БЕҲТАРИН УСТОДИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

Фарҳанг ва адаб 03.10.2009 14:55

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун рӯзи бузургдошти муаллим ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат таҳиягарони барномаи "Бӯстони алифбо" ки ҳар рӯзи ҷумъа аз ТВ "Баҳористон" пахш мешавад, тасмим гирифтаанд устоди барнома Салоҳиддин Амониро табрику шодбош бигӯянд. Беш аз ду сол аст, Салоҳиддин Амонӣ вазифаи устодиашро тариқи шабакаи "Баҳористон" анҷом медиҳад. Устод Амонӣ дар барномаи "Бӯстони алифбо" хатти ниёгонро таълим медиҳад. Дар ин мудати кутоҳ ӯ дар миёни хурду бузурги ҷомеаи тоҷик маҳбубияти хосеро касб кардааст. Аксарият барояш тахаллуси "телеустод"-ро гузоштаанд.

Воқеан ҳам устод бо истифода аз маҳорату услуби хоси худаш тавонистааст ба ҳазорон донишомӯзони кишвар таъсири хуб расонад. Аз ӯҳдаи ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддуни миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва муҳимтар аз ҳама таълиму тарбия ба хубӣ мебарояд.

Барои иҷрои нақши устод дар барномаи "Бӯстони алифбо" ҳудуди якуним сол муаллим-ҳунарманд мекофтам. Нафарони зиёдеро пайдо кардам, аммо ҳеҷ яке мавриди таваҷҷуҳам қарор намегирифт. Яке маҳорати хуби ҳунармандӣ дошт, аммо донишу суханрониаш заиф буд. Агар муаллим, забон дони хуб пайдо мешуд, аммо аз ӯҳдаи ҳунарнамоӣ намебаромад, ва ё симову гуфтори телевизионӣ надоштанд… Ҳамаи ин нозукиҳо дар телевизион аҳамияти муҳим дорад. Аммо чун Амониро дидаму танҳо ду дақиқа ҳамроҳаш сӯҳбат кардам, фаҳмидам, ки устодеро, ки мекофтам ӯст. Воқеан ҳам муҳимтарин бурди "Бӯстони алифбо" устоди барнома - Салоҳиддин Амонист. Устод Амонӣ тавонистааст бо маҳорати хуби ҳунарнамоӣ, забони нобу шеваи ширинаш, бо дониши баланду, симои ҷаззобаш ва сабку услуби махсусаш ба дили ҳазорон тамошогар раҳ ёбад. Муаллимӣ дар телевизион аз муаллимӣ дар мактаб тафовут ва мушкилии зиёд дорад. Як барномаи 30 дақиқаиро беш аз се-чаҳор соат сабт мекунем. Хеле кори мушкил ва нороҳаткунанда аст. Аммо боре ҳам ибрози норизоӣ, нороҳатӣ ва ё шикваи ӯро нашунидаам. Инсони самимӣ, меҳрубон, нексиришт ва пуртоқат ҳастанд. Аз рӯзи нахустини кораш бо гурӯҳи кории эҷодиву техникии телевизион муносибати хуберо барқарор кардааст ва эҳтироми хосеро барояш қоиланд.

Салоҳиддин Амонӣ собиқаи зиёди омузгорӣ дорад. Солҳои тулонӣ дар мактаб-гимназияи №55 аз фанни хатти ниёгон дарс медод. Ба шогирдонаш сабку услуби таълимаш хеле писанд аст. Аз ҳар донишомӯзе, ки дар ин мактаб таҳсил мекунад, мепурсам, ки Салоҳиддин Амонӣ бароятон дарс медиҳад, бо ифтихор ҷавоб мегӯянд, ки бале, Амонӣ муаллими мост ва аз ӯ ба хубӣ ёд меоранд. Ҳар як донишомӯзи ин мактаб аз устоди хатти ниёгонаш С. Амонӣ хотироти хубе доранд ва дар баробари пурсидан бо фараҳу хушҳолӣ онро нақл мекунанд.

Аз ошноӣ ва ҳамкорӣ бо чунин инсони бофарҳанг ва муаллими донишманд хушҳол ва сипосгузорам. Ҷашн муборак Устод!

Шаҳноз Комилзода, муаллифи барномаи

"Бӯстони алифбо"

Салоҳиддин Амонӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақши Устод дар барномаи "Бӯстони алифбо" аз нахустин рӯзҳои сабти барнома ба хубӣ мебарояд. Маъмулан иштирокчиёни барномаҳои телевизионӣ бо дидани микрофон аз гуфтор мемонанд ва бо дидани дурбин кантроли худро аз даст медиҳанд, аммо хушбахтона замони сабти Салоҳиддин Амонӣ бо чунин мушкил рӯ ба рӯ нашудем. Барои ман - коргардон бо ӯ кор кардан хеле осон аст, чун Амонӣ бо дурбин хеле хуб кор мекунад ва худро дар саҳна идора карда метавонад. Раванди сабти барнома кори хеле мушкил аст, аммо хушгӯиву сифати кори Амонӣ кори моро хеле осон мекунад ва аз сабти барнома асабониву дилгир намешавем. Рӯзҳои аввали сабти барнома таҷрибаи камтари ҳунарнамоӣ доштанд, аммо дар муддати кутоҳ ҳунарпешаи ҳирфаӣ шудааст ва дигар бе огаҳиву талаби коргардону муаллиф тамоми нуқсонҳову нозукиҳои телевизиониро дарк мекунад, зуд онро бартараф мекунад. Умуман, Салоҳиддин Амонӣ аз ӯҳдаи вазифаи "телеустод"-и ба хубӣ мебарояд. Барояш муваффақият орзумандам.

Аслам Ёдгоров коргардони барномаи

"Бӯстони алифбо"

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро гашта гашта чарх оламгир кард.

Устод Салоҳиддин Амонӣ беҳтарин устоди ман аст. Устод Амонӣ ва барномаи "Бӯстони алифбо" зиндагии маро ба куллӣ тағйир додааст. Аз устод Амонӣ таълимоти зиёде гирифтаам. Панду насиҳатҳои устод хеле таъсирбахшанд. Ҳамон суханҳои С. Амониро дар мактаб ва дар хона борҳо бароям мегӯянд, аммо на он қадар ба дарку фаҳми он мерафтам. Вале чун устод мегӯяд, зуд ба ман таъсир мекунад. Ман дар симои Салоҳидин Амонӣ як устоди донишманд, падари бузургвор ва дӯсти самимиро мебинам. Бузургдошти Рӯзи муаллимро ба устод Амонӣ ва тамоми устодонам табрик мегӯям!

Шаҳбози Сайфулло

Нодонаки С. Амонӣ

Мо, дар телевизион, мушкилиҳои огоҳии тахассусӣ, гуфтори бамаънӣ, рафтори қоим, садои рӯҳафзо ва симои чашмнавоз зиёд дорем, вале, хушбахтона, дар мавриди "Бӯстони алифбо", бахусус устоди ин барнома, онҳо бартарафанд. Мушкили дигари натанҳо муассисаи мо, балки бисёре аз воситаҳои ахбор ва аксари ҷомеа забони нашкаставу ворастаи гуфтугӯист ва боз ҳам бо хушҳолӣ метавон гуфт, ки тавассути забони Салоҳиддин Амонӣ ва ровиёни камчине чун ӯ ТВ "Баҳористон" дар тарғиби гуфтори поку равон, андаке ҳам бошад, саҳмгузор аст.

Мавсуф устоди воқеист, ки натанҳо бо дониши фарогиру дастрас, балки бо қаробати самимона ба шогирдон бинандаро ҷалб мекунад. Ва беихтиёр суханони барҳақе ба ёд меоянд, ки омӯзгор як каме бояд ҳунарманд (артист) ҳам бошад, бахусус омӯзгори синфҳои аввал. Салоҳиддин Амонӣ ҳам омӯзгори ҳунарманд аст, ҳам ҳунарманди омӯзгор.

Дар шахси ӯ бузургдошти рӯзи муаллимро ба тамоми омӯзгорон табрик мегӯям.

Низом Қосим, директори Муассисаи давлатии

"Телевизиони кӯдакону наврасон - "Баҳористон"


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97