Урдуғон аз ҳомиёни ҳуқуқи занон барои баргузории тазоҳуроти 8-уми март интиқод кард

Хабари хуб 12.03.2019 10:16

Раҷаб Тайиб Урдуғон раиси ҷумҳури Туркия занонеро, ки дар маркази Истанбул дар рӯзи ҷаҳонии зан тазоҳурот карданд, ба зери суол бурдани арзишҳои исломӣ муттаҳам кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон тан аз ҳомиёни ҳуқуқи занон барои ширкат дар тазоҳуроти рӯзи Зан, ҷумъа 8-уми марти соли ҷорӣ дар марокизи Истанбул ҳузур ёфта буданд, ки чанд соъат баъд аз ин таҷаммуъ, пулис аз гози ашковар барои пароканда кардани онҳо истифода кард.

Раиси ҷумҳури Туркия дар ҷамъи тарафдорони худ аз ҳомиёни ҳуқуқи занон интиқод кард, ки “чаро дар наздикии маҳалли намози ҷамоъати Истанбул шиъор дода, овоз хонда ва дар хиёбон рақсидаанд”.

Урдуғон гуфт, ки тазоҳуркунандагон ҳамзамон бо пахши азони намози шом, овоз сар додаанд ва арзишҳои аслии исломро доғдор кардаанд.

Гурӯҳе аз исломгароёни ҳомии Урдуғон якшанбеаср пас аз суханони раиси ҷумҳурии ин кишвар, ба хиёбон омаданд ва дар майдони Таксим, яке аз аслитарин майдонҳои маҳалли тазоҳуроти 8-уми март дар Истанбул, рафтори ҳомиёни ҳуқуқи занонро маҳкум карданд.

Яке аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон дар Истанбул эълом кард, ки ҳамзамон шудани азон бо шиъорҳо ва овозхонии тазоҳуроткунандагон иттифоқӣ будааст ва амдӣ даркор набудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97