Австрия пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кард

Хабари хуб 17.05.2019 10:59

Порлумони Австрия лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳои ибтидоӣ манъ мекунад. Аз лоиҳа Ҳизби мардумӣ ва Ҳизби озодии Австрия ҷонибдорӣ карданд.

Дар санад омадааст, ба бар кардани либоси динӣ ё идеологие манъ аст, ки сарро мепӯшонад. Қонун ба тӯппии яҳудӣ ва калапӯшҳои кӯдакона дахл надорад, зеро онҳо мӯй ё бештари қисмати сарро намепӯшонанд.

Ҳукумати Австрия лоиҳаи мазкурро барои баррасӣ се бор ба порлумон пешниҳод кард.

Ба гуфтаи вакилони ҷонибдор аз лоиҳа, қонун ба духтарони мусулмон барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи Австрия мусоидат мекунад. Вале намояндагони мухолифон мегӯянд, ҳукумати Австрия ба ҷои ҳалли мушкили маориф ё ҳамгироӣ бо популизм машғул аст.

Барои нақзи талаботи қонун 440 евро ҷарима муайян шудааст. Намояндагони ҷамъияти мусулмонони Австрия гуфтанд, аз қарори порлумон ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, қонун хусусияти табъизӣ дорад.

Дар Австрия аз моҳи октябри соли 2017 ба бар кардани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97