| Чаро мо аз ҳифзи суннатҳои исмоилии худ даст кашем? | |
|
|
Дасти бози Ғарб дар умури Бадахшон Солҳои охир пас аз барқарор шудани робитаи исмоилиёни Бадахшон бо ҷаҳони Ғарб мардуми мо дар масъалаи нигаҳдории фарҳанги аҷдодии худ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудаанд. Махсусан баъзе аз ислоҳталабон аз ҷаҳони Ғарб ба Бадахшон ворид шуда, мардуми моро нодуруст раҳнамоӣ намуданд ва хостанд онҳоро аз таърих ва фарҳангашон дилсард намоянд. Аз ҷумла чунин воқеа бо фарҳанги мазҳабии исмоилиёни Бадахшон рух дода буд, ки бар асари ислоҳоти бемаврид ва бидуни таҳқиқу баррасӣ баъзе аз суннатҳои аҷдодии мо аз байн рафтанд. Ҳарчанд бе фармони Имом ба умуроти мазҳабии исмоилиён ислоҳот ворид кардан мамнуъ аст, вале шахсони алоҳида кӯшиш намуданд, ки таҳти нуфузи хориҷиён қарор гирифта, ин тағйиротро анҷом диҳанд. Пас аз воридшавии ин ислоҳот миёни мардум норозигиҳои зиёде ба вуҷуд омад ва ин ихтилофоти эътиқодӣ то имрӯз идома дошта, ҳалли худро наёфтааст. Ҷузъ Имоми замон ҳеч кас ҳаққидахолатро надорад Чуноне ки ёдрас намудем, бе амри имом ягон мурид ҳуқуқ надорад дар суннатҳо тағйирот ворид кунад. Масалан вақте ки бори нахуст робитаи исмоилиёни Бадахшон бо Оғохони 4 барқарор гардид, Имом муридони худро ҳушдор дод, ки ҳар гуна ислоҳот маҳз бо раҳнамоии Имом анҷом дода мешавад. Масалан Оғохони 4 дар чанд фармони худ ин масъаларо таъкид намуданд ва фармуданд: "...Дар тули таърих мо ҳамеша Имоми зинда доштем ва ин вазифа ҳаққи Имоми замон будааст, ки маросими мазҳабиро тафсир ва таъбир кунад ва ин бар мабнои асли имомат маврусӣ(меросӣ) аст"(Лондон, 12 ноябри 1993). Соли 1995 Оғохони 4 бори дигар муридони худро дар Маскав огоҳ намуданд, ки дар мазҳаби исмоилия асли асосии мазҳаб ин шинохти Имоми замон аст ва муриди ҳақиқӣ он аст, ки дар тамоми умурот ба фармони Имом амал кунад ва дар ин ҷода набояд аз мавқеи ишғолкардаи худ суъистифода намояд. Масалан Имом мефармоянд: "Аввал бигузоред, ки барои шумо ёдоварӣ кунам, ки барои ҳамаи муридони Имом чи аз Осиёи Миёна бошанд, чи аз Ҳинду Покистон ва чи аз ҷаҳони Ғарб асли асосӣ шинохти Имоми замон аст. Ӯст, ки мазҳабро тафсир ва таъбир мекунад. Ӯст, ки дар ҳар замоне ва дар ҳар барҳае аз зиндагии ҷамоат, ҷамоатро дар тафсир ва таъбири мазҳаб роҳнамоӣ мекунад..." (Маскав 29 январ 1995). Аз ин иршодоти мубораки Волоҳазрат Оғохони чаҳорум ба таври возеҳ маълум мегардад,ки ҳеч як мурид навобаста аз мақоми ишғолкардааш ҳуқуқ надорад,ки ба вазифаҳои имом дахолат кунад ва ба рой ва қиёси худ суннатҳои мазҳабиро тағйир диҳад, ё онҳоро аз байн бибарад.Зеро агар мурид бе амри Имом дар суннатҳои мазҳабӣ тағйирот ворид созад, аз амри имоми даври хеш итоъат накарда ва ба асли мазҳаб, ки шинохти Имоми Замон аст даст наёфтааст. Файласуфи бузурги исмоилӣ ҳаким Носири Хусрав низ дар рисолаҳои фалсафии худ масъалаҳои муҳим, ба мисли шинохти Имом, итоъат ва фармонбардорӣ аз Имомро ба таври возеҳ шарҳ додааст. Олими маъруф низ ақида дорад, ки ҳеч як аз муриди исмоилӣ ҳақ надорад, ки бидуни амри Имом дар умуроти мазҳабӣ дахолат кунад. Масалан, ӯ мефармояд: «Бидон эй бародар, ки илми Худо дар хазинаи ӯст ва хазинаи ӯ Имоми Замон аст...» Ва ҳеч кас ба илми Худо нарасад, магар ба дастури хазинадори (Имом)ӯ... Ва ҳар кӣ бе фармони худованди замонаи хеш (Имом) дар илми худой даст дарозӣ кунад, дузд бошад".(Кушоиш ва раҳоиш.ҷ.1.с.503). Ё ин ки Ҳакими бузург перомуни муридоне,ки ба хотири мансаб ва сарват мазҳабро бенизом мекунанд, мефармояд:"Ва саввум гӯшти хукро гуфт ва он масал аст бар касе, ки аз ҳарисӣ ба талаби раёсати дунё мар даъвати ҳақро ёд кунад ва ӯ динро бенизом кунад.Чунон ки хук аз ҳарисӣ мар кишоварзӣ мардумро, ки андар он ҳаёти ҷони халқ аст, вайрон кунад ва андар вайрон шудани даъват,ки он кишоварзи рӯзии ботин аст,ҳалоки арвоҳ аст"(Ваҷҳи дин с.276-277). Ё ин ки, мефармояд:"Ва ҷанобати ҳалол далел аст бар он кас,ки ӯ бар фармони Худованди рӯзгор (имом) сухан гӯяд ва ҳаром далел аст бар он кас ки сухан на ба фармони (имом) гӯяд" (Ваҷҳи дин с. (22). Аз ин андешаҳои мутафаккир бар меояд,ки он муриди каҷфаҳм,ки қудрат ва бузургии имомро нодида мегирад,ба роҳи каҷ рафта бошад:"Ва андар дин мардум бояд,ки ба манзалати худ биистанд ва бартар аз маҳали хеш манзалат наҷӯянд, ки ӯро набошад... ва ҳар ки аз гурӯҳ бартарӣ он сӯи ӯ қасд кунад, сӯи дасти чап рафта бошад " (Кушоиш ва раҳоиш. Кул. ҷ.1. с.518) Кайҳон ва компутер ба суннат ҳеч дахл надорад Масъалаи дигаре, ки мехоҳем перомуни он ибрози назар намоем, ин мақом ва нуфузи таълимоти Носири Хусрав дар Бадахшон мебошад. Зеро Носири Хусрав поягузори ақоиди Исмоилия дар Бадахшон мебошад ва тамоми суннатҳои мазҳабии мардуми Бадахшон бо фалсафа ва афкори динии ин мутафаккири бузург иртиботи ногусастанӣ доранд ва ҷамоати ин минтақа ба ӯ ҳамчун пири руҳонӣ иродат меварзанд. Вале мутаассифона солҳои охир дар Бадахшон бархе аз мубаллиғони мазҳабӣ ба миён омадаанд, ки онҳо таҳти таъсири ақоиди хориҷиён қарор гирифта, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бе далоили илмӣ ба ҷамоати Бадахшон собит кунанд, ки таълимот ва фалсафаи Ҳаким Носири Хусрав "куҳна" шудааст, "Имрӯз даври кайҳон аст", "Носири Хусрав дар қарни ёздаҳ гуфтааст", "Имрӯз даври технологияи компютерӣ аст" ва ҳоказо. Вале ин шахсон пеш аз он ки чунин суханонро гӯянд, бояд ба худ суол диҳанд, ки оё ягон бадахшонӣ дар ин замони кайҳон ба кайҳон парвоз кардааст? Оё дар ин замони компютерӣ ягон бадахшонӣ компютерро ихтироъ кардааст? Албатта не ва мо то ҳанӯз ҳатто сӯзанро ихтироъ нанамудаем. Пас аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳамаи ин суханон характери ғаразнок дошта, кайҳон ва компютер бо суннат ва фарҳанг ҳеч иртиботе надоранд ва барои тараққиёти ҳамдигар ягон халале намерасонанд. Носири Хусрав ва Имоми замон Таълимоти Ҳаким Носири Хусрав, ки кулли суннатҳои мазҳабии исмоилиёни Бадахшон аз он сарчашма мегирад, дар тӯли беш аз ҳазор сол дар мадди назари имомони исмоилӣ қарор дошт ва ҳар имом ин фалсафа ва таълимотро қадрдонӣ намудааст ва иброз доштанд, ки ин таълимоти файласуфи бузурги дорои шуҳрати ҷаҳонӣ дар ягон давру замон кӯҳна намешавад ва онро ҳифз бояд кард. Масалан Оғохони савввум Мавлоно Султон Муҳаммадшоҳ дар фармони худ, ки ба унвони ҷамоати Бадахшон ирсол намудааст доир ба таълимоти Носири Хусрав чунин мефармояд:"Ва дар таълими масоили диния ва соири асрор ва ғавомизи ирфония ва куллияи маросими мазҳабӣ руҷӯъ ва тавассул ва кутуби Носири Хусрав, ки ба фармони ин силсилаи қавими қадим навишта, бикунанд ва ба рой ва қиёси худ дар кори дин руҷӯъ нанамоянд" ( Зиқида, 1349 (1930-31) ). Доир ба ҷовидон будани таълимоти Ҳаким Носири Хусрав Волоҳазрат Оғохони чаҳорум низ дар чанд фармони худ ба таври муқаррар ишора намуданд: "...ва ба хотир дошта бошед, ки муридҳо (пайравони даъвати Носири Хусрави Осиёи марказӣ) дорои тафсире воҳид мебошанд, аммо бо як заминаи таърихии мутафовит ва он заминаи таърихӣ мутааллиқ ба Носири Хусрав мебошад, ки бисёр муҳим аст ва набояд фаромӯш шавад "(Ҳиндустон ноябр соли 1992 ). Моҳи августи соли 2003 Волоҳазрат Оғохони чаҳорум дар шаҳри Душанбе хишти бинои Маркази исмоилиро гузоштанд, ки маросими гузоштани хишти ин бино бо ҳазораи ҳаким Носири Хусрав рост омад. Дар ин маросим Волоҳазрат Оғохони чаҳорум перомуни пурарзиш ва ҷовидон будани таълимоти ин Ҳакими бузург чунин фармуданд: "Ин хеле муносиб аст, ки маросими гузоштани хишти бинои маркази фарҳангӣ ва динӣ, ки ҳамчун воқеаи барҷастаи таърихӣ аст, бояд бо ҷашнвораи Сайид Носири Хусрав мувофиқ афтад. Бо гузоштани меросе, ки то кунун суннатҳои ақлонии ин минтақаро такомул мебахшад, Носири Хусрав яке аз мутафаккирони бузургтарин ба шумор рафта, саҳм ва нақши вай дар маконе ки имрӯз мо онро мекушоем, гиромидошт мешавад.Бо гузашти ҳазора таъсири таълимоти Носири Хусрав коҳиш наёфта (кӯҳна нашуда) дурахшиши ашъори ӯ низ тира нашудааст..."(Душанбе, август, 2003). Пас моро зарур аст, ки бе амри Имом суннатҳои мазҳабиро дигар накарда, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки тамоми нозукиҳои онҳоро биёмӯзем ва набояд мутафаккирони барҷаста ва суннатҳои асилро бидуни далели илмӣ кӯҳнашуда ва нолозим пиндорем. Қирғизбеки Ҷамшед Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон |


Вақтҳои охир аз ҷониби муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ доир ба таълимоти исмоилия мақолаҳое нашр гардиданд, ки дар онҳо мавзӯъҳои муҳим ба мисли ҳифз намудани суннатҳои аҷдодӣ, эҳтиром гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Хусусан доир намудани чунин баҳсҳои муҳим аз ҷониби равшанфикрон дар ин замони ҷаҳонишавии фарҳангӣ хеле зарурӣ мебошад ва ҳар як тоҷики фарҳангдӯст вазифадор аст, ки аз фарҳанги миллӣ ва аҷдодии худ дифоъ кунад.

Назарҳо
Окибат ганчи пинхони мазхаб-фармони Имоми Замонро низ руйи дасти хар касу нокас карор додед.
vali mutaasifona az inguna maqolaho mardum va javonon Ismoilii Badakhshon bikhabar hastand.
Хамон 20 млн-и шумо ки забону хуввияти миллиашонро гум карданд аввал махз хамин чизхоро аз даст доданд.
Дуввум Исмоилиён дар Точ беш аз 200 хазор ва кариб 20 млн дар дуньё ин ба маълумоти каммаълумоти шумо. Саввум гап дар шумора нест.
Пароканда лашкар н-ояд ба кор
200 марди чанги бех аз 100 хазор
Ин андешаи шумо ва дигар исмоилиён нисбат ба фарханги точик душманона аст. Яъне шумо исмоилиён зери фарханги Гарб ва бегонагон карор гирифта аз фарханги худ безор шудаед. Ин исбот шуд. Аз суханони шумо маълум ки шумо таърихи худро низ намефахмед. Якум ин ки Помери ин миллат нест ва дар таърих хануз хамчун миллат исбот нашудааст.Миллати шумо точик аст. Ба шиносномаи худ нигаред. Забони шумо низ як забони мустакил нест ин забон як забони бехат ва факат гуфтугуи аст. Мазхаби шумо низ як мазхаби ислом аст. Дар Бадахшон ки зиндаги мекунед ин територияи Огохон нест ин територия моли Точикистон аст. Огохонро низ Президенти Точикистон ба Точикистон даъват кард ва ба у ичозат дод ки созмонхояш дар Точикистон фаъолият кунанд.Суннатхои шумо низ ба забони точики мебошанд.Шумо дар чумхурии мустакили исмоили зиндаги намекунед. Шахрванди Точикистон мебошед.
Чаро рахбарони асосии исмоилияи Точикистон ки созмонхои мазхабии Огохонро идора мекунанд дар хукумат сохиби мансабхои баланд мебошанд? Дар ин чи сирре нухуфта бошад?Чаро баъзе аз рохбарони мазхабии исмоилиёни Точикистон ки созмони мазхабии Огохонро идора мекунанд мутахассисони сохаи барк мебошанд? Чаро созмони мазхабии исмоилиён ба омузиши ислом ва худшиносии милли аслан дикат намедихад?
Ман як чавони Исмоили хастам. Бегахии рузи 22 аз кор ба хона рафтам ва маколаи Шуморо дар рузнома хонда бисер гамгин шудам. Якум шумо дар бораи фишор ба сунати мо харф мезанед, лекин худатон фаромуш кардед ки бузургтарин суннат мардуми мо ин хурмати Фармони Имом аст лекин Шумо онро дар мачала чоп кардед ва медонед ки он мачаларо бо акси Волохазрат ва фармони он мардум гайри мазхаб хонда
мепартоянд. Дуюм агар Шумо аз ботини мазхаби мо бархурдор хастед Шумо бояд медонед ки Имом наметавонад аз чунин корхо бехабар бошад чунки у Имоми Замон аст. Ман аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам ки тарчумаи точикии Духои Муборакро бихонед ва фикр кунед чи тавр Имом метавонад аз чунин ходисахо бехабар бошад.
Илтимос, илтимос инро дар мащолаву рузномахо навиштан даркор нест.
БАРОДАР ИН КАДАР ХУДРО ХАМАДОН МУАРРИФИ МЕКУНИ ВАЛЕ ДАРАК НАДОРИ КИ АГАР ИТРЕК ТАШВИШИ ХУДРО ДАР ХАЛЛИ ИН МАСЪАЛАХО ПЕШТАР ДАРК МЕКАРД КОР ТО ИН ДАРАЧА НАМЕРАСИД. ОНХО АЗ ПОДХАЛИМИИ ХУДАШОН БА ХОРИЧИЁН ВАКТ НАДОРАНЕД КИ ЧУНИН МАСЪАЛАХОРО ХАЛ КУНАНД ВА КОРМАНДОНИ БАДАРАЧААШ БОСАВОД ДАР МАСОИЛИ ИСЛОМ НАДОРАНД
Бародар суханхоят дурустанд ки Имом аз хама чиз бохабар аст. Бале у дергиру сахтгир аст. Ин маълумотхои акаи Киргизбек барои огох кардани Имом аз кормандони беинсофаш нест балки барои ту баринхо аст ки аз дунё бехабари, фардо вакти фавтат мисли хинду мурдаатро месузонанд.
Бародар чаро дар бораи давлату миллат гап мезани. Магар ин Давлат ва Президенти мамлакат набуд ки барои Барномахои Огохон тамоми шароитхоро дар Точикистон мухайё сохт. Он бесаводхое ки чанги шахвандиро солхои 90 ташкил карданд баъди он аз тарафи Давлат авф шуданд ва дар Фонди Огохон хам ба худ кор пайдо карданду дузди мекунанд. Хозир бошад мегуед ки ба Давлат кор надорем. Огохон дар гуфтахои худ хамеша мегуянд ки бо хукуматхои худ хамкори кунед. Хар касе ки ба Давлат ва миллат хиёнат кунад ба мазхаб хам якум шуда хиёнат мекунад
Бародар мутаасифона ИТРЕК тули 20 соли фаъолияташ чунин масъалахоро хал карда натавонист ва дар Хоруг ягон масъала хам хал намешавад.
Бародар мутаассифона масъалахои суннатии моро дар хорич бидуни фикри ин мардум одамони дигар ба фоидаи худашон хал менамоянд
Навори RSS барои назарҳо.