Нашри “Журналистикаи чандрасонаӣ” ва таъсис ёфтани ихтисоси нав дар факултаи журналистикаи ДМТ

Хабари хуб 17.05.2019 16:42

Ҷовид Муқим, устоди факулати рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо номи “Журналистикаи чандрасонаӣ” китоб навиштааст.

 

 

Ҷовид Муқим дар ин бора ба “Миллат” гуфт, дар факултаи рӯзноманигорӣ шурӯъ аз соли хониши 2018-2019 ихтисоси “Веб -рӯзноманигорӣ” роҳандозӣ шуда ва таълифи китоби ҷадид ҳам ба ҳамин муносибат аст.

 

Ӯ афзуд: “Ман аз соли 2016 ба магистрҳо аз рӯзноманигории чандрасонаӣ дарс мегӯям. Ҳоло барои бакалаврҳо ҳам ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ таъсис шуд ва аз ин рӯ зарурати таълифи ин китоб ба миён омад”.

 

“Журналистикаи чандрасонаӣ” бо теъдоди 200 нусха чоп шуда, дар маҷмуъ 18 мавзуи марбут ба рӯзноманигории чандрасонаӣ, аз ҷумла сохтани матлаби чандрасонаӣ, гирифтани садо, сохтани инфографика, сохтани блог, боз кардани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

 

Ин китоб барои донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ пешбинӣ шудааст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97