Millat
19.05.2012
Бузак ҳанӯз намурдааст, аммо баҳор ҳам наомад
10.11.2011 11:45   

Ба Президенти ҶТ

Ба Раиси Маҷлиси Миллӣ

Ба Раиси Маҷлиси намояндагон

      Дигар БАС аст!

Гӯри моро ба зиндагиамон кандан

Klinton_va_ShamЗамоне ки Ҳиллари Клинтон ба Тоҷикистон омад ва дар баробари матраҳ кардани амбитсия ва хостаҳои кишвараш Амрико, ки худро ҳомии озодиҳои ҳуқуқи инсон ё башар муаррифӣ мекунад, аз ҷумла ишорае ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кард ва ҳамчунин таъкидаш бар рӯйи ҳодисаҳои Андиҷон, маро ба ин фикр овард, ки ҳуқуқи башар қартаи козери кохнишинони Амрикост. Ба мисли ҳамон қанди остини кампиракҳои деҳи мо, ки ба ҳангоми гиря кардани кӯдакон онро аз остин бароварда, намоишкорона ба кӯдак медиҳанд. Ва маҳз ҳамин дипломатияи амрикоӣ аз ҳамин шеваи кампиракҳои мо кор мегиранд ва ҳар вақт аз ин остини сеҳрнокашон сюрпризе (армуғоне) барои башар ба намоиш дармеоваранд. Ҳама медонад, ки кӯдакон бибиҳои пур аз остини қандро бештар аз дигарон дӯст медоранд, аммо кудакон намедонанд, ки бибиҳо пуле барои харидории ин қанд сарф намекунанд, балки бибӣ гоҳе пинҳону гоҳе ҳам рушод онро аз лаълии пур аз қанди ҳамсоя барояш армуғон меоварад. Вагарна агар Клинтон воқеан барои мо дил месӯзонад, чаро фикри беш аз 7 миллион (-муҳоҷирон) тоҷикро, ки дар шароити сахти сахти буҳрони иқтисодӣ қарор доранд, намекунад ва таъкид мекунад, ки бояд мунтазири ташхиси Бонки ҷаҳонӣ бошем, то сарнавишти моро ун ҳал бикунад, ки мо барои зинда мондан ниругоҳи сарнавиштсози "Роғун"-ро бисозем?! Магар кӯдакони мо, ба хусус аз мо(!) чаро ҳаққи зиндагии шоистаро надошта бошанд ва кӯдакони сарсахттарин диктаторон барои мудофеъони ба ном ҳуқуқи инсон - Амрико қартаи бозӣ ва дилхушӣ бошанду ҳар гоҳе барои матбуоти ҷуҳудакии онҳо хабарсозӣ кунанд?! Чаро ин ҳомии ҳуқуқи башар меояд бо диктаторони минтақаи мо бозиву дилхушӣ мекунаду номуси тамоми мардумони ин минтақаро ба қимор мезанад? Ин мардумон таҳқир мешаванд, аз сӯи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва аввалтар аз ҳама Амрико ва бо дастони диктаторони минтақа, ки оқибат ба мисоли саг мемиранд; дар мисоли Саддому Қаззофӣ.

Ин диктаторон ба мисоли асбоббозие шудаанд, ки Амрико ба вижа бо онҳо ва ба сарнавишти миллатҳо бозӣ мекунад.

Аммо ин баҳонаро барои Амрикоиҳо мо худамон фароҳам мекунем. Агар мехоҳед, ки сарнавишти Саддому Қаззофӣ домангиратон набошад, биёед, худатон сарнавиштатонро ҳамроҳ бо сарнавишти мардум ба самти мусбат роҳӣ бисозед.

Бубинед, ҷашни 20 соли истиқлол гуфтему ҳай худро такондему давидему кафки даҳон парондем, акнун ки диламон холӣ шуд, биёед, ба мағзамон фикр кунем, ки магар ин миллат сазовори зиндагии шоистатаре нест?!

Ҳудуди 10 сол аст, ки мардум аз рӯшноӣ, маҳрум аст, он чи ки Аҳуромаздо бо Аҳриман танҳову танҳо ба хотири он мубориза мебурданд. Фалсафаи зиндагии инсоният. Аммо мардуми бечораи тоҷик ворисони Аҳуромаздо аз ин неъмат бо сад баҳона маҳрум аст. Бубинед, ҳеч як падари солим нони даҳони бачаҳояшро ба бозор намебарорад ва ҳамеша дар фикри он аст, ки хонаводааш бо ғизову зиндагии беҳтаре таъмин бошанд ва тамоми фалсафаи зиндагиаш ҳам аз ҳамин иборат аст. Ва танҳо ин падари майзада ва асолатбохта аст, ки ҳеч дар фикри авлодҳои худ нест ва ҳаққи бачаҳояшро сарфи ин ҳаром мекунад. Ҳатто ашёи зарурӣ барои хонаву хонаводаашро сарф мекунаду ба савдо мезанад. Ҳеч монандие миёни ин падари бад ва масъулони таъминоти иҷтимоии мардумро шумо мебинед? Ман возеҳ мебинам!

Бар ивази саломати мардум масъулони мо барқи моро мефурушанд ва ҳеч дар фикри он нестанд, ки сармо бадани ин миллатро мехӯрад?!

Дар фасли сармо дар хонаи сарду торики бетонӣ бидуни барқ соатҳо мондани мардум маҳкум кардани онҳо ба марг аст, на чизи дигар.  

Аммо дигар бас аст, мо мурдан намехоҳем. Ба хусус мо мурдан намехоҳем!!! Балки ба таври таҳқиромез, ба сурати ғайритабиӣ мурдан намехоҳем. Мо зиндагӣ кардан мехоҳем, ба таври шоиста, он гуна ки ҳаққи табиии ҳар инсон аст.

Имсол дигар ин ҳақро мо бар шумо намедиҳем, ки барқи моро хомӯш кунед. Ва ҷони бачаҳои моро ба хатар андозед.

Дигар БАС аст!

Мо намурдем, аммо баҳор ҳам наомад. Накунад, ки баҳоре мисли "баҳори араб" биояд!

Сардабир

 

Назарҳо  

 
0 # 10.11.2011 15:38
salom ba mardumi vokean mazlum va jabrdida va zoll va kambaghalu bechora va mustazafi tojik . bo oruzui inki in millat sar baland boshand va hamesha bo izzatu iftixor boshand. ammo in ki barki mo ba furush merasad on ham dar fasli zimiston ki mardumi mo ba bark misli havo nioz dorand pas pulash kujost? charo in hukumatdoroni mo in kadar emoni xud az dast doda va ba soni firavn nisbat ba mardum raftor mekunand ? magar insonhoi digar misli janobi oli va digar vaziron hakki doshtani barkro nadorand? charo dar xonai rais jumhur bark boshad dar xonai mo ne? agar karor boshad ki kase zahmat bikashad boyad avvalin kas raisi jumhuri kishvar boshad . chun ki u xodimu navkari millat ast. va har baloe ki ba sari millat bioyad boyad avva rais jumhur va vaziron bikashand .charo? chunki onho hamin sarnavishtro bar sari mardum ovardaand . pas boyad avval xud bichashand . gap ziod ast vale ku gushi shunavo. millat lutfan chop kuned.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 10.11.2011 21:00
саломат бошед дарди дили моро гуфтет! биёед хама як рузро дар сар то сари кишварамон ба нишони эътироз даст аз истифодаи барк мекашем бигзор инашро хам фурушанд, касам ба Худо намедонам чи кор кунам то ба кай ин зулм?мухтарм кормандони миллат дар ин кори хайр кумак кунед як рузро тавсути сомонаатон эълон кунед.доддддддддддддд дддддд
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 11.11.2011 20:25
Шаб омад Рудаки бар хонаи ман аз барои шамъ,
Шудам шарманда з-он чизе набуд то ки дихам уро.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # 12.11.2011 22:32
Салом,
Зинда бошед Миллат ба ин макола, хакикат возех асту диданию шунаво, вале ку магзе ки фикр кунад, гуше, ки шунавад ва ё чашме, ки бинад. Охир дар ин аср, дар ин давру замоне, ки мо зиндаги дорем бояд чунин проблема набошад, ба Худо касам, шарм медорам вакте бо дустхои хоричиам харф мезанаму аз чунин проблема бохабар мешаванд, аслан вайхо тасаввур карда наметавонанд, ки чунин проблема вучуд дорад.
Ман як дехоти астам, вакте баркро медиханд хаёхуе, ки кудакон мекунанд аз хурсанди зикам мекунад. Фарзандони ояндаамон, ки сарнавиштамон дар дасташон аст дар чунин фазо зиндагони мекунанд. Лек, кадом як проблемаро мегуем, барк? рох? транспорт? ...., шояд мешаванд вале кай? вакте, ки шояд мо нестем, чун касоне, ки аллакай дар чунин фазо аз дунё рафтанд. Хайф аст, ки хаёт як бор асту чунин зиндаги кард. Наход як вилояти калон (вилояти Хатлон) транспорти мусофиркашони (автобус) барои осонии мардум мухайё карда натавонад? Агар бузак шуморед, бахор ро дидан мехохем!
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 
 
0 # student 17.11.2011 23:14
to vakte manu tu xap shinem vaziat az in ham badtar meshavad . chi xiol kardi yagon kas omada durust karda ba manu tu medihad? mo boyad xudamon kunem va muntaziri hij kas naboshem . taghdiri har millate dar dasti xudi ust . moem ki in zulmhoro kabul kardem va okibatash az in ham badtar meshavad oshno.
Посух додан | Посух ба посух | Посух додан
 

Назари худро нависед


Баннер

Назарсанҷӣ

Қаҳрамони сулҳи тоҷикон кист?
 
PDF

Тақвим

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     

— Designed by: UmedSharipov