Millat
19.05.2012
КВН таҳқир
22.03.2011 09:32   

KVN_tahqirМаро андешае водор месозад, ки дигар дар ҷустуҷӯи хатоҳо ё дар танқиди хеш накӯшем, ин ҳам ҳамон ҳувияти миллӣ ва ҳиси ватандӯстист, ки ман нисбати ватани азизи худ Тоҷикистон  дорам.

Аммо суъоле чанд маро ба андеша машғул медорад, ки чаро имрӯз донишҷӯёну аҳли адаб ва ё сиёсатмадорону равшанфикронамон дар ҷустуҷӯи хатои якдигар ва эрод гирифтан аз сухани ҳам мекӯшанд, ва ё гоҳе афроде ҳам пайдо мешаванд, ки ватану миллати худро танқиду тавҳин мекунанд.

Албатта дар ҳар давру замон дар ҷомеъа хатоӣ буд ва ҳаст ва ё шахсияте бехатову бекамбудӣ шуда наметавонад, чунки бехато танҳо зоти поки Ӯст.

Чуноне Мавлои Рум мефармояд:

Вуҷуди хок аз санге ҷудо нест,

Сиришти оҳан аз санге ҷудо нест.

Хатоҷӯён хатои худ биҷӯед,

Дар олам бехато ғайр аз Худо нест.

Бутпарастон аз кори мо дар ҳайратанд

Рӯзе мақолаеро бо унвони "Андешаҳои бебунёд" дар сомонаи интернетии "Ховар" хондам, ки профессор Атахон Сайфулоев ба чанд андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат эрод гирифтааст, ки гӯё шоир дастовардҳои даврони истиқлолияти миллиро нодида гирифта ва бо комёбиҳои сиёсии дохиливу хориҷии кишвараш хати бутлон кашида бошад. Дар ҳоле, ки ҳадафи шоири номвар тамоман чизи дигар буд.

Ё бо далеле, ки шоир дар даврони Шӯравӣ дар васфи Ленин шеърҳо сурудааст ё дар шеърҳояш Ленинро мадҳу ситоиш кардааст.

Шоири тавоно ба хатоҳои кардаи худ дар даврони Шӯравӣ иқрор аст.

Масалан, дар масъалаи шеърҳое, ки дар васфи Ленин эҷод кардааст, мегӯяд вақте ҳақиқату воқеъиятро шинохт он ҳама мисраъҳои ба истилоҳ лениниро aз дафтари шеъраш пок кард.

Ҷое дигар шоир мегӯяд дар ҷавонӣ аз куҷо медонистам, ки дар замони Шӯравӣ ё дар сиёсати пеш гирифтаи он давлати абарқудрат чӣ иштибоҳе шуда аст ва аз сиёсати ғалати он вақтаи Шӯравӣ маълумоте надоштааст.

Дар сурате ки Атахон Сайфулоев дар ибтидои солҳои 90- уми асри рафта ҳангоми пошхӯрии Шӯравӣ ба ҳайси раиси Идораи тeлeвизиён ва радио шуда кор мекард ва барномаи барандохтани муҷассамаи Ленинро гаштаву бар гашта, такрор ба такрор ба воситаи оинаи нилгун ба мардум нишон медод ва миёни ҷомеъа шӯр меандохт, ки яке аз сабабҳои сар задани муноқишаҳои дохилӣ аз касофати ҳамон муҷассамаи Ленин буд, ки Тоҷикистони ободи моро ба ноамнӣ ва ҷанги бародаркуш овард. Ҳол он ки баркандани муҷассамаи Ленин дар ватани азизи худаш сару садоеро баланд накард.

Монанди оне, ки бархе ҳамватанони мо ҳатто барои баркандани муҷассамаи Сталин дар ватанаш Гурҷистон ба ғазаб меоянд. Хушбахтона Ленину Сталин дар Тоҷикистон зода нашудаанд, вагарна иддае онҳоро чунон парастиш мекарданд, ки бутпарастон бутро.

Мо дар ғайбати ҳам, дигарон дар андешаи Моҳу Миррих

Ҳамватанони азиз, албатта дар ҷустуҷӯ ва пайдо намудани нуқсу хатои якдигар будан кори чандон баде нест, ба шарте ин кор беғаразона, ислоҳ талабона ва бо алфози хуб бошад, на таҳқиромезу муғризона монанди он ки шоире дар даврони Шӯравӣ каме ба хатоӣ роҳ дода ё каме лағжидааст ва амсоли ин ва мо бигирему суханвари миллатро носазо бигӯем, ки ин амал ба ҳеч ваҷҳ қабул нест.

То ба кай дар пайи ҷустуҷӯи гуноҳи ҳамдигар мекӯшем. Дар асри 21 чун ба кишварҳои дигар нигоҳ мекунем, онҳо барномаҳои парвоз ба сӯйи сайёраҳои дигарро таpҳрезӣ намудаанд, дар андешаи фатҳи Моҳу Мирриху Зӯҳраанд. Аммо мо ба ҷуз айби якдигарро ҷӯстан коре дигар надорем, ё худ мардуми мо мисле, ки ба тундгӯиву сухани сахт гуфтан одат кардаанд.

Ҳузнангезтар аз ин он аст, ки дар таҳқири ватани хеш рӯзе мақолаеро дар як ҳафтанома зери унвони "Душанбе барои ман бегона шудааст", ки аз забони устод ва адиби муъосири тоҷик Бозор Собир ҳикоят менамуд, мутолиа намудам ва шӯришеро дар вуҷудам эҳсос кардам, хусусан пас аз хондани чунин ҷумлаҳои таҳқиромез "Душанбе пеш бӯйи атр мекард, ҳозир бӯйи г..." Барои чунин шахсияте мисли Бозор Собир зебанда набуд, ки чунин суханҳои нохушу нофорам бигӯяд.

Муҳаббатро зи моҳӣ бояд омӯхт!

Ки аз обаш бурун орӣ, бимирад.

Ё худ дар яке аз сомонаҳои интернетии (youtube) ба ҳамагон маъруф  барномаи КВН-ро, ки донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Маскав баргузор намуданд вa дар он Сӯҳроб Саъдулоев, Рустам Назаров, Азиз Мансуров, Мадина Сиразова, Фаридун Муҳаммадиев, Алишер Имонов, Дилшод Собитов, Султон Мубoракқадамов ва Мунир нақш бозидаанд, тамошо кардам. Дар аввал хурсанд шудам, ки тоҷикони ман ҳам дар чунин барномаҳо ширкат мекунанд, ки ҳатман сабаби фахри миллат мешавад. Аммо афсӯс, акси ин ҳолро дидам. Ин чӣ барнома буд, фақат танқиди миллати хеш, то он дараҷа, ки бовари кас намеояд. Худи ҳамин шахсиятҳо як ба ҳамон коментарияҳое, (nazariyahoe) ки тамошогарон дар ( Youtube) навиштаанд, ворид шуда бубинанд ва бихонанд, хеле хуб мешуд. Oн қадар "раҳматнома"- ҳое ба суроғи падару модарашон омадааст, аз ин фарзандҳои бемаъниашон. Наход дар як барномае, ки чандин миллатҳо ва миллион мардумон онро тамошо мекунанд, мо дар он миллати худро таҳқир созем.

Тоҷике, ки миллати худро масхара мекард

Дардноктар аз ин он аст, ки имрӯз афроде пайдо шудаанд, ки дар берун аз марзи ватан қарор доранд вa аз тоҷикияти худ ор ва ҳазар мекунанд, ба андешаи онҳо миллати тоҷик зиндагиашро аз ҳисоби кишварҳои хориҷӣ пеш мебарад, агар ба маъоши Тоҷикистон ё дар Тоҷикистон бошанд, рӯзгорашон пеш намеравад.

Не ин хатост! Онҳо ғурури миллӣ надоранд, ғурурашонро куштаанд ё фурӯхтаанд, миллатро беқадр ва масхара кардаанд. Мисли оне, ки тоҷике бо номи Ҷовид Қурбонов бо гурӯҳи "Наша Раша" ҳамкорӣ карда, доимо ҳаммиллатони хешро- тоҷиконро таҳқир мекунанд. Ҷовиде, ки аминам номаш дар саҳфаи миллати хеш бо некӣ ёд нахоҳад шуд, ё ҷовид нахоҳад монд.

Инчунин дар бисёре аз филмҳои русӣ ба офарандагони нақши ҷавони тоҷик менигарем, мебинем он нақш инъикоскунандаи зиндагонии миллатеанд, ки намояндагонаш доим ба корҳои ифлос банданд. Масалан, дар филми "Бригада" Фарҳод ном ҷавони тоҷик ба фурӯши маводи мухaддир машғул аст, ё дар филми "Қандаҳор" (Qanдahor) нақши як тоҷике, ки шахси миёнаравро иҷро мекунад, хеле манфӣ ҷилва мекунад.

Магар чунин кор, чунин бархӯрд бо як мардуме, ки фарҳангу тамаддуни чандҳазорсола дорад дуруст аст? Магар ҷойиз аст, ки як бехабару муғриз ё нотавонбине чанд мо авлоди Сино, Хайём, Форобӣ, Имом Бухориву Саъдии Шерозӣ, Сайидову Донишро ба танзу масхара мегиранд. Магар надидаанд ё хабар надоранд, ки шеъри бобои оламшинохтаи мо Ҳазрати Шайх Саъдӣ дар сақфи дарвозаи Созмони миллали муттаҳид бо чандин забонҳо тарҷума ва нигошта шудаaст?! Мо бояд худро шиносем ва қадр кунем. Мо бояд фурӯхтаву харида нашавем.

Дар шоми Ватан шамъ бояд афрӯхт!

Банда дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дорам ва каме бошад ҳам аз зисту зиндагонии ин мардум огаҳам, ки қисми зиёди ин мардумро табақаи нодору фақир ташкил медиҳад. Ҳатто зиёда аз як миллион аҳолии ин шаҳр аз фақру набудани шароит ва надоштани ҷои зист қабристонҳоро маскани истиқомат қарор додаанд. Аммо ҳуввияту ифтихори миллӣ доранд. Дар ин хусус боре аз донишҷӯдухтаре, ки дар соли охири факултаи журналистика (хабарнигорӣ) мехонд, суол кардам: Ӯ ҳеч шиквае накарду хоҳиши зиёде кард, ки ҳар гоҳе ба ватанат бармегардӣ аз вайрониҳову камбудиҳое, ки дар Миср дидӣ, ҳеҷ магӯ, то сафи сайёҳони кишвари мо каму коста нашавад. Чун ин суханонро шунидам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд, ба чунин  ҳувияти миллӣ ва дӯстдориву муҳаббате, ки он донишҷӯдухтар нисбати ватанаш дошт, аҳсант хондам.

Аммо, афсӯс имрӯз мо ба ҷои он ки дар шоми ватани хеш шамъе равшан намоем, баръакс дар нафрин ва мазаммати торикии oн кӯшидаем.

Бо умеди ислоҳи камбудиҳо ва кӯшишҳо баҳри ободии Ватан ба ҳама тавфиқ мехоҳам.

Гирям аз он, ки ду се, бешарафе,

Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.

Гирям аз он, ки ту танҳоиву ман танҳотар,

Ватанам, о Ватанам, о Ватанам!

 Умедҷони Шокирӣ,

донишҷӯйи Донишгоҳи қоҳираи

Ҷумҳурии Мисри Араб

 

Назарҳо  

 
+3 # 23.03.2011 08:15
Салом ба масъулини сомона ва ба Умедчон.
Манам рости тамошо кардам ва сараввал гумон кардам,ки инхо аз Русия хастанду мисли он ки таклиду тахкир мекунам,вале чун фахмидам донишчуёни точиканд инро дигаргуна кабул кардам.
Миллати мо,ки хазорсолахоро паси сар кард ва фарханги гани дораду шинохтааст зарур набуд,ки бо ширкати донишчуён дар КВН чунин тахкир шавад.Ва дилам сахт месузад ба он чавононе,ки дигаронро хандониданду ба решаи номуси худ намак мепошиданд.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 24.03.2011 00:27
Орзу
Дуруст кайд кардед бародар. Иштироки эшон нишон дод, ки миллати точик низ фаъол аст, аммо набояд миллати хешро мавриди тамасхар карор дод. Вой бар холи шумо. Дар сомонаи www.torrents.tj чунин ватанфурушон зиёданд, онхоро бояд ватандориву ватанпарвариро омузонид.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 28.04.2011 23:43
Вой Ватан Вой Ватан Вой Ватан Вой. Чолиб ин чост, ки хар чо ки харакати хато ва гайри инсони сар занад ба таври худогох ва гайри худогох, дар чавобаш мегуянад"А БАЧА ТОЧИКИШ КАРДИ?" Не азизи дили бародар, дар асл комилан баръакс ТОЧИКИШ нашуд хар вакт, ки хатое сармезанад!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 05.08.2011 04:40
Салом ба бародаронам; манам мисли шумо дилам барои миллатам месӯзад аммо чи кунам? чи кунам, ки ТОҶИК дар кишвари худ ҳам ғариб аст? Бародари азиз! Бародари ҳамхунам! ДИФОЪ аз ОБРӮИ як миллат вазифаи давлати он кишвар аст. Аммо оё давлати мо то ҳоло кадом вазифаи худро ба дурустӣ анҷом дода аст, ки ин дуввумаш бошад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 05.08.2011 04:44
Салом ба бародароне, ки мудирияти ин сомонаро ба уҳда доранд. Бародарон баъд аз фиристодани назар паёме бо забони русӣ барои қадрдони ошкор мешавад, агар имкон дорад ҳамин паёмро ТОҶИКИаш кунед.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 27.09.2011 15:19
Хамин КВН-и беватанора дар кучо бинем?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 09.10.2011 23:51
ассалому алайкум ба хама хамватанони азиз рости гап бародарон ман аз ин гуна донишчуёне ки обу руи миллатро дар хорич паст мекунанд бовари дорам ки дар оянда танхо инсонхои бахри шикам кор мекардаги мешаванд на бахри миллат. Инсон бояд бахри миллат дилсуз бошад ин масхара аст ки ба онхо ичозаи чунин амалро додааст ман намедонам мо бахри миллату ватан чонро фидо мекунем аммо ин бародарони мо бошад аз паи масхара кардани милатанд
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 17.10.2011 21:53
Бехтар аст ки чунин намоишхоро набини ва бар калби
пурреши хеш реши дигар зам накуни,оне ки ман мекунам. бехтараш ба тамошои бародарони Ирону точикони Афгон биравед ло агл забони ширину равони форсиро мешунавед ки рухро ором мебахшад.Вале Худо накунад давру баратон точикхо бошаннд ун хам хароб мешавад зеро гайри дашном чизи дигаре нест чун каломе дигар ба зехн надоранд.
Саводи чавонони мо дар хамин хад аст,ки забони Точикиро факкат ба забони хакорату чирту-пирт
табдил кардааст....-аз мост ки бар мост....!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # МАХДИ 12.12.2011 21:52
АСАЛОМУ АЛЕКУМ ХАМВАТАНОН ХАР ЯК МИЛАТ АЗ ВАТАН ОБУРУ МЕЕБАД.ДАР ВАТАН ОБУРУ НАДОРЕМ ХОРИЧ АЗ ВАТАН БЕ ОБУРУ ХАСТЕМ.ДАР ТАМОМИ МИТАКАХОИ ЧУМХУР ХИЕНАТ ХАБАРКАШИ БЕСАВОДИ ДАР ИНСОНХО КАСБ ШУДААСТ.РАСУЛИ АКРАМ С.А В.ГУФТААНД ХАЛОКИИ УМАТИ МАН ДАР БЕСАВОДИС
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # Бахтиёр 17.12.2011 08:58
Бародарон! Дидед, чи хел якдилона як фикрро такрор кардед: онхо моро шарманда карданд! Ин нишонаи миллати мо аст имруз, ки токати як зарра танкидро надорад, хачвро танхо дар бораи дигарон меписандад. Аммо бузургон бар холи худ хандидан метавонанд! Танхо он вакт, ки ба худ бо ханда муносибат кардан тавонем, рухияи мо сихат мешавад ва худро шинохта пеш рафтан метавонем. Аммо холо мо бузургем, таърихи бузург дорем гуфта, холати имрузаи худро шинохтан натавониста истодаем.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # Sator 10.01.2012 14:22
In donishju dar Kohira chi mekofta bosha? oyo bar nagardondenash? baroi chi? itari milatparastu patriot purai))) ai khandara sust kadi)
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Нек 02.03.2012 14:42
Рости гап точики мо дар худи ватани худ бегона аст. Бовар кунед 95% БЕГОНА!!! Боз Шумо мехохед ки Шуморо масхара накунан? Мо ку дар хамин ватани худамон руи рост точики худамон моро масхара мекунад бо он конунхояшон бо хама кору борашон!!! КВН-шикхои беакл ку гузаронданд наход ягон приколи дигар ефт нашуд ки боз хам худро масхара карданд. Барои чи барои он ки мо ягон майда кадр надорем. Мо ба якдигар дар хамин ватани худ кадрдони намекунем чи расад ба дигар миллатхо. Аз худ сар кардан даркор аст, аз худ!!! То хамватани худи туро одам хисоб накунад дигарон хеч гох туро одам хисоб намекунанд. Аз точик факат Таърих мондааст ки уро хам дигарон аз худ кардаанд.
Худо нигахдоратон бод точикхои баномус!!!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov