Millat
19.05.2012
Абдуҷаббор Раҳмонов: Мо гуноҳамонро бар дӯш мегирем
12.01.2011 11:07   
21q

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон 10 январ зимни нишасти хабариаш ба суъоли рӯзноманигорон, ки аз чӣ қадар маъош гирифтанаш мепурсиданд ва ӯро як шахси сарватманди кишвар донистанд, гуфт, ки музди маъоши моҳонаи вазири маориф 2500 сомонӣ буда, сарвати доштаи ӯ мактаб, маориф ва омӯзгорони тоҷик аст.

«Ҳамаи бонкҳои Тоҷикистонро бигардед, дар кадом бонк, ки ба номи Абдуҷаббор Раҳмонов маблағ пайдо кардед, 0, 1 фоизашро бароям бимонеду боқӣ ҳаққи ҳалолатон, бигиред»,- гуфт вазири маориф.

Абдуҷаббор Раҳмонов аз он ки соли сипаришудаи 2010 чун «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шуда буд бо хушнудӣ ёд оварда изҳор дошт, «он корҳое, ки дар ин сол дар соҳаи пешрафти маориф ва таҳсилот анҷом шуд, дар таърихи соҳаи маорифи кишвар ҳеч соле чунин бобарор ва пур аз дастовардҳо набуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ аз тифли 7 сола то ҷавони 25 солаи тоҷик даст ба омӯзиши технологияи нав зад ва кӯшиши як чизе ихтироъ намуданро кард. Бори аввал дар Тоҷикистон 5 муассисаи нави таълимии муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ, Интернет ва технологияи муъосир бунёд ва ба истифода дода шуд». Дар масъалаи он ки қарор буд рӯзи 3 январ 60 омӯзгори фанни «Алифбои форсӣ» ҷиҳати такмили ихтисос ва донишҳои худ ба Ирон бираванд ва ин кор анҷом нашуд, Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки бо саҳлангории Сардори раёсати таҳсилоти байнулмилалии   вазорати маориф, ки ҳангоми таҳияи асноду ҳуҷҷатҳо аз ҳукумати Тоҷикистон иҷозатнома нагирифт ва аз ин хотир ҳукумат рафтани омӯзгоронро ба Ирон ба таъхир андохт. «Дар ин ҷо ҷониби Ирон ҷурме надорад, мо гунаҳкор астем ва дар ин масъала гуноҳамонро бар дӯш мегирем»,- гуфт вазири маориф.
 

Назарҳо  

 
+1 # 12.01.2011 11:22
напурсидед, ки оё ин масъули масъулиятношино с аз вазифа барканор шуд ё не?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+2 # 12.01.2011 14:46
«Ҳамаи бонкҳои Точикистонро бигардед, дар кадом бонк, ки ба номи Абдучаббор Раҳмонов маблағ пайдо кардед, 0, 1 фоизашро бароям бимонеду боқи ҳаққи ҳалолатон, бигиред» Чавоби зур барои рузноманигори бесавод. Гуё факат дар Точикистон бонк бошад! Лекин аллакай дер шуд. Дар чамъбасти соли 2011 ин суолро медихи, ки "Дар бонкхои хорич чи?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 12.01.2011 22:24
Пурсидан лозим буд, ки акаллан маълумоти педагоги дорад?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 13.01.2011 19:58
Ин Хамон касе нест ки Зидди Исломи Азиз суханрони мекард?! Бехтараш бонкхои Аврупоиро дид то фахмид ки чи кадар маблаг дорад ё на аниктараш вай касе нест ки пулхояшро дар бонк нигахбони кунад дуто новостройка кунаду хариду фуруши ХХХХ равад басаст ба бонк намерасад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
+1 # 14.01.2011 00:15
maoshi janobi vazir 2500 somoni boshad pisaronash az kujo LEXUS meharand?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 14.03.2011 17:15
маоши он кас 2500 сомон бошад аз они муаллимон ба 500 сомони намеравад.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 10.10.2011 00:24
[youtube]ман мехохам фахмам ки чаро ин хама суханони (Бори аввал дар ҷумҳурӣ аз тифли 7 сола то ҷавони 25 солаи тоҷик даст ба омӯзиши технологияи нав зад ва кӯшиши як чизе ихтироъ намуданро кард) зиёд гуфта шуд Системаи Маориф танхо духтаронро бо либосе ки аз зону боло ва пеши бар тангу аён мехохад ба донищгоххо оянд ва бечора писарон чи факат то таги гулу галстук дар гармию хунуки дилам месузад ба донишгох даромадан хечкас намепурсад ки дафтар ё китоб дори балки галстук курта хаст даро гуё ки дар Точикистон Вазири маориф вучуд надорад охир нест ягон академик е профессор ки ба ин вазифа арзанда бошад то ки Ватани азизи мо аз бе саводи ва бетарбияги рахо ёбад хозир танхо бетарбияги омухта истодаанд чавонон тамом дигар хеч чиз[/youtube]
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov