Хабари хуб

Дар Душанбе хатсайри нави автобус таҳти рақами 29 роҳандозӣ мешавад 23.02.2019 09:54 Дар Душанбе хатсайри нави автобус таҳти рақами 29 роҳандозӣ мешавад
Шурӯъ аз 25 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар хатсайри нави автобусӣ таҳти рақами 29 ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Масири хатсайри мазкур аз беморхонаи Қарияи боло то  маҳаллаи Пахтакор тӯл ....

Дар пайи эътирози оммавии модарони серфарзанд: Назарбоев ҳукумати Қазоқистонро ба истеъфо равона кард 22.02.2019 09:35
Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи гузашта бо судури як фармон ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод. Назарбоев бо интиқод аз фаъолияти ҳукуматаш гуфт: “вазирон наметавонанд, бо мардум кор кунанд. Ҳукумат дар якҷоягӣ бо Бонки миллӣ натавонист рушди босифати иқтисодро таъмин кунад”. Вай дар идома тасреҳ кард: "дар натиҷаи бархӯрди сатҳии мақомоти иҷроия ....
Тасдиқи намоди “Наврӯз-2019” тавассути раиси ҷумҳур 22.02.2019 09:04
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон тайи як қароре намоди (эмблемба) иди байналмиллалии Наврӯз барои соли 2019-ро тайид кард. ИН намод ё нишона шакли доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва ....
Донишгоҳи Вестминстери Британия ба донишомӯзони тоҷик бурсия ҷудо карданист 22.02.2019 08:43
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар таърихи 19 феврали соли 2019 мулоқоти Масуд Халифазода сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо профессор Александра Хюз муъовини ректор оид ба ҳамкориҳои глобалӣ, Адриан Дотч  сардори раёсати хизматрасонӣ ва қабули довталабон ва Стивен Воллис  сардори бахши маъорифи ....
Русия истифода аз смартфонҳо барои сарбозонро манъ кард 21.02.2019 15:00
Думаи Русия истифода аз телефонҳои ҳушманд (смартфон) тавассути сарбозон дар ҳини хидматро мамнуъ кард. Райи намояндагони Думаи Русия ба ин тарҳ пас аз он анҷом шуд, ки истифодаи сарбозон аз шабакаҳои иҷтимоъӣ дар ҳини хидмат, боъиси бурузи нигарониҳое дар бораи масоили амнияти миллӣ шуд. Мутобиқи тарҳи ба тасвиб расида, афроди низомӣ ҳаққи ....
Таҳсили ройгон барои талабаҳои синфҳои болоӣ тавассути барномаи “Study with US”- и Амрико 21.02.2019 13:13
Талабаҳое, ки орзуи идомаи таҳсил дар Амрикоро доранд метавонанд метавонанд аз тариқи барномаи “Study with US”-и ин кишвар истифода кунанд. Агар шумо толибилми синфҳои 8, 9 ва 10-и мактабҳои мутавваситаи шаҳри Душанбе бошед, он гоҳ барномаи Study with US дар хидмати шумост! Барномаи яксолаи Study with US тамоман ройгон буда, ба ....
Русия дар садади осон кардани дарёфти шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни тоҷик аст 21.02.2019 12:53
Игор Лякин-Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷикистонӣ барои идомаи таҳсил дар Русия рӯ ба афзоиш аст. Дипломати рус бо баён ин ки дар Тоҷикистон филиали бахше аз муассисаҳои олии Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи славянӣ фаъолият доранд, афзуд: “феълан ....
Туркманистон занонро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карданист?! 21.02.2019 11:07
Ба назар мерасад, ки давлати Туркманистон мехоҳад ронандагони занро аз хиёбонҳо берун кунад. Занони Туркманистон мегӯянд, ки ҳукумати ин кишвар ба сабабҳои беҷо гувоҳиномаи ронандагии онҳоро мегирад ва ҳамчунин гузоришҳое аз ин кишвар ба гӯш мерасад, ки давлат қасд дорад занонро аз ронандагӣ маҳрум кунад. Ба гузориши вебсайти “Хроника Туркменистана”, сайти машҳури ....
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон гузаргоҳи нави марзӣ кушода мешавад 21.02.2019 10:24
Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи гузашта протокол оид ба ворид намудани илова ба созишномаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатиро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони сездаҳумин гузаргоҳ миёни ду кишвар мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ....
Баргузории ҷашнвораи “Ҳафтаи китобҳои кӯдакон ва ҷавонон” дар саросари Тоҷикистон 21.02.2019 09:53
Бино ба гузориши ТоҷикТа, аз 2 то 9 апрели соли ҷорӣ дар сартосари Тоҷикистон ҷашнвораи “Ҳафтаи китобҳои кӯдакон ва ҷавонон” баргузор мешавад. Ин ҷашнвора зери ъунвони “Кашфи истеъдодҳои ҷавон” дар китобхонаи давлатии кӯдакона ба номи Мирсаид Миршакар оғоз меёбад ва сипас дар сартосари китобхонаҳои кишвар идома меёбад. Рӯзи 9 апрел барномаи ҷашнӣ ....
Раиси ҷумҳур дар мулоқот бо намояндагони ВАО: сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст 21.02.2019 09:34
Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлатӣ гуфт: омӯзиш ва тарбияи мутахассисони касбӣ дар Академияи васоити ахбори  умум то ба ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надода истодааст, сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст ва сабаби дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97