Сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як марди гумонбар бо роҳзанӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои ин сайт, Як сокини 49 солаи деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст, ки моҳи январи соли 2018, “Зокир” ном шахс бо тариқи зӯроварӣ аз писари ноболиғи 14-солааш, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, як адад дучарха, ки арзишаш 1750-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини деҳаи Қуштеппа бо гумони ғоратгарӣ дастгир шудаааст. Дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.