Millat
23.02.2012
Твиттер форсиро ба маркази тарҷумаи худ илова намуд
27.01.2012 15:44   

twitter-logoРӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта «Твиттер» забони форсиро дар қатори забонҳое, ки аз  рост ба чап навишта мешаванд, монанди арабӣ, ибрӣ ва урду ба маркази тарҷумаи худ илова намудааст.

Дар ҳамин росто шиносойи расмии забони форсӣ ҳам тавассути ин вебгоҳ роҳандозӣ шудааст, то ба ин забон ба корбарон иттилоърасонӣ кунад.

Маркази тарҷумаи Твиттер бахше аз ин сайт аст, ки истифодабарандагони довталаб пас аз номнависӣ дар он бо кӯмаки якдигар, вожаҳо ва навиштаҳои сайтро ба форсӣ тарҷума мекунанд.

Натиҷаи ин баргардон пас аз таъйид ба унвони вожаҳои муъодил дар сайти Твиттер қарор мегирад.
Пас аз комил шудани ин тарҷумаҳо Твиттер имкони фароҳам меоварад, то истифодабарандагон дар муҳите комилан форсӣ қарор бигиранд..
Бо илова шудани ин забонҳо шумораи забонҳои дар ҳоли тарҷума дар ин марказ ба 27 адад расидааст.
Бо илова шудани забони форсӣ дар Твиттер то кунун вокунишҳои истифодабарандагон мусбат арзёбӣ шудааст.
Шуморе аз истифодабарандагон ба сабаби одат карданашон ба корбарии англисӣ, ҳанӯз омода ба тағйири забони сайт ба форсӣ нестанд, аммо интизор меравад, бо барассии ин мавзӯъ, раванди пайвастани истифодабарандагони нав ба ин сайт биафзояд.
Твиттер дар шиноснамойи расмии худ ба забони форсӣ, аз истифодабарандагон барои форсисозӣ дархости кӯмак кардааст
Забонҳое, ки аз чап ба рост навишта мешаванд, изофа намудани онҳо дар вебгоҳҳо ниёзе ба бознигариҳои фаннӣ надорад. Аммо илова кардани забонҳое чун форсӣ, ки аз рост ба чап навишта мешаванд, ниёз ба тағйироти зиёде дорад.
Твиттер нахустин сайте аст, ки имкони "микровеблогинг" ё кӯтаҳнавиштаҳои 140 короктериро фароҳам кардааст.
Пеш аз ин ҳам барномаи Гугл, бо эҷоди як веблоги расмии форсӣ, форсисозии бархе аз хадамоти худро оғоз карда буд. Фейсбук низ тақрибан ду сол пеш муҳитеро бо забони форсӣ барои корбарон фароҳам карда буд.

 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Кадоме аз макотиби зайл барои талаба дониш медиҳад:
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       

— Designed by: UmedSharipov


wrapper_highlighttd valign=