Резиши харобиовари кӯҳпора дар Дарвоз+аксҳо

Millat 14.02.2019 10:04

Дар 362 километрии роҳи Душанбе -Хоруғ, дар деҳаи Сангев (Сангеви дароз)-и ноҳияи Дарвоз бар асари резиши кӯҳ як хона ва иншооти дигари чанд хоҷагӣ вайрон шуда, роҳи мошингард барои як шаб баста шуд.

 Субҳ роҳи мошингард боз шуда, бартарафсозии оқибатҳои сангрезӣ дар ин мавзеъ ҷараён дорад. Бино ба гуфтаи сокинони ин деҳа, резиши санг як ҳафта ба ин ҷониб давом дошт.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чор соат қабл аз рух додани ҳодиса сокинон ва ҳайвоноти хонагиро аз маҳалли ҳодиса кӯч доданд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Гуфта мешавад, ки эҳтимоли такрори ҳодиса ва боз фаромадани куҳпораи азиме имкон дорад. Сокинони маҳал то ҳол ба хонаҳояшон барнагаштаанд.

Аксҳо аз Абдурашид Қосимӣ, хабарнигори мардумӣ,

махсус барои маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"

 

 

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97