Ба оташ кашидани молҳои чинӣ аз суи бозаргонони ҳиндӣ

Хабари хуб 20.03.2019 23:16

Ҳазорон тоҷири ҳинди 19 март дар эътироз ба сиёсатҳои тиҷорӣ ва хориҷии Чин, молҳои воридоти ин кишварро ба оташ кашиданд ва аз давлат хостанд то тарофаи воридоти маҳсулоти чиниро афзоиш диҳанд.

Ин бозаргонон зимни ибрози нигаронӣ аз осеб дидани тавлидкунандагони дохилӣ бар асари воридоти маҳсулотичинӣ аз масрафкунандагони ҳиндӣ хостанд то колоҳои воридшуда аз ин кишварро таҳрим кунанд.

Хашми ин бозаргонон аз Пекин ҷанбаи сиёсӣ низ дорад. ИстифодаиЧин аз ҳаққи вето дар Шӯрои амниятиСозмони милалиМуттаҳид дар қарор нагирифтани Муҳаммад Масъуд Азҳар, раҳбари исломгарои ифротии Покистон дар листи сиёҳ боиси хашми ҳиндиҳо шудааст.

Муҳаммад Масъуд Азҳар, бунёнгузори гурӯҳи исломгарои ифротӣ ва шибҳи низомии «Ҷайши Муҳаммад» аз тариқи муборизаи мусаллаҳона ба думболи ҷудоииКашмир аз Ҳинд аст. Ин гурӯҳ масъулияти бомбагузории интиҳории моҳи феврали 2018 дар Кашмирро, ки ба кушта шудани 40 низомии ҳиндӣ анҷомид бар уҳда гирифт.

Чин ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои амниятиСозмони милалиМуттаҳид бо истифода аз ҳаққи вето аз қарор гирифтани номи раҳбари ин гурӯҳ дар листи сиёҳ ҷилавгирӣ ва эълом кард, ки далели ин кор фароҳам кардани замони бештар барои кумитаиШӯрои амният ҷиҳати баррасӣ ва машварат дарбораи ин масъала будааст.

 Чин дувумин шарики тиҷории Ҳинд аст ва аз замони рӯйи кор омаданиНарендраМуди дар соли 2014 ба унвони нахуствазириҲинд, тиҷорати Пекин бо Деҳлии нав ба мизони 75 дарсад, яъне 63 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Конфедератсияи бозаргонони Ҳинд мегӯяд, ки ин ҳаракат эътирозе бар аллайҳи воридоти колоҳои чинӣ бо ҳадафиадаб додани Пекин бадалели суистифода аз қудрати вето аст.

Бозаргонон дар Деҳлии нав колоҳое назириноутбук, телефони мобил, компютер, дастгоҳҳои факс ва бозичаҳои чиниро дар маҳали фурӯши молҳои чинӣ ба оташ кашиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97