Дар Тоҷикистон таъсиси утоқҳои махсус барои бозпурсии гумонбарон дар назар аст

Хабари хуб 13.03.2019 10:44

Рамазон Раҳимзода, ки рӯзи сешанбе дар ҳамоише бо ширкати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сафирони хориҷӣ ва матбуъот сӯҳбат мекард, гуфт, қарор аст дар чорчӯби ислоҳоти кори милисаи Тоҷикистон утоқҳои махсус барои бозпурсии гумонбарон таъсис шаванд ва ҳама гуна бозпурсиҳо минбаъд зери назорати видеокамераҳои назоратӣ анҷом шавад.

Ӯ гуфт, тибқи нақша, онҳо бояд бозпурсии гумонбарон дар ҷиноятҳоро дар утоқҳое анҷом диҳем, ки камераҳои назоратӣ дошта бошанд ва ин камераҳо имкон медиҳанд, ки аз аъмоли ғайриқонунии кормандони пулис нисбати гумонбарон пешгирӣ шавад. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, аммо ҳоло ин кор пурра сурат нагирифтааст ва бояд маҳзани ягонаи иттилоотӣ ва шикояту аризаҳои сокинон таъсис дода шавад, ки ҳар кас тавонад тавассути интернет баррасии шикоятҳояшро назорат карда тавонад.

Соли 2020 қарор аст дар пайи ислоҳот милисаи тоҷик ба полис табдили ном кунад ва Раҳимзода гуфт, ки кормандон бар асоси озмун, ба гуфтааш "аз се кас як кас" пазируфта мешаванд.

Мақомот мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 2012 то имрӯз барои татбиқи ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи кишвар як миллиард сомонӣ масраф шудааст, ки ин маблағҳо барои сифатан беҳтар кардани шароити кори милисаҳо, таъмини онҳо бо компютеру фановариҳои замонавӣ, мошинҳо ва ғайра равона шудааст.

Вазири дохилӣ гуфт, миқдори зиёди биноҳои нави милитсия дар минтақаҳо ва пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла, бинои Академияи ВКД низ дар доираи ҳамин маблағ сохта шудааст. Вале ба гуфтаи Раҳимзода, барои иҷрои тамоми 32 банди барномаи ислоҳоти милитсия ва омодагӣ ба гузаштан ба низоми кори политсия ва тақвияти инфрасохтор "сармоягузории бузург" лозим аст. "Бидуни ёрии созмонҳои кӯмакрасон ҳеҷ кореро анҷом додан имкон надорад",-гуфт ӯ.

Манбаъ: радио Озодӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97