Марги муйсафеди хирсбоз

Иҷтимоъ 11.01.2013 10:10

Бобои Талабшо, хирс, ман ва Абдуҷаббор Раҳмонов

musafedМуддатҳост, ки матлабе нанавиштаам, хоса дар бораи нафаре, қиссае, лаҳзае аз рӯзгоре тасвире насохтаам. Ҳатто дар муддати чанд моҳи охир чанд мусоҳиба анҷом додам, ки се тои он бо як нафар буд, бо Латифи Пидром. Агар тоҷикон имрӯз се донишманд ва соҳиби андеша дошта бошанд, якеи он Пидром аст.

Дар Тоҷикистон донишманде, ки суҳбаташ руҳро ангеза диҳад, суханаш ҳамосӣ ва қобили андеша бошад ва ба қавли мардумӣ аз мусоҳибааш лаззат бубарӣ ва сер нагардӣ, намегӯям, ки нест, то ду се бузурге, ки ҳастанд, наранҷанд. Онҳо ҳастанд, аммо ба нудрат кам ва он ҳам ба эътироз талх нишастаанд ва хомӯширо авло медонанд. Ба ҳар ҳол ду се мусоҳиб аз дӯстон пайдо кардам, ки воқеъан суҳбатҳои ҷолибе анҷом шуд. Вале дар маҷмуъ дар соли гузашта ҳеч таҳаввуле, ҳеч баёнияе, ҳеч шахсияте, ҳеч ҳунарманде, ҳеч шеъре ва шоире маро такон надод, зеҳни маро водор ба фикри ҷиддӣ ва дасти маро маҷбур ба навиштан накард. Медонам, ки ҳаводиси Хоруғ истисно буд, фоҷеъа буд, фоҷеъа барои ҳамаи мо, инсонҳо ба якдигар раҳм накарданд. Аввал якдигарро нафаҳмиданд ва нахостанд бифаҳманд. Ба ҷони ҳам уфтоданд. Шояд манфиате тақсимнашуда монд, шояд масъалаи дигаре буд, аммо вазири дифоъ гуфтааст, ки аз баъди ҳаводиси Хоруғ дар ин шаҳр дигар мавриди ҷиноят сабт нашудааст. Худоро шукр. Ба ҳар ҳол он ҳодиса як доғ дар дил аст, дар дили ҳама. Ва ҳар касе дил дорад ва тоҷик аст, дилаш барои ҳамаи қурбониёни он ҳодиса, чӣ барои сарбозони навхат ва чӣ барои модарони писаргумкардаи бадахшӣ месӯзад.

musafed01Дар оғози тирамоҳи имсол бузургтарин оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" ба вуқуъ пайваст, ки ба думболи он тазоҳуроти худҷӯши савдогарон ва соҳибони молу коло ва зарадидагон доир шуд. Шаҳрдори Душанбе тавонист хашми иҷтимоиро фурӯ нишонад. Мардум оҳу воҳи зиёде кард ва дар он рӯзҳо зоҳиран бо савдогарони зарардида ҳамнаво буд, аммо баъди чанде, пеш аз иди Қурбон кадом рӯзномае аз қавли як сокини Душанбе навишт; "агар як бори дигар Корвон бисӯзад, дилам намесӯзад". Ин эътироз ба болоравии нахрҳо буд. Аммо ростӣ, дили ман ҳанӯз ҳам ба ин савдогарони гаронфурӯши капасӯхта месӯзад.

Наздик буд ёдам биравад, дар аввали ин сол, зимни тағйиротҳои кадрӣ ҷанҷолофартарин вазири маориф дар таърихи муосири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов аз мақомаш барканор шуд. Акнун мегӯям, ки танқиди ӯро дар матбуоти Тоҷикистон ҳамчун вазири маориф ман оғоз кардам, дар соли 2005. Он вақт рӯзномаҳои танқидгар набуд, "Миллат" танҳо буд. Вақте рӯзномаву мунаққиди зиёд пайдо кард, аз танқиди ӯ барҳазар шудам. То фурсате, ки ба худаш иҷоза дод, ки академик шавад. Он вақт дубора ба шиддат ӯро интиқод кардам. Номи он матлаб, "Шармамон бод зи пашминаи олудаи хеш" буд. Аммо ба ростӣ, вақте ӯро барканор карданд, дилам барои ӯ сӯхт. Зеро ҳеч ғаразу кинаи хусусие ба ӯ надорам ва ба мо ҳаққи устодӣ дорад. Дар як мулоқоте, ки дӯстонаш маро ба он даъват намуданд, суҳбат кардем ва аз ӯ дар бораи интиқоди матбуот суол пурсидам. Ӯ гуфт; "ба ҳамаи рӯзноманигорон бигӯ, ки ман бо вуҷуди ин ҳама танқиду туҳмат ягон журналистро ба додгоҳ кашиданӣ нестам". Ин воқеъан сабақи бузург ва қобили пайравӣ барои ҳамаи мансабдорон аст. Ин мавқеъ эҳтироми ӯро пеши ман бисёр кард.

musafed02Аммо дар ин сол судбозии "Миллат" бо як вазири дигар, бо Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ ҳам ба поён расид. Ин вазири муҳтарам, ки ҳамчунон ба унвони як тоҷик ва ҳамватан пеши мо муҳтарам аст, ба рағми принтсипи вазири дигари ҳамин ҳукумат (акнун собиқ) Абдуҷаббор Раҳмонов ду сол бо як рӯзнома судбозӣ кард. Ин корро бояд намекард. Худаш медонад, як сӯитафоҳум буд, аммо коре нашуданӣ буд, шуд. Вале ба ҷое нарасид ва суд даъвои ӯро рад кард. Ба ӯ низ дар соли гузашта дилам сӯхт. Ба ҳар ҳисоб ин ҳам як сабақи бузург буд.

Як чизи дигар. Дар поёни сол навиштаи як хабарнигор шӯру шаре барпо кард ва ба ҷои фоида зарари бештар овард. Ин пешниҳоди Муҳибулло Қурбон, масъули сомонаи ҲНИТ ба шаҳрдори Душанбе буд, ки дақиқан натиҷаи баръакс дод. Вокуниши шаҳрдорӣ қобили дарк аст. Муҳибулло Қурбон бо дарки воқеъиятҳои мавҷуд ва ҳассосияти мавқеъи корие, ки дорад, ин пешниҳодро бояд намедод. Вале агар бисёр зарур медонист ҳам, намебоист тавассути сомонаи расмии ҲНИТ ин пешниҳодро мекард. Муҳим нест, ки фикрро кӣ баён мекунад, муҳим баён шудани фикр аст. Яъне усули ҳар сухан ҷое дорад, риоя нашуд ва то ҳанӯз ҳам дар гӯшҳо садои мудҳиши "хлопушка" ва дар димоғҳо дуди ғализи он мондааст. Дилам ба гӯшу биниям ва ба Муҳибуллои Қурбон месӯзад. Акнун шояд инро бинависед, устод, ки оё дар ҷашни соли нав "Қонуни масъулияти волидайн" нақз нашуд? Ин қонун таҷлили соли навро истисно накардааст ку. Дар ҳоле ки то соати 1-2 садои кӯдакони ноболиғ дар ҷодаҳо танинандоз буду назди хонаҳо хлопушка мунфаҷир мекарданд. Чаро таҷлил аз соли нав бояд зиндагии орому осудаи маро халалдор кунад? Ҳатто барои як соат ва ҳатто барои даҳ дақиқа? Оё дар ин шаби соли нав волидайне барои он ки фарзанди ноболиғаш то соати 2-и шаб ба эҷоди садои даҳшат машғул буд, муҷозот шуд? Инро нависед, устод!

Барои ҳамаи ин дӯстон, ки зикрашон рафт, соли хубе орзу мекунам. Аммо инҳо нестанд, ки маро барои сиёҳ кардани ин саҳифа ва шуморо барои хондани он ангеза ва таҳрик дода бошанд.

musafed03Сабаби ин навишта ҳеч инсоне нест, балки хирс аст. Хирсе, ки ҳар сокин ва ё меҳмони Душанбе ӯро дидааст ва мешиносад. Ахиран, дар поёни соли гузашта бобои Талабшо, соҳиби ин хирс, ки як рамзи дилхӯшии Душанбе буд, даргузашт. Мехоҳам бигӯям, ки дилам бештар ба хирс месӯзад. Дар воқеъ аз он ҷо, ки инсонҳо ба ҷони якдигар дар меафтанд ва то пои нобудӣ ба якдигар мубориза мекунанд ва омодаи шунидани фикри якдигар нестанд ва таҳаммули ҳарфи якдигариро, ҳамнавъи худро надоранд, раҳме ба худ надоранд, шояд аз ин нигоҳ аст, дилам ба хиср бештар сӯхт. Хирси бобои Талабшо ҷуз хушҳолӣ ҳадияе ба касе накарда буд. Аз ин ҷост, ки дилам ба ӯ бештар месӯзад.

Як расонаи олмонӣ дар ду соли пеш навишта буд; "На улицах Душанбе веселит прохожих необычная пара - старик с ручной медведицей. У каждого города есть свои забавные символы. В Душанбе уже много лет - это старик Талабшо с ручной медведицей Марией. Странная пара, как по часам, всегда в полдень выходит на улицы мегаполиса. При этом появление хищника никого не пугает. Более того, только веселит гостей и жителей столицы".

Хирси бобои Талабшо Мария ном дошт. Ин номро аз унвони қаҳрамони сериали мексикии "Просто Мария" гирифта буд. Мария 18 сол бо бобои Талабшо буд. Бобои Талабшо дар даҳ соли пеш дубора издивоҷ кард ва писараш акнун синфи ду мехонад.

musafed mashaДар чанд соли пеш аз файласуфи номварамон Комил Бекзода шунидам, ки мегуфт, аз бархе узви ин ҷомеъа, агар бо хирс суҳбат бикунӣ, беҳтар аст ва шояд лаззати бештар бубарӣ. Баъди чанд сол ҳамин хулосаи як донишмандро дар мусоҳибаи бобои Талабшои хирсбоз ба як хабарнигор меёбам, ки гуфтааст: "Ҳазорон нафар одамон аз паҳлӯи ҳам рад мешавад, вале саломе ба якдигар намедиҳанд. Ман ба Мария мегӯям: «Бубин, Мария, инсонҳо аз салому алейк мондаанд, ба якдигар салом намедиҳанд, бо ин ҳол боз даъвои инсонӣ мекунанд. Баланд шав, ба инҳо сабақ диҳем". Мария аз ҷой баланд мешавад, қоматашро рост мекунад, дастонашро мебардорад ва бо атрофиён бо ишораи сар салом медиҳад. Он гоҳ ман ба роҳгузарон эрод мегирам ва мегӯям, бубинед ва аз хирси ман ақл ёд бигиред»...

Бобои Талабшо мегуфт, ки ба хирсаш барои он ки бо ақл шавад, шири одам додааст ва Мария дар ҳақиқат бо ақл аст, одамро дӯст медорад.

Ман ҳайронам, ки чаро хирс метавонад одамро дӯст дорад, аммо инсонҳо наметавонанд якдигарашонро дӯст ҳам, ки надоранд, ҳадди аққал таҳаммул кунанд? Ба одам бояд шири чӣ дод, ки бо ақл шавад? Бо тоҷик чӣ бояд кард, ки миллат шавад? Агар тоҷик миллат буд, ба марги Талабшои хирсбоз ҳатман натанҳо дилаш месӯхт, балки мегирист. Аммо чунин нест, хирсе, ки соҳибаш мегуфт, моро дӯст медорад, ҳоло дар куҷо ва дар чӣ ҳол аст? Агар миллат бошем, бояд ба ҳоли ин хирс диламон бисӯзад.

Аммо ман фикр дорам, ки наход мо сазовори муҳаббати хирс ҳам набошем?!

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97