Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба феҳристи муассисаҳои олии ватанӣ шомил шуд

Хабари хуб 05.03.2019 10:00

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ соли ҷорӣ ба феҳристи имтиҳоноти дохилшавӣ аз  тариқи Маркази миллии тестӣ шомил гардиданд.      

Дар ин росто дар маҳалли бақайдгирии 0401-и Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон,  воқеъ дар бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ  мулоқоти довталабону волидони онҳо бо масъулини ин нуқтаи бақайдгирӣ баргузор шуд.

Мамадисо Имомёрбеков роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ мегӯяд: «ҳарчанд давоми як моҳи охир кормандони марказ ба ҳамаи ноҳияҳои вилоят сафар карда, бо омӯзгорон, хатмкунандагон ва волидони онҳо оид ба тарзу усулҳои имтиҳоноти дохилшавӣ аз тариқи маркази тестӣ маълумоти мукаммал пешниҳод намуданд, аммо рӯзҳои аввали  ба фаъолият шурӯъ кардани ин марказ зарур шумурдем, ки бори дигар бо онҳо мулоқот анҷом диҳем. Яке аз навигариҳо дар мавсими имсолаи имтиҳоноти дохилшавӣ-ин ба феҳристи муассисаҳои олии ватанӣ шомил кардани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад».

Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ  моҳи  сентябри соли гузашта бо иштироки раиси ҷумҳури кишвар расман ба фаъолият оғоз кард.

Донишгоҳ бар асоси  шартномаи байналмилаллӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон бунёд ёфта,  аз рӯи ду ихтисос — омӯзиши илм дар бораи замину муҳити зист ва иқтисодиёт мутахассис омода мекунад.

Ҳоло дар ин донишгоҳ 150 нафар донишҷӯ аз  Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон  таҳсил мекунанд.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷуз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ имсол ба имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ боз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ низ илова гардиданд.

Манбаъ: Ховар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97