Камшунавоӣ эҳтимоли мубтало шудан ба фаромушхотириро зиёд мекунад

Хабари хуб 04.03.2019 13:14

Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад, ки камшунавоӣ фишори зиёде ба мағз ворид мекунад, фаъолиятҳои табиъии онро халалдор мекунад ва бемориҳое аз ҷумла афсурдагӣ ва дементсияро ба вуҷуд меоварад. Шунавойисанҷӣ як бор дар сол барои пешгирӣ аз ин мараз ба фоидаи кор аст.

Ношунавоӣ ё камшунавоӣ маъмулан ҷузви бемориҳое ҳастанд, ки одамҳо дар мавриди онҳо хеле ғафлат мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар натиҷаи ин ғафлат ҳудуи 460 миллион инсон дар дунё аз заъфи шунавоӣ ранҷ мебаранд , вале фақат теъдоде аз онҳо ба фикри дармон меафтанд.

Ба ақидаи пизишкон, заъфи шунавоӣ дар синҳои боло таъсироти ҷуброннопазире рӯйи саломатии инсон дорад. Камшунавоӣ ё шунавойи сангин метавонад хатари мубтало шудан ба дементсия ё фаромӯширо байни 2 то 5 баробар боло бибарад.

Ин дуруст аст, ки бо боло рафтани синн органҳои мухталифи бадан таҳлил мераванд. Аммо масъала ин аст, ки фақат афроди маъдуде шуруъи заъфи шунавойи худро ташхис медиҳанд, иддае зиёде кам- кам ба доштани гӯши сангин одат мекунанд ва онро дастикам мегиранд.

Баъзан дӯстон ё афроди хонавода дар мавриди ин ки шунавойи шахс дар ҳоли таҳлил рафтан аст ба ӯ ҳушдор медиҳанд, аммо ин лузуман кофӣ нест то ӯ гоми аслӣ барои дармонро бардорад.

Шунавойисанҷӣ як бор дар сол

Аз онҷое, ки шунидан яке аз муҳиммтарин ҳавосси панҷгонаи инсон (бӯёӣ, чашоӣ, ломиса, шунавоӣ ва биноӣ) аст ва барои маконёбӣ ва амният дар трофики шаҳрӣ бисёр аҳамият дорад, бояд соле як бор барои санҷиши шунавоӣ ба мутахассиси гӯш ва ҳалқу бинӣ мауроҷиъа кард.

Шунавойисанҷӣ танҳо роҳи ташхис ва дармон ба мавқеъи заъфи шунавоӣ аст.

Пизишкон бар ин назар ҳастанд, ки ношунавоӣ ва камшунавоӣ қобил ислоҳ нестанд, сулулҳои асабии гӯши дохилӣ монанди дигар сулулҳои асабии бадан қобили тармим нестанд.

Ҳатман шунидаед, ки вақте як гӯш намешунавад, гӯши дигар кори гӯши аз корафтодаро анҷом медиҳад.

Коршиносон аммо мегӯянд ин назари иштибоҳ ва хатарнок аст. Вақте як гӯш тавонойи шуниданро аз даст медиҳад, бар мағз фишори изофа ворид мешавад то вазифаи шуниданро дар гӯши солим танзим ва якдаст кунад.

Хуб мешунавӣ пас солим мемонӣ

Тавонойи шунидан лозимаи зиндагии иҷтимоъӣ ва иртибот бо дигарон аст. Тард шудан аз иҷтимоъ ва ба табъи он афсурдагӣ ва фаромушӣ метавонанд маълули заъфи шунавоӣ бошанд.

Талоши мағз барои ҷуброни заъфи шунавойи як гӯш ва танзими қудрати шунавоӣ бар мағзи инсон фишори зиёде бор меоварад. Дар асари ин фишор, дигар тавонойиҳои мағз ба шиддат таҳти таъсир қарор мегиранд ва эҳтимоли мубтало шудан ба бемории дементсия 2 то 5 баробар бештар мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97