107-умин солгарди таъсиси матбуъот дар Тоҷикистон таҷлил мешавад

Хабари хуб 11.03.2019 15:12

Бино ба иттилоъи раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, имрӯз соъати 16:00 маросиме ба муносибати як саду ҳафтумин солгарди таъсис матбуъоти Тоҷикистон дар театри давлатии “Абулқосим Лоҳутӣ” баргузор мешавад.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, дар ин нишаст ширкат ва суханронии намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ТВ ва радио, раёсати Иттифоқи журналистон, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва собиқадорони соҳа дар назар аст.

Ҳамчунин дар ин маросим эътои ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Воҳид Асрорӣ сурат мегирад.

Рӯзи матбуъот дар Тоҷикистон ба аввалҳои соли 1912 қарни гузашта, замони интишори нахустин рӯзнома бо номи “Бухорои Шариф” ба забони тоҷикӣ рост меояд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97