| "Исмоилиёни нав" таълимоти Носири Хусравро куҳна меҳисобанд | |
|
|
Ҳаким Носири Хусрав аз ҷумлаи 6 шоири бузургтарини форсӣ
Роҷеъ ба шахсият ва бузургии Ҳаким Носири Хусрав то кунун садҳо нафар аз удабо ва муҳаққиқони шарқу ғарб дар кутуби пурарзиши хеш ибрози назар намудаанд ва ин донишманди фарзонаи тоҷикро ҳамчун олим ва адиби мақоми аввал дар таърихи илму фарҳанги шарқ муаррифӣ намудаанд. Масалан, донишманди эронӣ Муҷтабо Минавӣ менависад: «Агар бихоҳем аз гӯяндагон ва нависандагони Эрон, ки дар арзи ин ҳазору як сад сол зоҳир шудаанд, шаш нафарро интихоб карда, ба унвони аъозими шуарои Эрон ном бибарем, банда Носири Хусравро ҳатман дар миёни онҳо зикр хоҳам кард ва касони дигаре низ буда ва ҳастанд, ки дар ин ташхис ва таъйин бо банда мувофиқанд ва бар хилофи шуъарои бузурги дигаре, ки аз эшон ғайри шеър чизе ба ҷо намондааст, яъне Фирдавсӣ ва Ҳофиз аз Носири Хусрав кутуби наср низ дар даст аст, чунонки аз Саноӣ, Мавлавӣ ва Саъдӣ ҳам кутуби наср ба мо расидааст». (Ҷаъфари Шиъор. Таҳлили Сафарномаи Носири Хусрав. Теҳрон, 1371, саҳ.45- 46). Чеҳраи барҷастаи исломӣ Илова бар ин Носири Хусрав яке аз чеҳраҳои барҷастаи исломӣ мебошад, ки дар кишварҳои мухталифи олам ба мисли Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Чин дар тули беш аз 1000 сол аст, ки ба номи ӯ як даъвати қудратманди исмоилӣ «Даъвати Шоҳ Носир», «Даъвати Пир Носири Хусрав» ва маросими «Чароғравшан» фаъолият мекунад ва муридҳову пайравони зиёде дорад, ки аз таълимоти динӣ ва мазҳабии ӯ пайравӣ мекунанд. Муҳаққиқи тоҷик Қудратбек Элчибеков дар ин бора чунин ибрози назар мекунад: «Шоир ва мутафаккири бузурги машриқзамин ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнии Балхӣ яке аз симоҳои маъруф дар таърих ва адабиёти кишвари мо мебошад. Ин ҳакими фарзона ғайри аз он ки дар давоири адабӣ ва фалсафӣ мақоми шоистаеро доро аст, дар доираи мазҳабӣ ҳам аз ҷумлаи пешвоёни сафи аввал ба шумор меравад. Аз ин рӯ вай дар байни мардуми Бадахшон на фақат чун олим, балки ҳамчун роҳбари мазҳабӣ, муршид ва пири комил маъруф аст. Носири Хусрав бетардид як мусулмони воқеъӣ буд ва дини исломро аз рӯи мантиқ ва далел қабул дошт. Мақоми олӣ ва мартабаи хеле баланди силсила маротиби исмоилӣ, яъне «Ҳуҷҷати ҷазира» мӯҷиб гардид, ки афсона ва ривоятҳои мутаъаддад роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаи даврон ҳам дар адабиёти катбӣ ва ҳам дар адабиёти шифоҳӣ ба вуҷуд ояд». (Элчибеков Қ., Маншаи ривоёт дар бораи Носири Хусрав. Номаи пажуишгоҳ (4) вежаномаи Носири Хусрав. Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ; Душанбе 2003. с158). Асосгузори боғи биҳиштии фарҳанги форсӣ-исломӣ Аз андешаҳои донишмандони мазкур аён мегардад, ки Ҳаким Носири Хусрав натанҳо як мутафаккири тоҷики исмоилимазҳаб аст, балки ӯ як шахсияти дараҷаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки бо кӯшиши ин олими забардаст дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар Бадахшон барои пайравонаш як фарҳанг ва суннати ғаниеро ба вуҷуд оварда, ки он аз фарҳанги ориёӣ ва исломӣ сарчашма мегирад. Ин фарҳанги ғанӣ ба як қалъаи тиллоие шабоҳат дорад, ки беш аз 1000 сол умр дорад ва кули аҷдодони мо дар гаҳвораи ин фарҳанги асили форсӣ - тоҷикӣ обутоб ёфтанд ва ба воя расиданд. Ё ин ки ин фарҳангеро, ки ҳаким Носири Хусрав барои пайравони худ ба вуҷуд овард, он ба як боғи биҳиште шабоҳат дорад, ки тамоми меваҳои он дар самар ҳастанд ва наслҳои асрҳои мухталиф аз меваҳои маърифати он мечашанд ва лаззати ботинӣ мебаранд. Ин фарҳанги пурарзише буд, ки дар тули асрҳои мухталиф одоб ва ахлоқи мардуми исмоилимазҳаби Бадахшон ва соири кишварҳои дигарро ба низом меовард ва онҳоро ба роҳи дурусти инсонӣ ва мусалмонӣ ҳидоят мекард. «Исмоилиёни нав» якояк хиштҳои дижи тиллоиро мерабоянд Вале мутаассифона солҳои охир дар Бадахшон афроде бо номи «исмоилиёни нав» рӯи кор омадаанд, ки онҳо таҳти таъсири хоҷаҳои хориҷӣ қарор гирифта, барои аз байн бурдани ин фарҳанги куҳани бадахшониён қасд доранд, хиштҳои ин дижи тиллоиро оҳиста - оҳиста берун сохта, онро сарнагун намоянд. Одатан ин амали ношоистаро дар Бадахшон афроде анҷом медиҳанд, ки онҳо таҳти таъсири ғарбгароӣ ва ё нуфузи исмоилиёни Урупо қарор гирифтаанд. Барои аз байн бурдани таълимоти Носири Хусрав ва камарзиш сохтани таълимоташ аз ҷониби ин афрод дар миёни бадахшониён ҳар гуна фикрҳои дур аз илм ва муғризонаро паҳн мекунанд, то ки Носири Хусравро ки як мутафаккир ва пешвои мазҳабии сатҳи ҷаҳонӣ аст, барои бадахшониён бе илм, бе мартаба ва таълимоташро куҳнашуда вонамуд созанд. Масалан, ин афрод дар маросимҳои мазҳабӣ ваъз намуда, дар ҳаққи Носири Хусрав чунин суханҳои дур аз ҳақиқат ва ғайри илмиро раво мебинанд: 1. «Таълимоти Носири Хусрав куҳна(?) шудааст, ӯ дар қарни XI гуфтааст». 2. «Носири Хусрав шаробхӯре (?) будааст». 3. «Носири Хусрав ҳеч мартабае надорад. Мартабаи «Ҳуҷҷат» - и ӯ собит (?) нашудааст». 4. «Носири Хусрав ҳеч мартабае (?) надорад. Аз мартабаи Носири Хусрав мартабаи Шафиқ Соҷиддин (?) болотар аст» ва ғайра. (Бо баҳси ин масъалаҳо дар мақолаи оянда рушанӣ хоҳем андохт (У.М., М.Д.). Носири Хусравро ҳоло ҳам таъқиб мекунанд Давраҳои таъқиботи Ҳаким Носири Хусравро мавриди пажуҳиш қарор дода, ба чунин натиҷагирие расидем, ки ин таҳоҷумот аслан ду марҳилаи таърихиро дар бар мегирад. Аввалан ин таъқибот ва бадбиниҳо дар замони зиндагии худи ин файласуфи бузург аз ҷониби ҳокимон, руҳониён, уламо ва удабои аҳли суннат ба иллати созгор набудани ақоиди мазҳабӣ ва фалсафии ӯ нисбат ба таълимоти онҳо сар зада буд. Баъдан ин бадбиниҳо пас аз замони Носири Хусрав идома пайдо намуда, то қарни мо боқӣ монданд. Вале дар асрҳои ахир ин бадбиниҳо ағлаб на аз ҷониби пайравони фирқаи дигари исломӣ, балки аз тарафи худи исмоилиёни хориҷӣ, ки нисбат ба таълимоти Носири Хусрав хушбин нестанд ва онро рақиби асосии ақоиди худ меҳисобанд, рух додаанд. Масалан, донишманди рус А. Э. Бертелс дар мақолаи хеш перомуни ин масъала, яъне носипосӣ нисбат ба таълимоти ин ҳакими бузург чунин ибрози назар намудаанд: «Исмоилиёни Ҳиндустон (фирқаи Хоҷа) гӯё одот ва русуми тарафдорони бадахшонии даъвати Носирро написандиданд ва шаст сол қабл мубаллиғини мазҳабиро ба Бадахшон фиристоданд, то онҳо дар он ҷо ин русумро илғо (ботил) бикунанд ва эҳтироми наздик ба парастиши мардуми он диёр нисбат ба Носир бикоҳанд. Иванов дар Ҳиндустон дар шаҳри Бомбай дӯстонро аз уламои исмоилияи «Хоҷа» дошта буд, ки ӯ онҳоро дар таҳқиқоти худ ёдоварӣ мекунад ва бо кумаки онҳо иддаи зиёде аз маъхази гаронбаҳои исмоилӣ мунташир карда, хадамоти шоёни таҳсин ба илм ва дониш ба ҳам расонидааст. Ба занни (гумон) ғолиб донишманди шодравон беихтиёр таҳти таъсири афкори уламои фирқаи «Хоҷа» қарор гирифта, аз онҳо пайравӣ карда, дар ду китоби худ саъй ва ҷаҳд намудааст то аҳамияти осори Носири Хусравро камтар бикунад. Сабаби дуввуми пайдоиши ақидаи Иванов ба назари мо муҳимтар аст. Донишманди фақид дар китоби дуввуми худ изҳори таассуф менамоянд, ки «аз осори Носири Хусрав фақат қисмате марбут ба ҳикмат то замони мо боқӣ мондааст, ё «чӯббандии ҳикмат бидуни бинои исмоилӣ»… Ман бар онам, ки ин ҷо на сабаби беарзиш будани осори боқимондаи Носири Хусравро бояд дид, аммо баръакс сабаби аҳамияти ҷаҳонии онро». (Бертелс, А.Э. Назариёти бархе аз урафо ва шииёни исноашарӣ роҷеъ ба арзиши мероси адабии Носири Хусрав. «Ёдномаи Носири Хусрав» Машҳад, Эрон, 1976. ) «Хоҷа»-парастон тоҷиконро аз дарбори Оғохон ронданд Пас суоле ба миён меояд, ки дар ибтидои қарни XX исмоилиёни Ҳиндустон «фирқаи Хоҷа» чаро мусташриқи рус В. Ивановро зери таъсири худ қарор доданд ва ӯро фармуданд, ки як чанд китоби илмиеро зидди таълимоти Носири Хусрав таълиф намояд ва арзиши онҳоро кам созад? Исмоилиёни Ҳиндустони фирқаи «Хоҷа» кайҳост, ки дар қалб қасди аз байн бурдани таълимоти Носири Хусравро дар кишварҳои мухталиф мепарвариданд ва орзу доштанд ақоиди пир Садриддинро дар миёни ин ҷамоат интишор дода онҳоро зери салтаи худ қарор диҳанд. Вале дар ибтидо онҳо тарафдорони бадахшониро надоштанд. Ҳангоме ки яке аз шахсони бонуфузи исмоилиёни Бадахшон Сайид Мунир бо пирони исмоилиёни Бадахшон, ки пайрави даъвати Шоҳ Носир буданд дар мухолифат афтод, ӯ барои қаcд гирифтан аз мухолифони худ роҳи Ҳиндустонро, ки дар он давра шаҳри Бомбай қароргоҳи Мавлоно Султон Муҳаммадшоҳ- Оғохони III буд, пеш гирифт. То ин давра исмоилиёни Ҳиндустон алакай тамоми эронитаборҳо, аз ҷумла тоҷиконро аз дарбори Оғохон поксозӣ намуданд ва тамоми мансабҳои созмонҳоро тасарруф карда, нуфузи худро мустаҳкам сохтанд. (идома дорад) Умед Мамадшерзодшоев, пажуҳишгари таърихи фарҳанг, Манзаршо Диловаршоев, муҳаққиқ |


Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1008) яке аз барҷастатарин мутафаккир, файласуф ва адиби муборизи миллати тоҷик маҳсуб мешавад, ки ӯ тамоми умр баҳри пойдории адолат, наҷот додани фарҳанги форсу тоҷик аз таҳоҷуми аҷнабиён, рушди забони форсӣ -тоҷикӣ ва эътиқодоту расму оинҳои ақвоми эронитабор ҷонбозиҳо кардааст.

Назарҳо
Мухтарам, У.М ва М.Д, агар бо фикрхои шумо рози шавам, бояд ки бо фикрхои корсервативии Салафихо хам рози шавам.
Хар як дин ва мазхаб арс-то-аср таъгир меёбад.
Шоҳ Мунириддин Қосим соҳиби кашфу шуҳуд,
Шамъи базми маърифат устоди асбоқи румуз.
Буд аз ҳиҷрат ҳазору сесаду ҳафтоду ҳафт,
Бар фарози ҷаннатулфирдавс шуд равнақфурӯз.
Ҳакиме, ки дар ғори Юмгон нишаста,
Дареғо, ки аз дида пинҳон нишаста.
Ҷаҳони ҳунар мояи илму фазл,
Дурахшон чу лаъли Бадахшон нишаста...
Вале тобиши меҳраш аз рӯшанӣ,
Ба қалби адабгоҳи Ирон нишаста...
"Ашки ҳасрат", чопи Покистон)
Пас бояд пеш аз навиштан беҳтар мутолиъа кунед ва дар бораи китобҳои хондаатон беҳтар бияндешед. Чанд суъоли дигар аз шумо мепурсам: Оё ҳамаи маъохизи марбут ба мавзӯъро мутолиъа кардаед? Оё аз хондаҳоятон таъбири дуруст кардаед? "Исмоъилиёни нав" гуфта киро дар назар доред? Ҳадафатон аз навиштани ин мақола чист?
(1004-1088)
Ин нуктаро ҳаргиз касе инкор накарда ва намекунад. Агар ба Девони Носири Хусрав назар андозед, дар чандин ҷой мебинед, ки Носири Хусрав худро "ҲУҶҶАТИ ЗАМИНИ ХУРОСОН" хондааст. Ман мутмаъинам, ки чунин ҳарфро (яъне, "Носири Хусрав Ҳуҷҷат набудааст")касе намегӯяд, чун Ҳуҷҷат будани Носири Хусрав ба мисли рӯз рӯшан аст ва ҳаргиз қобили инкор нест. Агар касе ҳам чунин ҳарферо гуфта саводи каме доштааст.
ҲУҶҶАТИ БУЗУРГ ҲАРГИЗ БЕ ҲУҶҶАТ СУХАН НАМЕГУФТ!!! Мо ҳам бояд бидуни ҳуҷҷат сухан нагӯем!!!
Зи Ҳуҷҷат ин суханро ёд медор,
Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор.
ва гайра хастед.Китобхонае,ки шумо доред ва робита бо олимони чахон пайдо намудаед,ки дар Бадахшон кам кас дорад.Мардумро бо мероси гузашташон ошно сохтед.Аз гапи хамин одамони аз илм дур ва аз мазхаб кур рухафтода нашуда,кори эчодиро идома дихед.Ананахои бехтарини Бадахшонро тахлил намуда,дастраси одамони ахли фарханг гардонед.Тшаккури зиёд!Ба шумо муваффакиятхо дар корхои илмиятон хохонем!
Намедонам бародари Умед ба шумо чи гуна чавоб медиханд вале ба фикри ман онхое ки танхо ба манфиати худу хешу табораш кор мекунаду ба Мавлои Замон ва чамоат дуруг мегуяд, Аз суннатхои мазхабиамон химоят намекунад "Исмоилиёни нав" хастанд
хар кас худро ба даст гирад
мардон бувад
ШОНОСИР аз хама тараф машхур аст
тавонгару доно аст
Fайбат кори бад аст
(агар фикри чукур кунед гапои кутои маро рост мефамед)
Навори RSS барои назарҳо.