Millat
19.05.2012
Аз назари маъвизагӯҳои тоҷик танҳо намозхон инсон аст, аз назари Қуръон чӣ?
16.09.2011 10:58   

(Идома аз шумораи пешин)

Фазои динии кишвар тағйир ёфтааст

Hoji_MirzooooБарои аз диди амалӣ таҳлил кардани ин мавзӯъ дар шароити кишвари мо суолҳои мазкурро бозкушоӣ ва дидан лозим меояд, ки оё рӯҳониён ва намояндагони гурӯҳҳои динӣ ва умуман фазои динии кишвар, ки кулли мардумро дар бар мегирад, дар шароити кунунӣ арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо дар доираи афкори динии кишвар эҳтиром мегузоранд ва ё хайр? Дақиқтараш ин ки оё дар фазои имрӯзаи динии Тоҷикистон таҳаммулпазирӣ ба андешаҳои гуногун ва арзишҳои гуногуни диниву дунявӣ вуҷуд дорад ва ё хайр?

Барои ҷавоб ёфтан ба суолҳои мазкур, вазъи имрӯзаи динии кишварро таҳлил карда, фаъолияти рӯҳониён ва муносибати онҳоро ба тамоми масъалаҳои сиёсиву фарҳангӣ муайян кардан лозим меояд. Албатта дар ин бахш мушкилоти дутарафа, яъне ифротгароӣ аз ду ҷониб чӣ динӣ ва чӣ дунявӣ дида мешавад. Аммо банда асосан вазъи динии кишварро танҳо аз дидгоҳи рӯҳониёни анъанавӣ ва таъсири он ба мардум мебинам ва дар ин ҷо нақши давлат, Исломи расмӣ ва Исломи сиёсӣ низ ҳатто канор гузошта мешавад.

Тавре мушоҳида мешавад, солҳои охир нуфузи дини Ислом ва дингароӣ дар ҷомеъаи муосири тоҷик бо суръати хеле саросемавор боло рафтааст, ки фазои динии имрӯзаи ҷомеъаро ранги нав мебахшад. Имрӯз мардуми тоҷик аз ҳама бештар таваҷҷӯҳашон рӯйи мавзӯҳои динӣ ва арзишҳову суннатҳои динӣ аст. Яъне имрӯз шахсиятҳо ва инсонҳо бештар дар заминаи арзишҳо ва идеяҳои Исломӣ шакл ва ранг гирифта истодаанд. Агарчанде пеш аз ин бештар мардуми деҳот ва дигар табақаҳои ҷомеъа ба ин арзишҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир доштанду ин арзишҳо дар ҳаёти онҳо нақши боризе дошт, ҳоло аксари табақаҳои ҷомеъа чӣ зиёиву тоҷир ва чӣ корманди давлативу инсонҳои оддӣ дар тамоми манотиқи кишвар дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ арзишҳои Исломиро истифода бурда, бо ҳар восита наздикияшонро ба дин зоҳир менамоянд. Бешубҳа метавон гуфт, ки дар муқоиса аз чанд соли пеш фазои динии Тоҷикистон ба куллӣ тафовут дошта, ранги комилан навро ба худ гирифтааст. Махсусан, агар фазои динии солҳои аввали истиқлолро ба шароити имрӯза муқоиса намоем, тафовути куллиро метавонем дар пеши чашмонамон бубинем.

Эшони Нуриддинҷонро мешиносед?

Дар шаклгирии ин раванди ҷомеъа нақши рӯҳониён, махсусан рӯҳониёни анъанавии Тоҷикистон хеле бузург аст. Онҳо имрӯз тамоми масоили хусусияти динидоштаро дар сӯҳбатҳои худ, ки дар диску косетҳо ба навор гирифта мешаванд, иброз медоранд. Чуноне мушоҳида мешавад, имрӯз нуфузи онҳо дар ҷомеъа хеле боло рафта ва маҳбубияти мардум, махсусан ҷавонон ба онҳо хеле зиёд шудааст. Агар имрӯз пурсида шавад, ки фалон файласуфи машҳури тоҷикро мешиносед, шояд дар ҷавоб аксарият «не» мегӯянд, аммо агар аз Эшони Нуриддинҷон ва ё Ҳоҷӣ Мирзо, ки маъруфтарин рӯҳониёни суннатии кишвар ба ҳисоб мераванд, пурсида шавад, албатта аксарият навобаста аз синну сол ва вазъи иҷтимоӣ «бале, мешиносем», мегӯянд.

Абдуллоҳи Раҳнамо, дар китоби худ; «Уламои Исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе «Ирфон» 2009) маҳбубияти мардумро ба яке аз рӯҳониёни машҳури анъанавӣ Эшони Нуриддинҷон нишон дода, мегӯяд, ки «ҳазорон нафар аз ҷавонон, донишҷӯён, зиёиён, мадумони табақаи миёна, соҳибкорон ва мардуми оддӣ барои адои намози ҷумъа ва анҷоми зиёрати Эшон бо харҷи вақту имконоти зиёд аз пойтахт ба деҳаи дурдаст мераванд». Ва бойиси қайд аст, ки аксарияти мухлисони рӯҳониён ҷавонписарони тоҷик мебошанд.

Чаро ҷавонон муллоро соатҳо гӯш мекунанд, дарси устоди мактабро не?

Аз рӯйи мушоҳидаи банда, ҷавонҳое, ки шояд 10 дақиқа таҳаммули гӯш кардани дарси устодони мактабро надоранд, метавонанд бо як самимият амри маъруфи рӯҳониёнро соатҳои дароз бе мушкил гӯш бидиҳанд. Агар 5 ё 10 сол пеш дар телефонҳои мобилии ҷавонон сурудҳои муосири ғарбиро мешунидем, ҳоло дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳр аз телефонҳои мобилии ҷавонон ва ҳатто калонсолон ҳам бештар маъвизаҳои рӯҳониён ба гӯш мерасад. Аз гуфтаҳои боло мо метавонем хулоса намоем, ки дар фазои имрӯзаи динии кишвар нақши рӯҳониёни анъанавӣ ва арзишҳои динӣ ҷойгоҳи бунёдӣ доранд. Аммо суоле, ки гиреҳкушои мавзӯи банда аст, ин аст, ки то кадом андоза сӯҳбату мавъизаи рӯҳониён, ки кулли ҷомеъа ва ҷавононро ба худ ҷалб кардаанд, дар заминаи арзишҳои таҳаммулпазирии динӣ ва ахлоқи плюралистӣ, ки ҷузви арзишҳои Исломӣ ва демократӣ ба шумор мераванд, рехта шудаанд? Чун ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд ва шаклгирии фарҳанги имрӯзаву ояндаи кишвар аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд фаъолияту назарҳои онҳо мавриди тадқиқ қарор бигиранд.

Чун суботу назми фазои динии кишвар ва ҳамзистии арзишҳои гуногуни инсонӣ дар қаламрави кишвар аз худи ҷавонҳо сахт вобаста аст. Аз ҳамин хотир дар кадом рӯҳия тарбия ёфтани онҳо масъалаи муҳими фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Барои ба суоли боло ҷавоби саҳеҳ додан, таҳлили амиқи гуфтаҳои рӯҳониёни анъанавӣ зарур мебошад. Аслан рӯҳониёни анъанавӣ дар маъвизаҳо ва ваъзҳои хеш бештар дар мавзӯҳои ахлоқиву таълимӣ ва масъалаҳои фиқҳиву иҷтимоӣ сӯҳбат менамоянд.

Нақши муллоҳо дар покии ҷомеъа арзишманд аст

Имрӯз наслҳои муосири мо ба мавзӯҳои ахлоқӣ ва таълимие, ки аз тарафи рӯҳониён хонда мешаванд, сахт ниёз доранд, чун сатҳи таълиму тарбия ва ахлоқ дар миёни ҷавонон солҳои охир хеле заиф гардидааст. Аз ин хотир мавзӯҳои ахлоқӣ ва тарбиявие, ки рӯҳониён дар амри маъруфҳояшон мегӯянд, барои насли имрӯзаи ҷавонон ва ҳатто калонсолон ҳам муҳим мебошад. Ва инро мо метавонем дар амал ҳам мушоҳида намоем, ки то кадом андоза амалу рафтори насли имрӯз тағйир ёфтааст. Ва чӣ гуна онҳо аз бештари корҳои нодурусте, ки ҳам мухолифи қонуни Ислом ва ҳам қавонини кишвар мебошанд, дур шудаанд. Хулас, онҳо муқобили тамоми беадолатиҳо ва фасоду ҷинояткориҳое, ки дар миёни мардум, махсусан ҷавонон имрӯз вуҷуд доранд, аз диди Ислом баҳогузорӣ мекунанд. Бар андешаи банда ин кори некест, ки рӯҳониён ҳамчун ҷузви ҷомеъаи шаҳрвандӣ навобаста аз давлат дар ҷомеъа анҷом медиҳанд. Ташвиқи ахлоқ ва таълиму тарбия инсонро таҳаммулпазир ва нарму боандеша мекунад, агар тарзу усули фаҳмондан аз рӯйи эҳтиром ба интихоби инсон ва чаҳорчӯби таҳаммулпазирӣ бошад.

Оё инсони хуб танҳо онест, ки намоз мехонад?

Аммо дар баробари чунин масъалаҳо рӯҳониён масъалаҳои фиқҳиеро низ матраҳ мекунанд, ки бар андешаи банда бо арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги гуногунандешӣ ва гуногунии табиати инсонӣ, ки дар дунёи ҳамешатағйирёбандаи имрӯз арзишҳои бунёдӣ ҳастанд, мухолифат мекунанд. Масалан, бахше аз рӯҳониён дар мавъизаҳои хеш бештар ҷавононро дар рӯҳияи бадбинӣ бо касоне, ки рукнҳои исломиро риоя намекунанд ва бо истилоҳи нав «инсони типпи дунявӣ» ҳастанд, тарбия мекунанд. Ва тарзу усули амри маъруфи онҳо баъзан вақт бисёр дурушт ва сахт мебошад. Масалан, онҳо баъзан дар мавъизаҳои хеш дар хусуси онҳое, ки намоз намегузоранд, суханҳои ноҷоро дареғ намедоранд. Инчунин касоне, ки шароб ва ё кори дигареро ки аз доираи шариати Ислом берун ҳаст, анҷом медиҳанд, сахт зери танқид мегиранд. Ҳатто баъзеи аз онҳо бо ишораҳои қотеъ таъкид мекунанд, ки инсони хуб ва боодоб танҳо касест, ки намоз мехонад ва дигар кас, агар тамоми кори хубро анҷом диҳаду намоз нахонад, инсони боодоб буда наметавонад, чун роҳи одоб танҳо бо намоз аст. Манзури ман ин нест, ки мардумро бо роҳи рост даъват набояд кард ва набояд аз намоз ва рукнҳои дигари динӣ гуфт. Банда ҳамчун мусалмон ба ҳама усулҳои динӣ эҳтиром қоилам ва умедворам, ки ҳадафам дуруст фаҳмида мешавад.

Инсон будан аз назари Қуръон

Он чизи муҳим аст ин аст, ки усули таълим бояд дар асоси эҳтироми андешаҳои ҳамагон гузошта шавад, чун ахлоқи таҳаммулпазирӣ дар Ислом риоя шавад. Ва меъёри инсон будан ва одоби инсонӣ аз рӯйи тамоми арзишҳои Қуръонӣ бояд ченак гирифта шавад. Яъне дар раванди таълим аз тамоми арзишҳои ахлоқии динӣ бояд ёд карда шавад ва ба дорандагони ҳамаи онҳо арзиш ва эҳтиром гузошта шавад. Чун ҳама кори хуб ибодат аст, пеш аз ҳама накӯкорӣ ва парҳезгорӣ. Аз ин ҷост, ки агар ба аксари ояҳои Қуръон мо назар кунем, аз ҳама бештар мо бо ишораҳои зерин рӯ ба рӯ хоҳем шуд, ки « касоне аз шумо агар аз сидқ ба Худо имон овардед ва накӯкор, яъне инсони хуб ҳастед, подоши хуб хоҳед гирифт», «Худованд накӯкоронро дӯст медорад», «Мо шуморо гуногун офаридем то ҳамдигарро бишиносед», «Беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумо аст» ва ғайра.

(идома дорад)

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

 

Назарҳо  

 
+1 # 16.09.2011 11:45
Ба номи худованди бахшандаи мехрубон!
Саломат бошед,мавзуъи замон!
Ба фикри шахсии ман,хама инсоне,ки новобаста кадом касбро интихоб мекунад бояд " инсон" яъне боадаб, боакл,ботамиз
боэмон ва худотарс бошад.Баъд ихтиёрат!
Адаб пирохани нодону-доност
Хушо он,ки худро аз АДАБ биорост.
Надорам он мусулмонзодаро дуст,
Ки аз дониш фузуду аз АДАБ кост.
Дар амони Худо!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 16.09.2011 15:29
Ба маъвизахои Нуриддину Хочи Мирзо гуш андохтани чавонони кишвар аз як тараф бозгуи имону ихлоси ишон бошад, аз чониби дигар нишони каммутолиагии онхост. Аксари чавонони маъвизапарасти точик дониши кофии диниву дуняви надоранд. Магзхои холии онхо хар сухани воъизро чун хакикати мутлак ва раднашванда кабул намуда, онхоро ба чаласавод табдил медихад. Бо бисёри ин гуна чавонон вакто хамсухбат мешави, дилат аз ояндаи миллат мемонад. Таърихи мухтасари исломро намедонанд, таърихи минтака ва халки точикро тамоман намедонанд, аз шеъру назму наср ва санъати сухан фарсаххо дуранд, Ягон байти Мавлавиву Атторро шарх додан як тараф истад, дарк карда наметавонанд, Аз фалсафаи Синову Газзоливу Фороби сухан гуйи, бум-бум мефахманд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 16.09.2011 17:03
Бетамизихои олам аз шумо пайдо шавад,
....чун хеле магрур хастед!
хар ки бе одоб вувад хошо ки у расво шавад!

Бародари азиз мардум ва чавонони моро ба санги паст нашикан, ки аз харчи ту фикр мекуни болотар хастанд! Инки ба рухониён гуш мекунанд ин аз мухаббати онхо ба ислом ва курон аст!
Ва ки гуфтааст ки агар мо саводи зиёд дошта бошем набоясти ба рухониён гуш бидихем? Фикр кун дар иштибох хасти!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 17.09.2011 09:23
Одами босавод ба рухоние, ки дар сатхи у савод надорад ва талаботи уро конеъ карда наметавонад, гуфтораш пур аз дашному хакорат аст, чаро гуш бидихад? Масалан хамин воъизони моро Эрон бубар, хандахариши чаонони рушанфикру бедордили Эрон мешаванд. Барои хамин воъизони онхо бо маърифати баланд ва дониши мукаммал сухбат мекунанд. Бахси, кулхкапи, синахои ърён...ин гуна мавзуъхоеро, ки ахлоки хар шахс худаш танзим мекунад, дар унчохо намегуянд...
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 17.09.2011 09:32
Умуман манзури ман ин нест, ки чавонон маъвизаро гуш накунанд, баъзан дуругу ифротро шунидан хам барои дарки хакикат кумак мекунад. Он чавоне, ки таъриху адабиётро хуб медонад, аз асархои нависандагони русу ингилису фаронсавиву амрикоиву итолёвиву хинду турку, чини... бархурдор аст, у аллакай магзи инкишофёфта дорад. инсондуст аст, ба фархангхову халкиятхои дигар арч мегузорад, бодаку эхсосиву ифроти намешавад. Маъвизаи росту дуругро ба акли солимаш бармекашад. У кударате дорад, ки аз богчаи зехнаш алафи харзро барчинад, уро фирефтан мушкил аст. Аммо хатарнок он аст, ки зехни холи дораду танхо маъвизаро хакикати мутлак мехисобад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 16.09.2011 17:05
НЕЪМАТ!!!Посух ба Неъмат:
Ба маъвизахои Нуриддину Хочи Мирзо гуш андохтани чавонони кишвар аз як тараф бозгуи имону ихлоси ишон бошад, аз чониби дигар нишони каммутолиагии онхост. Аксари чавонони маъвизапарасти точик дониши кофии диниву дуняви надоранд. Магзхои холии онхо хар сухани воъизро чун хакикати мутлак ва раднашванда кабул намуда, онхоро ба чаласавод табдил медихад. Бо бисёри ин гуна чавонон вакто хамсухбат мешави, дилат аз ояндаи миллат мемонад. Таърихи мухтасари исломро намедонанд, таърихи минтака ва халки точикро тамоман намедонанд, аз шеъру назму наср ва санъати сухан фарсаххо дуранд, Ягон байти Мавлавиву Атторро шарх додан як тараф истад, дарк карда наметавонанд, Аз фалсафаи Синову Газзоливу Фороби сухан гуйи, бум-бум мефахманд.


НЕЪМАТ!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 17.09.2011 12:38
Хакикат аст! Боз хамин гуна одамон шахсони беадаб мешаванд, махалгароии онон дар садди боло аст.
Аввал инсону в-онгах инсон аст,
Баъд сухбат зи дину имон аст!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 19.09.2011 01:25
Бародари азиз!!! Ба ҳамватанат иҳонат накун!!! Ҷавон вақте нони хӯрдан надошта бошад миёяд барои ту таърих мехонад??? Ин сиёсатдорон намегузоранд ману ту ба фикри ин суҳбатҳое, ки худут гуфтӣ бзанем!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 17.09.2011 09:01
Вактхои охир сайти Миллат ва рузномааш низ дар бораи ислом ва муллохо бахсхоеро навишта чоп мекунад. Ман ба шумо маслихат медихам,ки ба хар кас неш задед ба ислом ва муллохо неш назанед,зеро аз маколахоятон маълум аст,ки на ислмшиноседу на аз ислом хабар доред ва мутаассифона номи миллатро барои газетаатон интихоб кардеду бо он дин ва муллохои ин миллатро неш мезанед. Ин як насихат буд барои он,ки хар кас бо дустони Худо душмани кунад Худо расвояш хохад кард.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 17.09.2011 09:05
Мулло бадбини окибати кина доштан ба ислом аст.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 17.09.2011 10:22
ЧАНОБИ СИЁСАТШИНОС,
НАМОЗ НАХОНДАН ХУДОВАНДРО ИТОЪАТ НАКАРДАН АСТ.
АГАР ФАРИШТА ХАМ БОШИ ВА АЗ ИТОЪАТИ ХУДОВАНД САРКАШИ КАРДИ БАД КАСЕ ХАСТИ.
ИБЛИС БО САРКАШИ АЗ ЯК САЧДА МАЛЪУН ШУД. ПЕШ АЗ ОН БЕХТАРИНИ ФАРИШТАГОН БУД.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # ИСЛОМ 04.03.2012 22:54
Аз кавро гап сар кардай .
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 18.09.2011 15:50
барои он мардум дар телефонхояшон мавъизахои Эшони Нуриддинчонро сабт дошта мешунаванд ки онхо чуръати сухани хак гуфтанро доранд, мову шумо акалан дар когаз не..
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 11.10.2011 16:14
Муаллифи макола маълум аст,ки ё мусалмон нест ва агар бошад муртад ва кофар аст ва ё аз таълимоти дини фарсаххо дур аст...
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.10.2011 18:28
дар бораи мусалмон будан ё набудани инсонҳо зуд набояд сухан гуфта шавад. алабатта манҳам бо ҳама суханони нависандаи макола ҳамроҳ нестам аммо беҳтарас бо равиши илми посух гуфта шавад. дар ҳамин бора сухан аст дар инҷо. http://payravtj.blogfa.com/post-391.aspx
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.10.2011 18:30
Салом ҳамватанони азиз. Сухани ҳақро бояд гуфт. аммо набояд бе далел касеро кофир ё муртад номид . Эҳтиёт шавем дар гуфтору навишторамон.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 28.10.2011 01:26
Сомоани точики irsho.com irsho.net Хидмати Ахбори Исломи
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Маргеладзе 01.03.2012 13:59
Дубора месозамат Ватан....
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov