| Барқро надуздед! | |
|
|
Мардум ҳар рӯз "ид" мехоҳанд Абдулваҳоб Муҳсиддинов, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мегӯяд: "Ба мардум дуруст иттилоъ диҳед, ки маҳдудияти барқ дар фасли зимистон аз норасоии об аст. Вақте сатҳи об дар обанбор паст мешавад, масъулин муваззафанд, ки як захираи муайяни обро дар он нигоҳ доранд. Дар замонҳои афсонавӣ ҳам барқ барои рӯшноӣ буд Мушкили дигаре, ки кормандони соҳаи барқи минтақаро ба ташвиш меоварад, ин сифати таҷҳизотҳои системаи барқии минтақа аст, ки тӯли солҳои 1960-1990-ум сохта шуда, имрӯз 80-90% он таъмирталабу ба азнавсозӣ ниёз доранд. Алъон баъди ба истифода додани хати барқии 110 кВ дар масофаи 4600 метр ва инчунин зеристгоҳи 110 ба 35 110 кВ-и "Истиқлол" сифати таъмини нируи барқ дар маркази Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар хуб шудааст. Мардум ё садои беэътибор Дар навоҳии ҷанубии Хатлон бошад нирки барқ аз рӯи реҷаи муқарраргардида таъмин карда мешавад. Аммо иддае аз сокинони марказҳои навоҳиро таъмини 5,5 соатаи барқ дар як шабонарӯз қонеъ намекунад. Вақте дар қабулгоҳи масъулини шабакаҳои барқии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ навбат мепоидем, як гуруҳ бонувон ҳозир шуда, бо қаҳр ба ҳуҷраи сармуҳандис ворид шуданд. Ин соҳибхоназанон эътироз доштанд, ки таъмини панҷсоатаи нируи барқ дар як шабонарӯз барои онҳо нокифоя аст. Ин ҷо эътирозҳои онҳоро меоварем, ки чӣ мехостанд: Имрӯз якуним соат субҳ барқ дорему 4 соат бегоҳӣ"! 8 соат барқ на барои ҳама Аммо сармуҳандиси шабакаҳои барқии ин ноҳия оромона мегуфт: "Шумо хабарро дуруст нафаҳмидаед. Манзури ҳукуматдорон аз таъмини шабонарӯзии барқ дар зимистон танҳо шаҳрҳои кишвар аст, на ин ки марказҳои тамоми навоҳии Тоҷикистон. Барои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳамин шабу рӯз шабонарӯзӣ 250 ҳазор кВт барқ дода мешавад. Азбаски дар фасли сармо талаботи истифодабарандагон ба нируи барқ дучанд зиёд аст, ин миқдор барқ ҳамин 5-6 соат кифоят мекунаду бас. Ҳастанд баъзе биноҳои муҳимме мисли беморхонаҳо, истгоҳи мавҷҳои радиоӣ, мактаб - интернат, ки бояд шабонарӯзӣ бо барқ таъмин бошанд. Аммо ин соҳибхоназанон ин масъалаҳоро фаҳмидан намехоҳанд." Як фарқияти шаҳр аз деҳот аз байн рафтааст Дар баробари баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии аҳолӣ бо барқ ҳукуматдорон бояд масъалаи системаи гармидиҳии хонаҳои бисёрошёнаро ҳаллу фасл намоянд. Зеро системаи барқии биноҳои серошёнаи марказҳои навоҳии Хатлон дар назардошти истифодаи барқ барои рӯшноӣ нигаронида шуда буд. Агар мардум барқро ба мақсади хӯрокпазию гармкунии манзилҳо истифода баранд, ин ноқилҳои даруни деворҳо ҳама аз фишори барқ часпида об мешаванд. Агар як сабаби ин мушкилӣ аз байн рафтани системаи обгармкунии маҳаллаҳои биноҳои серошёна бошад, сабаби дигар мушкили норасоии гази табиӣ мебошад. Дар баробари ин дар кишвари мо аз газу системаи обгармкунӣ дида, нируи барқ арзонтар меафтад. Аз ин рӯ барқ, ки бошад, мардум тамоми кори худро бо барқ анҷом медиҳанд. Мо бояд бо ҳар роҳе системаҳои гармикунии обиро ба роҳ монем. Вагарна бо ин меъёре, ки аҳолӣ дар зимистон барқро истифода мебарад, баъди ба истифода додани НБО "Роғун" ҳам тамоми мушкилиҳои барқ ҳалли худро намеёбанд. Тассаввур кунед, ки вақте тамоми мардум дар як вақт барқро барои рӯшноӣ, гармкунии манзил ва ғизопазӣ истифода кунанд, ё истгоҳҳои барқӣ оташ мегиранд ё ноқилҳои барқӣ часпида об мешаванд. Муштариёнро тақводорӣ бояд Аз гуфтаи масъулини соҳаи барқ бармеояд, ки сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, истифодаи ғайриқонунии барқ ба фаъолияти самараноки соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи иттилои Абдулваҳоб Муҳсиддинов, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Хатлон дар соли 2011 ҳаққи истифода аз нируи барқ ҳамагӣ 80,4% пардохт гардидаасту халос. Пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ бошад, 85, 6%-ро ташкил медиҳад. Оё сарватҳои табийи мо арзиш доранд? Дар гумон аст, ки мо обҳои аз ҳудуди кишварамон ба хориҷа ҷоришударо ҳамчун сарвати давлати худ дар ихтиёр дошта бошем. Зеро ин неъмати табиӣ дар мо он қадаре афзун аст, ки мисле дигар кишварҳо газу нафташонро саришта мекунанд, мо он тавр наметавонем. Аммо замоне сармеояд, ки мо ҳам дар болои дарвозаҳои обанборҳои худ ҳисобкунаки обӣ васл карда, додугирифти байнидавлатиро бо ҳамсояҳои шарики иқтисодӣ баробарвазн ба роҳ монем. Он рӯз дер ё зуд меояд. Аммо ҳар чӣ тезтар омадани рӯзҳои деринтизор аз муносибати имрӯзи мо бо моликияту захираҳои табиӣ ва хазинаи давлат вобастагӣ дорад. То куҷо мо дар ин ҷода комёб мешавем, мебояд дар масоили сарфи моликияти давлатию ҷамъиятӣ хело ҳам сарфакору тақводор бошем. Ё роҳи дигари наҷот аз вобастагиҳо вуҷуд дорад? Ҷамолиддини Усмониён |


Аз камбуди нирӯи барқ ин зимистон ҳам мардуми деҳот азият мекашанд. Ҳарчанд пеш аз оғози фасли сармо мардум боварӣ доштанд, ки имсол бо ташаббуси ба истифода додани як чархаи Сангтуда-2 мардум зимистон то 8 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мешаванд. Аммо то 25-уми моҳи декабри соли гузашта аҳолии деҳоти Хатлон дар шабонарӯз 7 соат бо барқ таъмин буда, баъдан ин реҷа 2 соати дигар маҳдуд карда шуд. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Хатлон дар ҳар шабонарӯзи моҳи декабри соли 2011 барои вилоят 5 миллиону 705 ҳазор кВт соат нирӯи барқ ҷудо шуда буд.
