Millat
19.05.2012
Куҷо донад ҳоли муҳоҷир, он ки худ муҳоҷир набуд!
27.10.2011 11:08   

Holi_Muhojir01Муҳоҷират ва муҳоҷир. Гуфтан ё нагуфтан? Навиштан ё нанавиштан? Дерест ин андеша азиятам медиҳад. Агар ҳам бинвисам, ба дидаи эътибори касе хоҳад расид? Ёдам рафта, ки бигӯям ба чӣ хотир ин ҳама таҳаммул ва волотар аз муҳоҷирони овораамон дигар чӣ мавзӯе арзиши андеша кардану гуфтанро дорад? Бешак, мавзӯъҳои зиёде ҳаст, вале ин масъалаи муҳоҷират ва муҳоҷирон дар ҷои аввал аст. Шумо ҳам матлабу гузоришҳои бешумореро дар ин маврид хондаву дидаед, аммо ба яқинам ин мавзӯъ ончунон ки ҳаст бароятон кашф нашудааст. Чун он эҳсосеро, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия доранд, пайдо накардаед. Ба ҳамин далел мегӯям ин матлабе нест, ки бо дар яку ду саҳфа навиштан ва як бору чанд боре гуфтан анҷом шавад ва тасаввури комилро сари мушкилоти ҳамватанони муҳоҷирамон ба Шумо бидиҳад. Бояд муҳоҷир шуд ва ин ҳамаро дар ҷисми худ эҳсос кард.

Ҳиқ- ҳиқи гиряи марди ҳузарби 50 солаеро, ки дар ватани хеш ҳаргиз аз тангдастиву камӣ гилоя накардааст, вале дар Русия ба далели вомондагиву эҳтиёҷмандӣ нолаи ҷонсӯз мекашад, кадом қалам қодир ба тасвираш аст? Кӯчарубиву ахлоткашии муҳоҷирдомоду наварӯсро дар субҳидам, баъд аз бадмастиву шабгардии ҷавонҳои майзадаи рус, кадом аксбардору наворбардор ончунон ки ҳаст манзур кардааст? Оҷизиву сарфигандагиву бесадоии муҳоҷири тоҷикро дар баробари ҳақорату таънаи корфармои рус чӣ гуна мумкин аст тасвир кард? Теғи нигоҳи русҳои тоҷикбадбинро чӣ?

Зиндагии ҷавонакҳои 18 - 20 солаи тоҷикро дар ҳуҷраҳои касифу бадбӯи шаҳрҳои Русия ба такрор шунидаед. Инро низ шунидаед, ки дар як ҳуҷраи 3х4 то 10 нафар тоҷик "ба роҳатӣ" истиқомат мекунад, аммо ин ҳама қиссаҳо бароятон мисли сароб набудаст? Дар асл ин ҳама ба дидаи басират гунаи дигар ҷилва медиҳад. Ба маротиб даҳшаттар аз он чӣ ки гуфтаанду шунидаед, навиштаанду хондаед. Ман ки камубеш 11 моҳро бо бародарони муҳоҷирам (ҳамаи муҳоҷирони тоҷик бародарони мананд!), дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар бурдам, он қадр аз ин қиссаҳо дар вуҷудам ҳис кардаму дидам, ки ин ҳама ҳарфро наметавонам бидуни эҳсос баён кунам. Ва ҳоло ки ба Ватан баргаштаам ҳайратам аз ин аст, ки чӣ гуна ҳамсолон ва бародарони бузургтар аз ман солҳоро дар Русия, бо он ҳама вазъияте, ки шоҳидаш будам, пушти сар мекунанд?

Баъд аз ин ҳама шоҳидбуданҳо ва пушти сар кардани айёми муҳоҷират ба фарқ аз мақомдорони Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯйи роҳҳои ҷадиди ба муҳоҷират фиристодани ҳамватанони ман ҳастанд, ҳоло ин масъала барои ман матраҳ аст, ки чӣ гуна метавонем муҳоҷиронро ба ватан баргардонем!? Хориву забунии муҳоҷири тоҷик ва ҳам шуморашон ба ҳадди ифрот расидааст. Гумонам инҳо, ки аз ин ҳама ранҷу меҳнати муҳоҷирон бехабаранд, танҳо чораи ворастагии худро аз суолҳои ин мавзӯъдар такрори тӯтивори ҷумлаи "муҳоҷирон ҳуқуқҳояшонро намедонанд" мебинанд.

Ман ба ҳамаи масъулоне, ки дар курсиҳои нарми раёсатҳову идораҳои марбут ба муҳоҷирон такяи ба роҳат задаанд ва ягона чораи аз вартаи хориву забунӣ ворастани муҳоҷиронро дар такрори он ҷумлаи фавқ медонанд, пешниҳод мекунам, ки ҳадди ақал барои як моҳ ҷомаи муҳоҷирро ба тан бипӯшанд ва бираванд дохили "бозори" муҳоҷир. Он вақт хоҳанд фаҳмид, ки аз донистан ва ё надонистани ҳуқуқ барои муҳоҷир чӣ нафъе?

Инро ҳам изофа кунам, ки метавонистам аз ҳаёти худам дар ин айём ва аз рӯзгори бархе муҳоҷирон саргузаштҳои дардноке бинависам, ки чӣ тавр дар Русия шахсияти тоҷик шикаста мешавад, чӣ тавр чеҳраи рус бо шунидани номи тоҷику Тоҷикистон тағйир меёбад. Гузашта аз ин метавонистам муносибати пулис, русҳои одиро бо тоҷик камобеш манзури хонанда гардонам. Вале боз ҳам фикр кардам, ки аз ин чӣ фоида? Дар беҳтарин сурат ҳамон ҷумларо мешунидам: "Шумо дуруст мегӯед, аммо муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқҳояшонро намедонанд".

Ёқуби Саид, рӯзноманигор, махсус барои "Миллат"

 

Назарҳо  

 
+3 # 28.10.2011 09:29
Ба номи худованди бахшандаи мехрубон!
Бародарон,ачоиб чи хел хукук бошад,ки ТОЧИК- намедонистааст? Оё ба гайри ТОЧИКОН
дигар миллатхо хукукдонанд?Оё дигар миллатхо аз ТОЧИК-он дида нагзтар бо забони руси муомила карда метавонанд?Ё-???
Хамааш аз бесохиби-номуттахиди-камбагали
берохбари.Сабаби асосиаш дар ВАТАН!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+3 # 29.10.2011 16:25
oxi masuloi mo na dar fikri millatand na dar fikri mardumi kambaghal. bachahoshoi 15 sola masulini mo jipp dar tai poshon dang doda megardan va dar gardani zanoshon cephoi nimkiloi tillo misli zanjiri xar digar in masulin parvoi kambaghalu korgar dorand ? agar yak yo du bachai onjo rassia korgari meraftan va az onjo jasadi bejoni onhoro meovardand onvakt shoyad yak fikre mekardand . vokean baroi masulini tjk mutaasifam.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-2 # 31.10.2011 06:14
Хидмати Ахбори ИСЛОМИ www.irshod.com irshod.net
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # 04.11.2011 18:18
барои чи мо кушиши бартараф кардани ин хорию зорихоро надорем. хар яки мо МЕТАВОНЕМ, АГАР ТАНБАЛИРО ПАТОФТА ХАЛОЛ КОР КУНЕМ, ки бештар ба мансабдорон дахл дорад.аммо афсус ки супоришхои президент факат дар варак мемонад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # Зариф 01.03.2012 21:10
Посух:
барои чи мо кушиши бартараф кардани ин хорию зорихоро надорем. хар яки мо МЕТАВОНЕМ, АГАР ТАНБАЛИРО ПАТОФТА ХАЛОЛ КОР КУНЕМ, ки бештар ба мансабдорон дахл дорад.аммо афсус ки супоришхои президент факат дар варак мемонад.


Охи мегӯянд сухане, ки аз дил барояд бар дил нишинад. Вақте ОН КАС ба гапи худаш бовар надорад аз дигарон чи таваққуъ?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov