Millat
19.05.2012
Дусад лаънат бар тақлиди кӯркӯрона бод
05.01.2012 12:25   

Ба таваҷҷуҳи вазири муҳтарами маорифи Тоҷикистон

Litccee_turkiЗуҳури литсейҳои ғайритоҷикӣ ва марокизи зиёди омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси баҳсу гуфтугӯҳо дар долонҳои адабӣ ва рушанфикрии тоҷик шудааст. Аз ҷумла, нуфуз пайдо кардани литсейҳои туркӣ ва марказҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва гаравиши бештар ба забонҳои русӣ, туркӣ аз мавзӯоти ин гуфтугӯҳост.

Суолоте, ки шахси огоҳро водор ба андеша мекунад, ин аст, ки ҳадаф аз зуҳури ин ҳама литсейҳои ғайри тоҷикӣ ва марокизи зиёди омӯзиши забонҳои ғайр чист? Ва оё омӯзиш дар ин макотибу марокиз метавонад сатҳи забондонии моро баланд бардорад? Тайи мудати чанд соли пайдоиши ин муассисот чи қадар мутахассиси забондон тайёр кардем? Ва инҳо ба чӣ кор меоянд? Ва боз чандин суолҳои дигар.
Кор то ба ҷое кашида, ҳатто мардумоне, ки қариб аз илму дониш бехабаранд, кӯр-кӯрона ва тақлидкорона фарзандони хешро ба ин литсею марказҳо барои фаро гирифтан ба таҳсил месупоранд. Ва ҳеҷ андешае дар сар нест, ки оқибати ин ҳама тақлидкориҳои беҷо чи хоҳад буд. Зеро Ҷалолуддини Румӣ мефармояд;
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки атфоли зеҳну мафкураашон ҳанӯз тиҳӣ аз худшиносии миллӣ барои омӯзиш дар ин марокиз супурда мешаванд. Ва баъид нест, ки ҳар андешаеро метавон дар чунин зеҳнҳо ҷой намуд. Моро мебоист нахуст онҳоро ба омӯзиши амиқи забони модарӣ ва талқини худшиносӣ водор мекардем ва пасон ба омӯзиши дигар забону фарҳангҳо. Фаромушт набояд сохт, ки ин марказҳо ва литсею макотиби ғайри тоҷикӣ на танҳо ба наврасони мо забонро меомӯзанд, балки онҳо дар баробари забон, фарҳангу одатҳои хешро низ талқин хоҳанд кард. Ҷаҳон дар ҳолати таҳоҷуми фарҳангҳо қарор дорад ва моро мебояд ин наврасонро ҳар чи бештар ба омӯзиши забон ва фарҳанги миллӣ водор ва ба ин роҳ раҳнамунӣ сохт, варна дар сурати акс на танҳо дар баробари ин таҳоҷум муқовимат карда наметавонем, балки худ барои маҳви забону фарҳанги хеш мусоидат хоҳем кард. Сари ин нуқта андеша бисёр муҳим аст. Аз таърихи начандон дури хеш бояд сабақ гирифт. Он олиму донишмандони мо, ки аксар дар мактабҳои русӣ тарбия гирифтаанд, чи хидмате ба мардум намуданд? Чанд асаре таълиф намудан ва шояд ҳам боарзиш, вале бо забони ғайр ва яқинан ки на барои мардуми мо. Моро гумон ин аст, ки дар сурати бо забони русӣ ё дигар забони ғайритоҷикӣ чоп намудани таълифоти хеш шуҳрат хоҳем касб намуд. Аммо чунин андеша бепоя аст. Зеро он мардум аз мо даҳсолаҳо пешанд ва ба таълифоти мо анқариб эҳтиёҷе надоранд. Моро зарур аст, ки аз таълифоти онҳо истифода намоем. Ва агар онҳо ба навиштаҳои мо зарурат дошта бошанд ва асари боарзише бувад, онҳо худ онро тарҷума хоҳанд кард. Донишмандони азизи мо метавонанд заҳмати зиёд дар ин самт накашанд. Балки барои миллати худ, фарзандони худ асари боарзиш биофаранд.
Дигар андешаи ғалате, ки дар мафкураи он таҳсилкардаҳои макотиби ғайри тоҷикӣ, хусусан мактабҳои русӣ ҷо шудааст, ин аст, ки онҳо моро аз тобеъияти Русия раҳо кардан намехоҳанд ва ҳанӯз гумонашон ҳамин аст, ки мо бе Россия ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонем ва ҳанӯз моро дар руҳияи ғуломӣ парвариш кардан доранд. Аммо роҳи мо дар ин самт ба ҳеч куҷо аст. Мутаассифона мо аз ин раванд на танҳо сабақ нагирифтем, балки ин роҳро дорем идома медиҳем. Ин зарбаи муҳлике дар дарозмуддат ба пайкараи забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ хоҳад буд.
Як тасаввур кунед, ки кӯдаки бехабар аз асолат, фарҳанг ва забони модарии хешро яку якбора муҳити ғайри тоҷикӣ фаро гирад, оқибати чунин забономӯз чи хоҳад шуд? Ва суоли аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки ин забондонҳо бояд чи рисолатеро анҷом диҳанд? Дар ҳоле ки макотибу донишгоҳҳои мо эҳтиёҷ ба тарҷумаи даҳҳо адабиёти иқтисодию техникӣ доранд. Аз тарҷумаи бархе адабиёти иқтисодию техникӣ бармеояд, ки бо вуҷуди зиёд будани марказҳои забономӯзӣ ва хусусан забони русӣ, ки дар мактабҳои махсуси русӣ ва инчунин омӯзиши он дар макотиби мутавассита, вале то ҳол мутахассисе пайдо нашуда (шояд бошаду ангуштшумор), ки ин гуна адабиётро дар сатҳи илмии дуруст тарҷума намуда бошад. Пас ин ҳама дағдағаю моил будан ба ин марокиз аз баҳри чист? Ба хотири донишомӯзӣ ё тарғиби фарҳанги бегона? Иллати ин ҳама тарҷумаҳои ғализу номафҳуму пур аз ғалат аз бетаваҷҷуҳии масъулони мо ба забони миллӣ ва ҷойгоҳ надоштани ин забон дар ин марказҳои забономӯзист. Аввалтар аз ҳама боистӣ ба омӯзиши жарфтари забони модарӣ пардохт, сатҳи фаҳмиши луғавии хешро ғанӣ сохт, ва он гаҳ ба омӯзиши дигар забонҳо ва тарҷума пардохт. Ин нуктаро дар ёд бояд дошт, ки сатҳи забономӯзии мо дар сатҳи забони кӯчагӣ аст. Ин ҷо забономӯзӣ гуфта, на танҳо чанд калимаеро, ки танҳо барои муошират лозиманд, фаро гирифт. Балки забонро дар сатҳи илмӣ бояд омӯхт. Қабл аз ҳама мебояд дар зеҳни наврасон тарзи дурусти омӯзиши ин механизмро фаҳмонд. Онҳоро бояд огоҳ намуд, ки омӯхтани забон ин танҳо иборат аз қориазёди чанд калима нест, ки барои муошарат ва роҳ ёфтан барои кор дар чанд ташкилоти хориҷие ба кор равад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз дуруст надонистани забон аз қафои хориҷиён мисли гунгу кар ва тӯтивор такрор кардани калимот тарҷумонҳои мо моро гӯл мезананд.
Ва мушкили дигар ин аст, ки набояд ҳама зеҳни мардумро ба як сӯ кашид, то ҳама ба самти забономӯзӣ он ҳам ба шакли ғалат роҳ пеш бигиранд. Инро набояд фаромушт сохт, ки танҳо бо як омӯхтани забон мушкилоти мо ҳал нахоҳад шуд. Албатта ҷои ҳеҷ шаке нест, ки донистани забонҳо зарур аст ва хусусан дар чунин асре пур аз таҳаввулоти илмию техникӣ ва ногузир мо бояд забонҳоро омӯзем, аммо ҳарф сари мушкилоти аслӣ меравад. Ҳарф сари тӯдаи бекори зиёди мардум меравад, на сари чанд забондоне, ки дар чанд ташкилоте машғули кор ҳастанд.
Беҳтар мебуд, агар чунин марокизу литсейҳо ба низоми муайян дароварда мешуд ва бештар ба сифати забондонии наврасон диққат карда шавад. Ва аз онҳо масъулияти бештареро талаб бояд намуд. Агар ба ҷои бештари онҳо марказҳо ва литсейҳои омӯзиши технология ва иқтисоди муосир омӯхта мешуд, беҳтар буд. Зеро ҳама мушкилоти мардумро наметавон аз як ҷониб ҳаллу фасл намуд. Бо донистани забони хориҷие худро набояд қаҳрамон талаққӣ кард, зеро аз ин дида корҳои муҳимтаре моро дар пеш аст. Чун аксар мардумони мағзу андешаашон сабук бо донистани як забони хориҷӣ, он ҳам дар ҳоле ки хому хатала аз худ кардааст, худро доно мепиндорем. Далелам ин аст, боре ба ҳамон мардуми хориҷие, ки забонашонро меомӯзед назар афканед ва сатҳи донишу забондонии онҳоро мушоҳада намоед. Ба гуфти Хоҷа Ҳофиз; бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо. Ин дар ҳолест, ки агар сатҳӣ бингарем, забони мо аслан барои онҳо лозим нест, ба ин хотир, ки мо дар ихтирооту технологияи навин ҳеҷ навгоние надорем. Аммо бо вуҷуди ин ҳама онҳо талош мекунанд забони тоҷикиро биомӯзанд. Албатта на ба хотири танҳо тарҷумон шудану соҳиби кори муваққат шудан, балки ба хотири амиқтар омӯхтани шеваи зиндагӣ ва тасаллут ёфтан бар мардуми мо. Чаро мо дар ин самт ба онҳо тақлид намекунем?!
Ба ҳар ҳол ҳанӯзам фурсат дорем, то ба дунё бо чашми ақл бингарем, на кӯркӯрона.

Ҷамшеди Қувват

 

Назарҳо  

 
-1 # Карими Умедвор 05.01.2012 21:18
БО ТАШАККУР АЗ БАРОДАРИ БИСЁР РАВШАНЗАМИР Ч,АМШЕДИ КУВВАТ! ОФАРИН.
ДАР ПОИ СУХАНОНАТОН ХАМИНРО ИЛОВА МЕНАМОЯМ,КИ АНДЕША НИЗ (ХАМ АНДЕШАИ ФАРДИ ВА ХАМ АНДЕШАИ МИЛЛИ) ЯК ПАЙКАРА АСТ.
ВА ИН ПАЙКАРА ХАМОНГУНА КИ КОБИЛИЯТИ ТАЪСИРГУЗОРИ ДОРАД, КОБИЛИЯТИ ТАЪСИРПАЗИРИ НИЗ ДОРАД. ДАР ТАЪСИРПАЗИРИИ ОН, ОНХАМ БОШАД ДАР КУДАКОН, НИЁЗ БА ФИЛТЕРХОИ МУДЕРНИ МИЛЛИ АСТ ВА Ё БА ИСТИЛОХ АНТИВИРУСХОИ КАВИ ВА УСТУВОРЕ КИ ДАР ОВОНИ ДАВРАИ ИБТИДОИИ ТАХСИЛИ ТАВАССУТИ УСТОДОИ МОХИРУ САНЧИДА БАРНОМАРЕЗИ МЕГАРДАД. ВА ЧОИ БАДБАХТИСТ, КИ ИН ФИЛТЕРГУЗОРИ ДАР ХОЛИ ХОЗИР НА ТАНХО СУРАТ НАМЕГИРАД, БАЛКИ МАВРИДИ ХУЧУМИ ВИРУСХОИ ТАСАВВУР ВА АНДЕШАХОИ БЕГОНАГОН КАРОР ГИРИФТААСТ.
НАМУНААШ ХАМИН ВИРУСИ МАЗХАБ-БОЗИХОИ ЧАВОНОН ДАР СОЛХОИ ОХИР МЕБОШАД.
ИН МУШКИЛ , МУШКИЛИ МИЛЛИСТ ВА РУИ ИН МАСАЛА БОЯСТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ЗЕРИ НАЗАРИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ КИШВАР БАРНОМА ВА ТАРХРЕЗИХОЕ РО АНЧОМ ДИХАНД.
ЧОИ ИН ЛИТСЕЙБОЗИХО МАКТАБИ МИЛЛИРО БОЯСТИ ИХЁ НАМОЯНД. аввалаш
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # Карими Умедвор 05.01.2012 21:19
охираш.АГАР ЧУНОНЧИ ДАР АНДЕШАИ ИН МАВЗУЪ МАКОМОТИ ДАХЛДОР НАБОШАНД, БА ЗУДИ ФОТХАИ ХУВИЯТИ МИЛЛИ ХОНДА ХОХАД ШУД.
БО САЛОМ.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
-1 # vatandust 06.01.2012 00:48
bo salom khedmati hamai vatanduston! tashakuri ziyod barodari azizam,az navishtai shumo kheli lazat burdam rahmat ba shumo,nazari shumo 1000% durust ast ammo kujost gushi shunavo??? mager mardumi mo faromush kardand ,ki ponturkizm bo mo chi kard va aslan turkho dar torikh ba dunboli chi hadaf budaand???
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Шогирди литсей 06.01.2012 22:53
Бо тамоми эхтиром ба шумо Чамшед барои маколаи матрахшуда аммо ба фикри банда максади шумо барои худи шумо хам равшану возех нест, ки аз таклид гуфтагиатон хам бадтар аст. Ман шогирди яке аз литсейхои номбурдаи шумоям аммо тухматхои бебунёди шумо хотири маро хаста кард. Бо донистани забони дигар ман хануз Точик мондам ва эхтиромам ба арзишхои миллияам хам шояд аз дигар хонандагони мактабхои ришвахор зиёдтараст. Максад: гуфтан ба хотири гуфтан бояд набошад балки пажухиши асли ва рохнамои ки дар маколаат дида намешавад. Аммо хавотир нашав, омузиш роххои зиёд дорад ва шумо хам онхоро дарёфт хохед кард! Бо самимият
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Карими Умедвор 06.01.2012 23:02
БО ТАШАККУР АЗ БАРОДАРИ БИСЁР РАВШАНЗАМИР Ч,АМШЕДИ КУВВАТ! ОФАРИН.
ДАР ПОИ СУХАНОНАТОН ХАМИНРО ИЛОВА МЕНАМОЯМ,КИ АНДЕША НИЗ (ХАМ АНДЕШАИ ФАРДИ ВА ХАМ АНДЕШАИ МИЛЛИ) ЯК ПАЙКАРА АСТ.
ВА ИН ПАЙКАРА ХАМОНГУНА КИ КОБИЛИЯТИ ТАЪСИРГУЗОРИ ДОРАД, КОБИЛИЯТИ ТАЪСИРПАЗИРИ НИЗ ДОРАД. ДАР ТАЪСИРПАЗИРИИ ОН, ОНХАМ БОШАД ДАР КУДАКОН, НИЁЗ БА ФИЛТЕРХОИ МУДЕРНИ МИЛЛИ АСТ ВА Ё БА ИСТИЛОХ АНТИВИРУСХОИ КАВИ ВА УСТУВОРЕ КИ ДАР ОВОНИ ДАВРАИ ИБТИДОИИ ТАХСИЛИ ТАВАССУТИ УСТОДОИ МОХИРУ САНЧИДА БАРНОМАРЕЗИ МЕГАРДАД. ВА ЧОИ БАДБАХТИСТ, КИ ИН ФИЛТЕРГУЗОРИ ДАР ХОЛИ ХОЗИР НА ТАНХО СУРАТ НАМЕГИРАД, БАЛКИ МАВРИДИ ХУЧУМИ ВИРУСХОИ ТАСАВВУР ВА АНДЕШАХОИ БЕГОНАГОН КАРОР ГИРИФТААСТ.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Карими Умедвор 06.01.2012 23:02
НАМУНААШ ХАМИН ВИРУСИ МАЗХАБ-БОЗИХОИ ЧАВОНОН ДАР СОЛХОИ ОХИР МЕБОШАД.
ИН МУШКИЛ , МУШКИЛИ МИЛЛИСТ ВА РУИ ИН МАСАЛА БОЯСТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ЗЕРИ НАЗАРИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ КИШВАР БАРНОМА ВА ТАРХРЕЗИХОЕ РО АНЧОМ ДИХАНД.
ЧОИ ИН ЛИТСЕЙБОЗИХО МАКТАБИ МИЛЛИРО БОЯСТИ ИХЁ НАМОЯНД.
АГАР ЧУНОНЧИ ДАР АНДЕШАИ ИН МАВЗУЪ МАКОМОТИ ДАХЛДОР НАБОШАНД, БА ЗУДИ ФОТХАИ ХУВИЯТИ МИЛЛИ ХОНДА ХОХАД ШУД.
БО САЛОМ.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Нилуфар 07.01.2012 15:32
На танхо литсейхо, балки филмхои турки хам маъруфияти бесобикае дар чомеаи Точикистон касб кардаанд. Гузашта аз ин, сафорати Туркия дар Точикистон курсхои ройгони омузиши забони туркиро эълон кардааст, ки тибки иттилои дустони ман ба ин курсхо нафарони хеле зиёде мутаваччех шудаанд. Албатта максад аз рохандозии чунин курсхом омузиши на танхо омузонидани забони турки, балки муайян кардани шумораи нафароне низ мебошад, ки моили Туркия хастанд. Акнун суоле ба миён меояд, ки чаро Кумитаи амнияти кишвар ва дигар макомоти марбута дар ин иртибот хеч чорае намебинанд?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # mard 10.01.2012 08:09
Biyoyen misliki shumo guften az on Litseyho dur monemu, maktabi oddiyro davom kunem, johil mondanro davom kunem , va misli no odam zindagi karan girem. chiqadar nagz a, Kambudii mo mardum hamin ast ki, Xudamon jurate va qudrate soxtani maktabi bo sifate ki az har taraf pesh rafta boshad nametavonem, bo ba bino shudani maktabhoi harxela toqat nametonem kard, ( Shumohon). In xasadi shumo xudi shumoro az doira barovarda,
Gav zadan oson,
Avval sharoit bisoz agar hamiqa navonusha doshta boshi bad kritikavat ku,
Ya az xisob naguzaronden ki chand saddo talabahoi bosavodu, olimpiadistoyu ,sohibkor barovard in litseyho medonen?
Odami xub dunyora tag'ir kardan mexod,
odami dono xudasha tag'ir kardan mexod...
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Sator 10.01.2012 14:12
Pesh az 200 bor la'nat khondan ba farhangi digar, yak bor imloi makolai khudro binedu bad andesha kuned. ba Arabhovu, Afgonhovu, Pokistonihovu Eroniho taklid mekunedu, charo digaronro la'nat mekhoned?
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # САВОБЧУ 11.01.2012 18:35
ман чорсад бор лаънат мехондам
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # Мавзуна 24.04.2012 16:20
Аз он, ки лаънат мехони як маротиба фикр кун, ки забони давлатиямон берун аз кишвар ба ки даркор аст. Акалан як ду забонро донистан хуб аст аз он, ки моро точиконро бесавод мегуянд.Дар руссия хатто мухочирони моро барои надонистани забон ва хукуки худ масхара мекунанд. Бошад, чунин сафи литсейхо бисёршаванду бачахои мо рафта тахсил кунанд. Омухтани забон хоричи хуб аст.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov