| Ҳар рӯз ҷасти малахак | |
|
|
ё шикасти "Наполеон"-и тоҷик дар "ҷанги ҳаштсола бо малахи марокашӣ" Аз ҷасту хезак ба парвозҳои баланд
Аммо Тоҷиддин Содиқов, муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки малахи марокашӣ ба қаламрави Хатлон аз ҳамсояи дигар Афғонистон гузаштааст. Ба гуфтаи ӯ, то охири солҳои 1980-ум мубориза бар зидди ҳашаротҳои зарарасон дар Тоҷикистон қатъӣ буд. "Экспедитсияи карантинӣ"-и пурқуввати Шӯравӣ намегузошт, ки ҳашароти зарарасон аз сарҳади Афғонистон ба ҳудуди кишвари мо гузарад. Малах маблағҳои ҳангуфтро фурӯ бурд Ҳамин тавр дар солҳои 2006-2007 хуруҷи малах дар доманакӯҳҳои Хуросону Қубодиён ва дигар навоҳии марказ масъулинро аз хоб бедор кард. Аммо дар ду се соли аввал ин ҳодиса ҷиддӣ гирифта нашуд, ҳарчанд лашкари малах дар доманакуҳҳо ва водиҳо домани васеътар паҳн мекард. Баъдан тӯли солҳои 2007-2010 ин ҳашароти даҳшатангез ба хоҷагии халқи вилояти Хатлон хисороти ҳангуфт расонид. Маҳз хароҷоти аз меъёр зиёди маблағҳои сармоягузорон барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани малах ба гуфте миёни баъзе "фючерист"-ҳоро маъюб кард. Ҳамон сол Раҳматулло Саъдуллоев, як саромоягузори маҳаллӣ иброз дошт, ки он миқдор маблағе, ки барои мубориза бар зидди малах дар заминҳои пахтакори ҷамоати деҳоти "Гулистон"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сарф кардаанд, хоҷагидорон аз даромади худ дар ду - се сол ҳам пардохт карда наметавонанд. Мавсуф гуфта буд, ки агар дар мубориза бар зидди малах якчанд ноҳияи ҳамсарҳад ҳамроҳ мубориза набаранд, ин ҳашароти зарарасон пурра несту нобуд намешавад. Малах омад… Чанд рӯз пештар масъулини идораи кишоварзии ноҳияи Қумсангир зимни нишасти матбуотӣ иброз доштанд, ки дар мавсими имсола аллакай дар 4 ҳазор гектар мавзеҳои кӯҳии ин ноҳия хуруҷи малахро мушоҳида кардаанд. Аммо барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва пурра нест кардани малах бояд ноҳияҳои ҳамсарҳади Қумсангир, ба хусус Ҷилликӯл, Панҷ, Вахшу Ҷалолиддини Румӣ дар якҷоягӣ мубориза баранд. Дар ин минтақаҳо мавзеи хатари хуруҷи малах беш 44 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар баҳси малах ҳам ду ҳавопаймо Ҳаминак чандин сол мешавад, ки масъалаи истифодаи ҳавопаймои дорупошӣ бар зидди малах муҳокима мешавад, аммо бо сабабҳои гуногун аз воситаи ҳавоии дорупошӣ фаъол истифода бурда намешавад. Хушвахт Сафаров, муовини директори фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки соли гузашта мо барои мубориза бар зидди малах ду адад ҳавопаймои дорупоширо ба сохторҳои марбут ба Мубориза бар зидди малахи Хатлон пешниҳод кардем. Аммо онҳо бо сабабҳои номаълум таклифи моро қабул накарданд. Малахҳо аз кӯҳ поин намешаванд? Аммо кишоварзону чорподорони вилояти Хатлонро ҳуҷуми ҳамасолаи малах ба зироату сабзазорҳои водию доманакӯҳҳо ба ташвиш овардааст. Махфӣ нест, ки соли гузашта барои "Қушунҳои марокашӣ" соли бебарор буд. Зеро зимистон камборишу дар доманакӯҳҳо хушксолӣ омада, аз тариқи дорупошакҳои дастӣ нобуд кардани малах осон буд. Аммо имсоли сербориш кори муборизони зидди малахро андак мушкил месозад. Мутахассисон мегӯянд, ки агар имсол малах пурра нобуд карда нашавад, пас соли дигар кори мубориза бар зидди малах боз ҳам мушкилтар мешавад. Иқрор Сабаби дигари то кунун номуваффақ анҷом ёфтани маъракаи мубориза бар зидди малах ин аст, ки дар солҳои аввали пайдоиши ин ҳашарот доруҳое истифода мешуданд, ки ба қавле аз бӯяш ҳатто сари малах гаранг намешуд. Ин нуктаро дар сарраёсати кишоварзии Хатлон низ чунин шарҳ доданд: "Дар ҳақиқат дар солҳои аввали мубориза бар зидди малах заҳрдоруҳои бесифат истифода мешуданд. Аммо шурӯъ аз соли 2010 Барномаи махсуси мубориза бар зидди малах рӯи даст гирифта шудааст. Дар доираи ин барнома мутахассисон барои мубориза бар зидди малах он намуд заҳрдоруҳоеро тавсия додаанд, ки кафолати сад фоиза дорад. "Ҷанги Хатлон бо малахи марокашӣ" идома дорад, Вазорати кишоварзӣ мусаллаҳ мешавад Бинобар маълумотҳои ба даст омада, барои мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон барномаи бо номи "Мубориза бар зидди малах барои солҳои 2010-2014" мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки "Ҷанги Хатлон бо малахи марокашӣ" ҳадди аққал ду соли дигар ҳам давом мекунад. Гуфта мешавад, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди малах ду ҳавопаймои дорупошӣ харидорӣ намудааст. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ дар маъракаи "Малах-2012" аз ин ҳавопаймоҳо истифода бурда мешавад. Аммо то куҷо ҳомиёни табиат ин меҳмони нохондаро аз марзу бум несту нобуд мекунанд? Вақт муайян мекунад. Зеро ҳамасола марзҳои зери домани ин офати табиӣ васеъ ва лашкари малахи марокашӣ 80-90 баробар зиёд мешавад. Аммо нируи молию иқтисодии мубориза бар зидди малах бошад, андак-андак коҳиш меёбад. Ҷамолиддин УСМОНИЁН P.S. Мардум, сабабҳои шикасти вазорати кишоварзиро дар муҳориба бар зидди маллах гуногун унвон мекунанд. Агар соли аввал ноогоҳӣ, соли дуввуми хуруҷи малах норасоии маблағ, соли саввум камбудиҳои дигару беҳад зиёд шудани лашкари паррони ин ҳашароти даҳшатовар арзёбӣ шавад, аммо мардум, ки ҳамеша сухани ҳақро мегӯянд, сабабҳои дигари ин муборизаи нокоми Вазорати кишоварзиро ҳам медонанд. Ҳамон мардуме, ки заҳмати асосии маъракаи заҳрпошӣ бар зидди малах ба дӯши онҳост. Алъон мо аз ифшои баъзе эродҳои эшон худдорӣ карда, мунтазири анҷоми мавсими "Мубориза бар зидди Малах-2012" мешавем. Бошад, ки Вазорати кишоварзӣ дар соли 9-уми ин "Ҷанг"-и табиӣ музаффар шаваду камбудиҳо фаромӯш. |


Ин ҳашароти зарарасон, ки соли 8-ум мешавад, дар манотиқи гуногуни Хатлон хуруҷ мекунад, даҳҳо маротиба бештар аз дигар ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисодиёти мо зарари молӣ расонидааст. Алъон ягон аз ниҳодҳои марбута хисороти ҳаштсолаи ин ҳуҷуми-биологиро дар вилоят ё кишвар ҳисобу китоб накардааст. Ба гуфтаи кишоварзони Хатлон малах бори аввал соли 2004-ум дар доманакӯҳҳои "Боғҷида"-и қаламрави ноҳияи Шаҳритӯс (ҳамсарҳади Ҷумҳурии Узбакистон), ки як қисми ин мавзеъ ҳамчун чарогоҳ ба ноҳияи Шаҳринав иҷора дода шудааст, пайдо шуда буд. Гулбойи Қулмуҳаммад, як сокини хатлонӣ, ки ҳамон солҳо барои обёрӣ кардани заминҳои мавзеи мазкур дар "Боғҷида" қарор дошт, нақл мекунад: "Нимаи авали моҳи марти соли 2004 мо барои насб кардани пойгоҳи обкашӣ ҷойеро интихоб мекардем. Рӯзе аз пешамон як тудаи ҳашарот баромад, ки мисли бузак (ҳашарот) ба ҳар тараф ҷасту хез мекарданд. Аз тудаи "малахбача"-ҳо як зарфи полиэтилониро ним пур карда ба идораҳои дахлдори минтақа ва Душанбе бурда нишон додам. Дар Душанбе суроғаи он мавзеъро гирифта, ваъда доданд, ки як гурӯҳро барои нест кардани малах мефиристем. Ҳамон сол хомӯш гузашту ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ зоҳир нашуд".
