қадри донишамон амри маъруфу наҳйи мункар бикунем. Албатта олимон бештар, вале ҳама бояд ин корро бикунем. Ин вазифаи ҳар як мусалмон аст. Камбудиро бояд бигӯем, некиҳоро бояд қайд кунем. Ҳар кас бихоҳад ё кӯшиш кунад, ки маро аз сулукам мунҳариф бисозад, як кори беҳуда аст. Ман аз роҳам намегардам. Ман ҳамин гуна тарбия ёфтаам, ҳамин гуна ақида дорам ва ба ақидаам бовар дорам. Ва аҷру савоби корамро аз Худо умедворам.

Касе корхонаамро сӯхт, Худо ҷазояшро диҳад!

Hoji_TURAjonzoDa_Akbar_02-Дар ҳаққи оне ё онҳое, ки корхонаи Шуморо сӯзонданд ва ба Шумо, ба соҳибони он бастаи пахтаҳо, ба кормандонатон хисороти молӣ ворид карданд, чӣ мегӯед? Дар ҳаққашон дуъои бад кардед?

- Бубинед, ин ҷо мардум зарар надидааст, онҳое, ки пахтаашонро ба корхонаи мо оварданд, пулашонро пардохт кардаем, давлат ҳам ҳеч зиёне надидааст. Мо молиёти давлатро сари вақт пардохт мекунем. Ҳарчӣ зиён омад, болои ман омад. Касе ба ман ин зулмро раво дид, ин ҷабрро болои ман овард аз Худо мехоҳам, ки ҷазояш диҳад, иқобаш кунад. Аввалан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунам, ки ҳамчун шаҳрванди кишвар ва андозсупоранда ҳуқуқҳои маро ҳимоя бикунанд. Агар инҳо ҳаққи маро ҳимоя накунанд, иншааллоҳ Худои маннон ҷазои ҳар бадкорро медиҳад.

-Агар Шумо иҷоза бидиҳед ман аз ин фурсати дастдода истифода карда мехоҳам як суъоли дигар ва берун аз ин мавзӯъ бароятон бидиҳам.

- Бифармоед, бипурсед аз ҳар мавзӯъ, ки бошад.

Мо аз Устод Раббонӣ гиламанд нестем

-Аз шаҳодати Устод Раббонӣ чиҳил рӯз сипарӣ мешавад. Марги ин сиёсатмадори тавоно ва роҳбари ҷиҳодӣ дунёро такон дод. Дар баъзе аз маҳофилу сӯҳбатҳои хосса гуфтанд, ки оқои Тураҷонзода аз Устод Раббонӣ малоли хотир доштаанд ва аз ҳамин рӯ ҳатто дар ҷанозаи эшон ширкат кардан нахостаанд. Оё ин рост аст?

- Не, ин дурӯғ аст. Ман сиёсатҳои Устод Раббониро ҳамон замони раисиҷумҳури Афғонистон буданашон танқид карда будам. Ман ба ӯ дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ мегуфтам, ки Шумо марди ҷиҳодед, раҳбари кишваред, як шахсияти бузурги дунёи Исломед, ин тавр намешавад, ки бо Чину Русия ва Ҳинд муносибати нек ва ҳамкорӣ дошта бошеду бо Покистон равобитатон сард бошад. Вақте Шумо бо Ҳинд, ки рақиби Покистон аст муносибати хуб мекунеду бо Покистон не, табиист, ки Исломобод меранҷад ва мавриди озору азият қарор мегиред. Ва ин ҳама ноамниву ҷангҳо, ки бар алайҳи шумо мешавад, беҳуда нестанд. Ман ин гапҳоро барояш мегуфтам. Мутаассифона Устод Раббонӣ бо Русия ва Ҳинд, ба ду кишваре, ки ба муқобилаш ҷангида буданд, эътимод дошт. Вале ин ҳама иҷтиҳодоти сиёсии Ӯ буд. Ман намедонистам паси парда чӣ мегузашт. Аҳмадшоҳи Масъуд, ки Худо раҳматаш кунад, ӯ низ ҳамин гуна мавқеъ дошт. Ман аз онҳо ранҷише ба дил надорам. Дар Теҳрон ду рӯз қабл аз шаҳодаташон шаби дароз сӯҳбат доштем. Ҳурмати эшон ҳамеша пеши мо ба ҷо буд.

-Ин ҷо манзури ман он аст, ки гӯё Устод Раббонӣ Шуморо, яъне раҳбарияти вақти Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷикро барои сулҳ кардан бо ҳукумати Тоҷикистон маҷбур сохта будааст.

- Шахсан маро маҷбур накарда буд, вале наҳзатро ва домулло Нуриро маҷбур карда буд. Инро ҷои пинҳон карданаш нест. На танҳо моро маҷбур ба сулҳ кард, балки Аҳмадшоҳ Худо раҳматаш кунад, шашсад тан размандаи моро халъи силоҳ намуд.

Чаро моро ба сулҳу созиш маҷбур мекарданд?

-Дар Толиқон нафарони Шумо халъи силоҳ шуданд?

- Не, дар марзи Шӯрообод, ки онҳо бояд ба ин сӯ мегузаштанд. Ризвонро ҳамчун нирӯи зидди мо пеши худ нигоҳ медоштанд. Ҳар қадар ба Масъуд мегуфтем, ки Ризвонро ба мо супор, зеро ӯ ҷинояткор аст ва бояд муҷозот шавад, вале ба ҳарфи мо гӯш накард. Ман бо устод Нурӣ ва домулло Ҳимматзода якҷо будем, ҳар қадар зораву тавалло кардем, Аҳмадшоҳ розӣ нашуд. Ман нафаҳмидам, ки чаро ӯ чунин мекард. Мо як фикр мекунем мегуфт, вале фикр намекард. Дар сӯҳбате, ки дар Теҳрон бо Устод Раббонӣ доштам, ман барояш ин чизҳоро ёд кардам.        

-Чаро Устоди шаҳид Раббонӣ ва Масъуд чунин карданд, яъне Иттиҳоди мухолифинро маҷбур мекарданд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳу созиш кунанд?

- Барои он ки Кобулро Толибон ишғол карданд, кишварҳои дунё равобиташонро бо ҳукумати Устод Раббонӣ қатъ карда буд. Ягона ҷои умед ва пуштибонӣ давлати Тоҷикистонро доштанд. Аз ин рӯ нохоста дигар вобаста шуда буданд. Ҳатто хонаводаҳояшон ин ҷо, дар Тоҷикистон паноҳ ёфта буд. Ва табиист, ки моро ба сулҳ кардан бо ҳукумати Тоҷикистон фишор меоварданд. Ман ҳамон вақт ба устод Нурӣ гуфтам, ки биёед ҳукумати Афғонистонро ҳам зери фишор намонем, аз Афғонистон берун шавем. Муҳоҷиронамонро он ҷо бигзорем, ҳеч вақт афғонҳо, ки мусалмонанд, ба онҳо хиёнат намекунанд. Вале раҳбарияти Иттиҳоди мухолифин ва нирӯҳои низомиамонро берун бикашем, яъне биёем ба Бадахшон ва водии Қаротегин. Дигар мо эҳтиёҷе ба Афғонистон надорем. Домулло Ҳимматзода дар ин масъала бо ман ҳамфикр буд.

Михаил Калинин ва Устод Раббонӣ

-Миёни Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ ихтилоф буд? Мегӯянд байни онҳо нофаҳмие рух дода будааст.

- Ихтилоф миёни панҷшериҳо ва бадахшиҳо дар соли 1993 буруз карда буд. Устод Раббонӣ як чеҳраи тавофуқӣ буд. Дар ҳамон вақтҳо аз миёни тоҷикон се- чор лидери шинохта буд. Амир Исмоилхон, Аҳмадшоҳи Масъуд ва генерал Наҷмддинхон, волии Бадахшон, ки баъдан шаҳид шуд. Инҳо ба якдигар итоат намекарданд. Устод Раббонӣ барои мо одами мӯҳтарам буд, мо Ӯро дӯст медоштем. Агар қадри намаки Ӯро надонем, кӯр мешавем. Аммо Устод бо вуҷуди бузургиашон содагиҳое дошт. Ман дар ин бора навиштанӣ будам, вале чун аз дунё рафтанд, дигар наменависам. Раҳбарии Устод Раббонӣ мисли раҳбарии Михаил Калинин дар замони Сталин буд, ки шумо медонед. Вақте Калининро раиси Президиуми Шӯрои Олии Шӯравӣ таъин карданд, ӯ гуфт, ки акнун ман нафари аввалам, Сталин гуфт, ки бале. Ва ба Сталин гуфт, ки шумо ҳам ба ман итоат мекунед, Сталин гуфт, албатта агар ба ҳарфи ман гӯш кунед. Пулу мол, корҳои танзимӣ дар ихтиёри волиҳову қумондонҳо буд, якдигарро гӯш намекарданд, бинобар ин як одами табаррук, як шайх, як мусалмони росткору шабзиндадоре чун Устод Раббониро раис карданду кори худро мекарданд. Вале як ҳамоҳангии ҷиддӣ ва итоати комил кардан аз пешво набуд. Ин як бадбахтии Афғонистон буд. Агар чунин намешуд, ҳеч гоҳ онҳо мағлуб намешуданд. Бубинед, вақте Ҳикматёр ё Дустум бар алайҳи Масъуд меҷангиданд, Амир Исмоилхон, ки имконоти зиёд дошт ва дар нӯҳ вилоят раҳбар буд, аслан кордор намешуд ва Масъудро кумак намекард. Намехостам ин ҳамаро бигӯям, вале ин як воқеъияти Афғонистон аст. Ман шахсан сад доллар аз Устод Рабонӣ кӯмак нагирифтаам, вале Устод мардуми моро нигоҳубин карданд, ёрии зиёди молӣ расониданд, ки мо аз заҳамоти эшон бисёр сипосгузорем.

Агар сиёсати дуруст бошад…

-Шумо мегуфтед, ки як шахсияти аз сиёсат дур ҳастед ва намехоҳед дар сиёсат бошед, вале ҳамеша дар меҳвари сиёсату воқеъоти муҳими ҷомеъа қарор мегиред. Чаро чунин аст?

- Вақте ман мегӯям, ки намехоҳам дар сиёсат бошам, ин ба он маънӣ аст, ки ман намехоҳам ягон мақоми сиёсиро соҳиб бошам. Лекин ягон фарди ҷомеъа, хоҳ мулло аст ё деҳқон, ё бозорнишину кӯчарӯб наметавонад аз сиёсат дур бошад, чунки сиёсат ба зиндагии ҳар кас таъсир дорад. Аз он ки ин пахтаи ман сӯхт, ба сиёсат вобаста аст, агар амният таъмин мебуд, тарс аз қонун мебуд шояд пахтаи маро намесӯхтанд. Агар сиёсат ва роҳбарӣ хуб мебуд, шояд як миллион одам дар муҳоҷирати корӣ намебуд ва дар мулкҳои бегона хору зор намегаштанд, кушта намешуданд. Шумо ҳам дар сиёсати кишвар дахл доред, ман ҳам ва дигарон ҳам. Мо ба сиёсат дахл накунем ҳам он ба мо дахолат мекунад. Бубинед, имрӯз дар тамоми деҳоти кишвар барқ нест.

- Корхонаи Шумо бо барқ таъмин аст?

- Ду рӯз барқ надоштем, имрӯз бо ҷанҷол бароямон барқ доданд.

-Аз истифодаи нирӯи барқ қарздор нестед?

- Шонздаҳ ҳазор сомонӣ идораи барқ аз ман қарздор аст, пешпардохт кардаам. Намедонам чӣ гап аст ва чаро барқ нест.  

-Ташаккур аз Шумо, барои ин сӯҳбати чун ҳамеша озоду ошкороятон.

- Худо шуморо ҳифз кунад!

Сӯҳбати Толибшоҳи Сайидзода

 

Назарҳо  

 
0 # 09.11.2011 14:06
Аз суханони Турачонзоад он чиз аён мегардад, ки у мухолифи сулхи точикон аст, тамом вассалом!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.11.2011 14:25
Посух ба Миша:
Аз суханони Турачонзоад он чиз аён мегардад, ки у мухолифи сулхи точикон аст, тамом вассалом!!!

Сулхе ки окибат фиребат кунан чаро рози бояд буд?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 10.11.2011 05:28
xair ustod agar az ixtilofi ustod marhum Rabboni,Ahmad shohi Masud va Ismoil khon suxan mekunad charo az ixtilofash bo ustod Nuri nameguyad.Chi mushkile bud baine inho ki badi bargash ba vatan zud vazifaro giriftu bar alaihi Ustod Nuri barxoct.Magar janobi Rahmon vadae caxte karda bud yo ki yagon hadafi digar dosht.Agar Turanjonzoda va Nuri itihod mebudand fikr mekunam dunyo va oxiratashon behtar mebud va tarafdoronashon ham metonistand bo sari baland zindagiro ba sar barand.Kasoni ki mujohid budand Nuri va Turajonzoda onhoro ba johodu muboriza davat mekardand imruzho dar zindonho xoband vale Turajonzoda dar fikri kipi paxta va jebpukini xudash ast va bori fikr namekunad ki hamin boigariash az kujo paido shud.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 11.11.2011 01:13
salom xonandagon . az hazrati eshoni turajon in savolro kardaniam ki shumo xud tahlil karded va az mushkiloti ahmadsho bo ustod rabboni gufted va nizo va itoat nakardani generalhoi afghoniro gufted va natijai on korho ki shikastashon bud gufted ammo charo xud duchori aynan hamin ishtiboh shuded? manzuram in ast ki charo vakte voridi tjk shuded az afghoniston bo ustod nuri namonded va itoat nakarded? natijai in kor ba hama malum ast ki shumo ham shikast xurded? vokean charo bayni shumo parokandagi shud va shumo yake az chehrahoi marufi nahzati islomi buded vale po pas kashided va in boisi havn va sustshavii nahzat shud va dushmanoni nahzatro jasur va umedvor kard? az in payomadho ziod ast ki nameguyam . millat lutfan in savolro ba hazrati eshon telefoni ham boshad rasoned.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Насибҷон 16.11.2011 10:58
Ҷаноби муҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода!Нах уст аз сухторе, ки дар корхонаи шумо рух додааст, мо низнороҳатем ва ҳарчи зудтар ба маҷозот кашида шудани омилони ин сухторро мехоҳем.Вале аз сӯйи дигар,дар бахши дуюми мусоҳиба Шумо аз зиндаёдҳо Устод Раббонӣ ва сипаҳсолори номвар Аҳмадшоҳи Масъуд интиқод кардаед, ки онҳо бештар тамоюл ба Ҳинду Русия доштанду бо Покистон наздик шудан намехостанд.Ба назари банда, чунин арзёбии шумо ду ангеза дорад.Нахуст ин як андешаи шахсияти мазҳабист ва шумо мехостед, ки Афгонистон бо Русия ва Ҳинд неву бо Покистони исломи робитаи наздик дошта бошад.Сониян, Шумо , бармеояд, ки ё аз воқеиятҳои он замон ва имрузаи Афгонистон огоҳии бештар надоред, ё агар огоҳӣ ҳам дошта бошед, онро нодида мегиред.Бояд хуб бидонед, ки Покистон аз рузхои аввал бештар паштунҳоро ва ба вижа Гулбиддини Ҳикматёрро, ки душмани сарсахти Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва баъдан Толибонро, ки онҳо зодаи Покистон ва асосан паштунанд,дастг ирӣ мекард.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Насибҷон 16.11.2011 11:02
Идомааш:Аз сӯи дигар Покистон ҳамеша мехоҳад, ки Афғонистон ба сурати як дастнишондааш боқӣ монад ва ҳамеша ҳарфи ин кишварро гӯш кунад. Изҳороти ба қарибӣ баёнкардаи Зардорӣ ва Парвизи Мушарраф ҳам ин гуфтаро бори дагир собит мекунад.Вале он ду бузургмарди тоҷик ба ҳеч ваҷҳ намехостанд, ки зери бардагии Покистон қарор дошта бошанд ва ин мавқеъгирии онон бар пояи андешаи милии онҳо буд ва ба назари мо бархурди дуруст ҳам буд.Яъне онҳо дар чунин мавридҳо бештар ба андешаҳои милли такя ва хадафхои миллиро дунбол мекарданд, на ҳадафҳои маҳдуди мазҳабиро, ки бар суди душманони онҳо мисли Гулбиддини Ҳикматёр ва Толибон буд. Бубинед, бадбахтона ҳарду ин бузургмард ҳам аз дасти душманони тоҷикон, ки дар либоси исломӣ буданду аз чониби кишварҳое мисли Покистон пуштибонӣ доштанд, ба шаҳодат расиданд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Насибҷон 16.11.2011 11:02
Поёнаш:Вале роҳи онҳоро шогирдонашон идома медиҳанд.Ҳарчанд Ҳомид Карзай алъон сиёсати пуштибонӣ аз Покистонро пеш гирифтааст ва Толибони одамкушро бародар мехонад, вале шогирдон ва ҳамсафони Устод Раббониву Аҳмадшоҳ Масъуд ҳеч гоҳ бо ин роҳ, ки тоҷикони Афгонистонро ба варта мебарад, нахоҳанд рафт.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Насибҷон 17.11.2011 14:49
Назари маро ба нашр нарасонидед.Ангезааш чист? Шояд, ба назари баъзехо, андешаам чандон дуруст набошад, вале гуногунандеши шарти асосии бахс аст.Аз суи дигар хостаи мо ин аст, ки ахли дини мо хам миллигаро шаванд мисли устод Раббониву сипахсолори номварамон Ахмадшохи Масъуд.Вале, бовар дорам, бадбахтона то имруз, бархе аз ахли дини мо аз душманони миллатамон Толибон пуштибони мекунанд.Ин бадбахтии мо, точикон аст...
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Бузургмехр 18.11.2011 15:54
Бародарони азизе,ки имруз Шумо ба кунхи андешахои милли ва инсонии Турачонзода намерасед ва ба худ ичоза медихед,ки уро ба напазируфтан ва ё нахостани сулхи точикон ва ё бадтар аз хама миллигаро набудан"муттахам"мекунед,аз сад як дар сади андешахои эшонро дарк накардаед ва корномаи уро намедонед.Агар ин миллат як нафар муллои босавод ва миллигаро дошта бошад,пас он хамин Турачонзодааст, ва агар ду нафар бошад,пас яке аз он Козидомуллост.Вале афсус,ки имруз дар кишвари мо,хар кавдане аз миллату мазхаб сухбат мекунад,бе он ки бидонад,ин мафохим чи бори маъни мекашад!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # Сафар 19.11.2011 01:02
Салом эшони Турачонзода хаминро гуфтани хастам еи имруз шумо гуё аз хакикат гап мезанед агар шумо хакикат чу мешудед барои чи барои вазифа шуда ришатонро тарошидед ки ин ба фикрам дар ислом чоиз нест. Баъд аз хеч кас аз чумла аз хукумат хафа нашавед барои он ки дар халк мегуянд ки гандум кориди гандум мегири ва чав кориди чав. он чи карди ба халк хамонро мебини
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # донишчу 28.11.2011 13:51
Таърих гувох хаст ва мардум хамаашро хуб дар ёд доранд, ки шумо ва хаммаслаконатон боре харф зада будед ва 100 хазор чавононро миллати точик аз даст дода буд аз худованд факат хохони онем ки забони шумо ва душманони миллати точикро аз гуфтор ва сухангуихо боз дорад............
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Хакикатгу 01.12.2011 16:50
Барои чи Хазрати Турачонзода сухторро аз худо нею аз бандагон мебинад? Ё ин ки суханхояш барои худаш нею танхо барои дигарон аст?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Фирдавс 02.12.2011 08:25
ин шахс нисфи Точикистонро сузонд хеч гап нею чор кип пахта сухтаст хаминро валвала карда гаштанд........
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-2 # САВОБЧУ 11.01.2012 17:52
ХАЙФИ ОДАМИ ДИНИ БУДАН ШАВЕД.ОДАМГАРИ ВА АМРИ МАЪРУФРО АЗ ПУРДИЛ ОМУЗЕД
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # ИСЛОМ 04.03.2012 03:26
Ба Шумо Домулло сихати саломати умри дароз орзу дорем . Шумо ба мардуматон хизмати зиёд кардед. Сулхро овардед ба сари Милатамон мо аз шумо умед дорем Вахдат ,ва файзу баракатро хам ба Ватанамон меоред . Базе шахсоне хастан ,ки то хол кур-курона рафтор доранд, панохашон ба Худо.Шахсоне ,ки саводу эмон доранд бо шумо хам фикранд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov