Оғози омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2019” дар шаҳри Душанбе

Хабари хуб 14.03.2019 08:48

Дар Душанбе Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» таъсис дода шуд.

 Дар ин бора  қарори Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли ҷорӣ ба имзо расид.  Тибқи ин  қарор Комиссияи мазкур муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тавре аз Раёсати иттилоъот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ховар» хабар доданд,  тибқи ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 25 марти соли 2019 пешниҳод намоянд.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2019» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 30 марти соли 2019 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97