ФАТТОҲ ОДИНА ДАРГУЗАШТ

Фарҳанг ва адаб 07.01.2010 13:57

Рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Душанбе дар маросими видоъ бо Фаттоҳ Одина, оҳангсози маъруфи тоҷик фарҳангиён ва дӯстдорони ҳунари мусиқии зиёде ширкат доштанд. Фаттоҳ Одина шоми рӯзи шанбе дар манзили худ дар шаҳри Душанбе дар синни 71 солагӣ бар асари беморӣ даргузашт. Фаттоҳ Одина соли 1938 таваллуд шудааст ва баъд аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба донишкадаи мусиқии шаҳри Душанбе пазируфта шуд. Дар соли 1952 барои идомаи омӯзиши мусиқии касбӣ ба консерваторияи Чайковскийи шаҳри Маскав, пойтахти Русия меравад.

Вай дар соли 1966 барои дифоъ аз рисолаи номзадии арсаи мусиқӣ ба академияи ба номи Гнессини шаҳри Сантс-Питерсбург пазируфта мешавад.

Фаттоҳ Одина баъд аз таҳсилоти худ чанд соле раҳбарияти филармонияи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва сипас то рӯзи фавташ дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба унвони профессор ба шогирдон дарси оҳангсозиро меомӯзонид.

Оҳангҳои ӯ "Духтари сеторӣ", "Ману дарё", "Ошиқ шудаи эй дил", "Маъвои Роғун" ва амсоли онҳо натанҳо дар Тоҷикистон,балки берун аз он низ дӯстдорони зиёде доранд. Ӯ ҳамчунин барои филмҳо ва намоишномаҳои теар низ оҳангҳо офаридааст.

Фаттоҳ Одина корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Итиҳодияи оҳангсозони кишвар ва барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар рушди ҳунари мусиқӣ дар Тоҷикистон буд.

Худо биёмурзадаш


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97