100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?

Иҷтимоъ 08.02.2013 15:20

(идома)

100-shakhsiytкопированиеНамояндагони адабиёт

10. Рӯдакӣ Абуабдулло (858-941), асосгузори назми классикии форс-тоҷик.

11. Фирдавсӣ Абулқосим (934-1021), муаллифи "Шоҳнома"-и безавол.

12. Носири Хусрав (1004-1086), шоир ва мутафаккир.

13. Низоми Ганҷавӣ (1141-1209), шоир ва мутафаккир.

14. Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) (1207-1273), шоир ва мутафаккир.

15. Саъдии Шерозӣ (1208-1292), шоир ва мутафаккир.

16. Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), шоир ва мусиқишинос.

17. Ҳофизи Шерозӣ (1321-1389), шоир.

18. Камоли Хуҷандӣ (1323-1401), шоир.

19. Абдураҳмони Ҷомӣ (1444-1492), шоир ва мутафаккир.

20. Бедил Мирзо Абдулқодир (1644-1702), шоир ва мутафаккир.

21. Зебуниссо (1639-1702), шоира.

22. Аҳмади Дониш (1826-1897), нависанда ва мутафаккир.

23. Айнӣ Садриддин (1978-1954), асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

24. Лоҳутӣ Абулқосим (1887-1957), асосгузори назми муосири тоҷик.

25. Турсунзода Мирзо (1911-1977), шоир, арбоби ҷамъиятӣ.

26. Миршакар Мирсаид (1912-1993), шоир.

27. Икромӣ Ҷалол (1908-1996), нависанда.

28. Сотим Улуғзода (1911-1996), нависанда.

29. Мӯъмин Қаноат (1932), шоир.

30. Бозор Собир (1938), шоир.

31. Лоиқ Шералӣ (1941-2000), шоир.

32. Гулрухсор (1947), шоира.

Намояндагони илм

namoyndagoni ilm33. Ибни Хайёни Тусӣ (721-815), химикдон (номи лотиниаш Гебер).

34. Закариёи Розӣ (865-925), асосгузори химияи илмӣ.

35. Абунасри Форобӣ (873-950), файласуф.

36. Абурайҳони Берунӣ (973-1048), файласуф, риёзидон, нуҷумшинос.

37. Абуалӣ Ибни Сино (980-1037), табиб, файласуф, физикдон.

38. Умари Хайём (1048-1131), файласуф, нуҷумшинос, риёзидон,

физикдон.

39. Фахриддини Розӣ (1149-1209), риёзидон, муаррих, табиб.

40. Носириддини Тӯсӣ (1201-1272), риёзидон, нуҷумшинос.

41. Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ (1897-1971), математик,

астрофизик, аввалин Президенти АФ Узбекистон (1943-1948).

42. Умаров Султон (1908-1964), физикдон.

43. Мирзоев Абдуғанӣ (1908-1974), адабиётшинос.

44. Ҳакимова Саъдиниссо (1924), олимаи соҳаи тиб.

45. Мансуров Ҳамид (1925), олими соҳаи тиб.

46. Баротов Рауф (1921-2013), геолог.

47. Шакурӣ Муҳаммадҷон (1926-2012), адабиётшинос.

48. Ғуломов Минҳоҷ (1929-1996), олими соҳаи тиб.

49. Бобоҷонов Пӯлод (1930), ситорашинос.

50. Носиров Юсуф (1932-2010), биолог.

51. Ҷӯраев Абдулҳамид (1932-2009), математик.

52. Неъматуллоев Собит (1937), олими соҳаи зилзиласанҷӣ.

53. Бобозода Адҳам (1935-2008), физикдон.

54. Масов Раҳим (1939), муаррих.

55. Собиров Темур (1940-1977), математик.

56. Турсунов Акбар (1939), файласуф.

 (давом дорад)

Мураттибон: Ёрмуҳаммад Сучонӣ, Маҳмадшариф Каримов,

кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97