Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон оғоз шуд

Хабари хуб 02.03.2019 09:37

Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмиллалӣ"-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумхурии Қазоқистонро оғоз кард.

Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмиллалӣ"-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии ҷумхурии Қазоқистон барои соли таҳсили 2019-2020 аз руи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули хуҷҷатҳо оғоз гардидааст.

Барои иттилоъикомил хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмиллалӣ" бо нишонии (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-18-83, 223-23-57

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97