Шогирдони болаёқат ба хазинаи илми кишвар боз 7 медал ворид карданд

Millat 19.01.2017 15:07

Замоне, ки аксарияти донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар таътили зимистона қарор доранд, чанд нафар аз толибилмони боҳуши кишвар аз Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков бо дасти пур ба ватан бозгаштанд.

 Ин мусобиқот рӯзҳои 11–17 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин сабқат толибилмони беш аз 63 литсей ва гимназияҳои беҳтарини риёзӣ аз 23 кишвари дунё ширкат карданд.

Дар ин олимпиада аз фанҳои риёзӣ, физика ва информатика сабқат доир шуд.

Донишомӯзони лоиқи тоҷик бо сарбаландӣ кишвари азизамонро муаррифӣ карда, бо дасти пур: 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣба Ватан бозгаштанд. Шогирдони литсейинтернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ва шогирдони литсейи хонандагони лаёқатманд 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба хазинаи илми Тоҷикистон ворид карданд.

 Ду медали нуқраро Меҳрон Бобохонов, хонандаи синфи 10–и литсей–интернати тоҷикӣ–русии “Ҳотам ва ПВ” аз фанни риёзӣ ва Фарҳод Ҳакимиён, хонандаи синфи 10–и литсейи хонандагони лаёқатманд аз фанни информатика соҳиб гардиданд.

Сабина Абдураҳмонова, хонандаи синфи 10–и литсейи хонандагони лаёқатманд аз фанни физика, Парвизҷон Алиев, хонандаи синфи 10–и ҳамин литсей аз фанни риёзӣ, Абубакр Усмонов, хонандаи синфи 10–и литсей–интернати тоҷикӣ–русии “Ҳотам ва П.В.”, Наимҷон Холҷонов, хонандаи синфи 9 ва Комрон Абдуллоев, хонандаи синфи 10–и ҳамин литсей аз фанни риёзӣ соҳиби медалҳои биринҷӣшуданд.

Дастаи миллии мо дар миёни дигар дастаҳо ҷавонтарин буда, асосан аз хонандагони синфҳои 8–10 иборат буданд, дар ҳоле ки барандагони ҷоизаҳо аз дигар дастаҳо хонандагони синфҳои 11–12 буданд.

Ба иштирокчии ҷавонтарини олимпиада–хонандаи синфи 8–и литсей –интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” дар маҷмуъ 0.3 хол нарасид, то аз фанни физика соҳиби медали биринҷӣгардад.

Барандагони ҷоизаҳои ин олимпиада аз тарафи Донишгоҳи ба номи Назарбоеви Қазоқистон ва Донишгоҳи миллии Боку барои таҳсили ройгон даъват шудаанд. Тамоми харҷи таҳсилро ин донишгоҳҳо кафолат медиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97