100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?

Иҷтимоъ 21.02.2013 14:16

(идома)

Лашкаркашон, қаҳрамонони халқ

87. Спитамен (Спитамона) (вафот соли 328 то милод), муборизи зидди истилогарони юнонию мақдунӣ.

88. Абумуслими Хуросонӣ (асри VIII), муборизи зидди истилогарони араб.

89. Муқаннаъ (вафот соли 783), пешвои шӯриш муқобили истилогарони араб.

90. Темурмалик (асри XIII), муборизи зидди истилогарони муғул.

91. Восеъ (вафот соли 1888), роҳбари шӯриши кӯҳистониҳо зидди амирони манғит.

Намояндагони варзиш

Varzishgaronкопирование92. Олимов Азалшо (1930-1999), аввалин чемпиони СССР оид ба самбо.

93. Ҳасанов Иброҳим (1937-2009), ёздаҳ карат чемпиони СССР оид ба қаиқронӣ.

94. Раҳимов Саидмӯъмин (1946-2009), чемпиони ҷахон оид ба самбо.

95. Рустамова Зебуниссо (1955), чемпионкаи мутлақи ҷаҳон оид ба камонварӣ.

96. Малахбеков Раҳимқул (1974), дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии олимпӣ, ду карат чемпиони дунё ва ду карат чемпиони Европа оид ба бокс.

97. Амонатов Фаррух (1975), шоҳмотбоз, аввалин гроссмейстри байналмилалӣ аз байни тоҷикон.

98. Сайфиддинов Далер (1982), чор карат чемпиони ҷаҳон оид ба таэкван-до.

99. Боқиев Расул (1982), дорандаи медали биринҷии олимпӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо.

100. Чориева Мавзуна (1992), дорандаи медали биринҷии олимпӣ оид ба бокс.

(идома дорад)

Мураттибон: Ёрмуҳаммад Сучонӣ,

Маҳмадшариф Каримов, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97