Дар пайи як амалиёти кормандони Агентии назорат бар маводи мухаддир дар вилояти Суғд, беш аз
Зеро ба гуфтаи ин масъулон, қочоқбарони маводи мухаддир, ки гуфта мешавад ду нафар будаанд, маводро гузошта ва бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави Қирғизистон паноҳ бурданд.
Ҳамакнун мушаххас шудааст, ки маводи забтшуда тавлиди Афғонистон буда ва барои бори аввал аст, ки ин миқдор героин дар қаламрави вилояти Суғд кашф ва мусодира шудааст.
Дар муддати панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд, ҳудуди
Аммо масъулони Агентӣ мегӯянд, кашфу мусодираи беш аз
Ин дар ҳолест, ки масъулони Агентии назорат бар маводи мухаддир мегӯянд, амалиёти "Кӯкнор - 2009" бо ширкати ҳамаи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии дар қалмрави Тоҷикистон ҷараён дорад. Ба гуфтаи Саъдулло Раҳматуллоев, масъули Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзҳои гузашта дар чорчӯби ин амалиёт дар қаламрави ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон беш аз 2 ҳазору 300 бех бангдона ва хашхош кашф ва нобуд карда шудааст. Инчунин дар навоҳии Шаҳринав ва Рӯдакӣ низ, ҳудуди 400 бех бангдонаро кашф ва аз тариқи сӯзондан, нобуд карданд.
Интизор меравад, амалиёти "Кӯкнор - 2009" то охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ идома пайдо кунад.