Чаро Таракӣ ва Кормал Фидел Кастро нашуданд?

Millat 24.10.2016 12:33

(Ҳунари давлатдорӣ дар акси деворҳо буд)

Вақте мо аз фурӯдгоҳи шаҳри Кобул берун омадем, дар саросари шаҳр аксҳои Бабрак Кормал овезон буд.

Дусолагии дар курсии шахси аввал нишастани ӯ ҳанӯз «ҷашн» гирифта нашуда буд, вале нишонҳоро бо акси ӯ дар сари синаи бисёриҳо, алалхусус аъзои ҳизб дидан мумкин буд.

 Дар муддати се сол аксҳои бари девору оинаи хонаҳо, хиёбону растаҳои шаҳр бори сеюм иваз шуданд.

Ҳамон ибораи «Шарқро фаҳмидан душвор аст» (Восток – дело тонкое) духура маъно медиҳад.

Авввал ин ки мардуми онро (Шарқро) фаҳмидан душвор аст.

Дувум, аҷоиб соддагиҳо дорад ин мардум.

Ин андешаҳо маро ба ҷои дигар бурданд…

Соли 1978, вақте ки ба Фестивали ҷавонон ва студентон ба шаҳри Гавана парвоз мекардем, гумонам мерафт, ки намоиши аксҳои Фидел Кастроро шуруъ аз фурӯдгоҳ мебинам. Тасаввур мекардам, ки акси ӯ шояд барқади бинои аэропорт бошад, зеро аксарияти газетаҳо, телевизиони СССР аксҳои ӯро мунтазам намоиш медоданд.

 Дар фурӯдгоҳ ягон аломате аз таблиғи шахсияти Фиделро надидам. Дар давоми 12 рӯзи зист ва тамошо дар ин кишвар танҳо дар ду ҷо акси ӯро вохӯрдан мумкин буд, яке дар ҷазирае, ки онҳо бо Эрнест Чегевара аз киштӣ фуруд омада буданд ва сурати ҳардуи онҳо меистод.

 Акси дувум дар шаҳраки ҷавонон ва студентони Иттифоқи Советӣ – дар пештоқи саҳна Фидел Кастро ва Леонид Брежнев буданд. Вале бо ҳар як кубагие, ки суҳбат мекардем ва гап дар бораи Командантос мерафт, аз ҷайбаш дафтари хотира ё паспорташро бароварда, сурати Фиделро нишон медод. Баъзе аксҳо ниҳоят фарсуда буданд, вале барои одами эътиқодманд наву куҳна фарқ надошт. Аксарияти ин суратҳо аксҳои дар газетаву журналҳо чоп шуда буданд. Маълум мешуд, ки барои таблиғ ҳам акси Сарвари давлаташон хеле кам чоп шудааст. Вақте ки бо Хоссе, ҳамдарси москвагиам вохӯрдам, дар ин бора аз ӯ пурсидам. Дар Москва ӯ ва дӯстонаш дар бораи Сарвари Инқилоб бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Аз журналҳои советӣ аксҳои Фиделро бурида мегирифтанд.

Родригес қиссаи аҷибе кард: «Чанд сол пеш рафиқ Фидел дар як маҷлис эълон кард, ки дигар ӯро дар нишастҳо таъриф накунанд, махсусан хидматчиёни давлатӣ ва партиявӣ.

Чанд рӯз баъд пленуми комитети партиявии шаҳри Гавана доир мешавад, ки Командантос иштирок доштааст.

Ҳангоми кушодани Пленум котиби якуми ҳизб Сарварро бо тамоми унвонҳояш муаррифӣ мекунад ва мехоҳад мардумро барои бархостан ба истиқболаш даъват бикунад. Фидел сухани ӯро мебуррад ва эрод мегирад. Котиб хомӯш мешавад.

Дар оғози маърӯза чун анъанаи қаблӣ котиб аз нав васфи ӯро сар мекунад. Фидел боз нороҳат мешавад ва ӯро хабардор мекунад.

Дафъаи сеюм, вақте ки котиб ба таърифи Сарвар оғоз мекунад, Фидел нотиқро нигоҳ медорад ва аз ҷояш бархеста мегӯяд:

– Рафиқон, аъзои Комитети партиявии шаҳр, ман таклиф мекунам, ки ба рӯзномаи пленум масъалаи ташкилӣ дохил карда шавад.

Ҳама якдилона овоз медиҳанд.

– Таклиф мекунам, ки котиби якум аз вазифааш озод карда шавад, суханашро давом медиҳад Фидел.

Ҳамин тавр, котиби дуюмро ба вазифаи котиби аввал интихоб мекунанд ва сипас Пленум корашро идома медиҳад.

Родригес кӯшиш мекард, ки номи Сарварро оҳиста бигирад, мабодо касе бишунавад, айб мекунад. Дар кисаи ӯ низ акси рангаи Фидел аз кадом як журнали Иттифоқи Советӣ меистод...

Анқариб, ки Инқилоби Савр дар Афғонистон пирӯз шуда буд, чӣ ҳолатҳоеро дар телевизион намедидам. Ҳама ҷо аксҳои Нурмуҳаммади Таракӣ овехта шуда буданд, гоҳҳо рӯи замин мехобиданд. Дар қадамзаниҳои хиёбонии мардум медидем, ки зани чодарпӯше ҳам акси Таракӣ дар даст дар роҳпаймоӣ иштирок мекунад.

Баъди муддате ҷои акси Таракиро, ки тамоми дару деворро гирифта буд, суратҳои Ҳафизулло Амин ишғол карданд. Баъди марги ӯ ҳамагӣ дар байни ду-се рӯз ҷои онҳоро симои Бабрак Кормал иваз кард.

Аҷоиб замоне, ғароиб давроне.

Фарз кардем, ки Таракӣ дар ин курсии баланд якбора аз вазифаи ходими як идораи хурд омад ва «асрори ниҳон» ро намедонист. Вале Амин гурги борондида буд. Чаро фаҳмида наметавонист, ки касе пушти парда истода ӯро таблиғ мекунаду зери пояш чоҳ меканад. Ё намехост бифаҳмад? Ниҳоят ба чоҳе, ки замони Таракӣ канда буд, худашро афканданд. Ҳамагӣ се моҳ мустақилона дар курсӣ нишасту аксҳояш ҳама ҷо овезон буданд.

Ба гуфти бисёр мусоҳибон, дар бораи он ки Таракиро маҳз ӯ кушта буд, аллакай рӯзи дувуми воқеа мардум медонист. Ҳарчанд дар таърихи шоҳии Афғонистон (мисли дигар шоҳигариҳои дунё) мисолҳои куштани рақибон барои курсии шоҳӣ кам нестанд, ҳатто падар аз дасти писар. Масалан нисфи манитиҳо падарони хешро заҳр дода куштанд ва ба тахт нишастанд. Вале ҳодисаи ахирӣ хеле нанговар буд. Баъзеҳо онро аз нигоҳи мазҳабӣ воқеаи аз тарафи Нодирхон, ки барои афв бо «Қуръон» қасам хӯрда, Ҳабибуллоҳи Калакониро номардона кушта буд, бадтару сахттар ҳисоб мекарданд. Зеро ӯ дар пеши мардум Таракиро падари хеш мехонд. Ба ҳар баҳона маҳфилҳо ороста, пайкбардориҳои тулонӣ, таърифу тавсифи «падари миллат» соатҳо давом мекард.

Дигар беобрӯиеро, ки Амин барои худ ва ҳизбаш касб карда буд, ин масъалаи таъин сохтани «ширбаҳо» барои духтарон буд. Ин амал дар Афғонистон набахшиданист, мисли куштор, ки хунбаҳо ситонда мешавад. Дар ин сурат ҳам қассос ногузир аст. (Духтарони Иминӣ)

Таҷрибаи талхи коммунистон ва комсомолони Осиёи Миёна солҳои аввали Инқилоби Бухоро бароямон маълум буд, зеро онҳо ба болои он меншевику болшевикон боз бо пантуркизм ва панэронизм, ки миллатгароӣ мезоданд, мубориза мебурданд.

Мавҷуд набудани якпорчагӣ дар Ҳизби демократики халқи Афғонистон, сабаби дигари ниҳоят суст пеш рафтани таҳкими давлатдорӣ дар ин кишвар буд. Мавҷудияти болшевикҳову меншевикҳо дар Иттифоқи Советӣ боиси аз байн рафтани ҳазорон кадрҳои боистеъдод шуда бошад, дар ин ҷо ҳамон ҳолат такрор мешуд. Ба куштан додани Нурмуҳаммад Таракӣ барои Ҳафизулло Амин «дарвозаи бахт»-ро мекушод. Ӯ ҳамчун роҳбари ҷиноҳи халқӣ (болшевикҳо) дар паи нобуд кардани (ҳатто ҷисман) рақибон афтод, зеро кайҳо вақтро интизор буд ва акнун вақт фаро расида буд.

Берун аз кишвар фиристода шудани Бабрак Кормал, қатл бо усули асримиёнагии Хайбар – сармуҳаррири рӯзномаи «Парчам», бе ному нишон сохтани Тоҳири Бадахшӣ оғози ин бетартибӣ ва саргумиҳо гардиданд.

Манзур аз гуфтаниҳо он аст, ки ҳамон замон дар ниҳоди ҳизб муноқишаҳои дохилӣ кам набуданд, ҳатто то сатҳи созмонҳои аввалия мерасиданд. Акнун парчамиҳо «болшевик» шуда буданду халқиҳо «меншевик». Инро аз рӯи сафи кормандон, ҳайатҳои роҳбарикунандаи ҳизбу созмони ҷавонон эҳсос кардан мумкин буд.

Аз рӯи таҷрибаи начандон ҷаззоби ҳамонвақтаам дар мавзӯи муноқишаҳои дохилиҳизбӣ эҳсос мекардам, ки албатта аксарияти пайравони ин ҷиноҳ аз Таракӣ бо таасуф ёд мекунанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоваранд. Ягон-ягон «аминиҳо» низ буданд, ки баъди санҷиши зиёду боварӣ дар бораи Амин суханҳои «хуб» гуфтанӣ мешуданд ва хусусиятҳои неки ӯро дар ҷасурӣ ва қотеъ буданаш медонистанд. «Инқилоб бе қурбонӣ намешавад» шиори коммунистиро ҳамеша барои тақвияти фикри худ ба ёд меоварданд онҳо. Таърихи муноқишаҳои байни болшевикон, меншевикон, эссерҳо, баъдҳо Тротский ва Зиновевро хуб медонистанд ва дастак мекарданд. Иосиф Сталинро барои исботи фикрашон мисол меоварданд. Солеҳ Зерай, муовини Бабрак Кормалро чун роҳбар ва идеолог таъриф мекарданд, вале аз камҳавсалагиаш норозӣ буданд. Баъзеҳо Ғуломдастагири Панҷшериро чун шахси «донову зирак» эътироф мекарданд. Баъзеҳо аз як ҷиноҳ ба ҷиноҳи дигар «париданаш» ро ноустувории идеологӣ медонистанд, баъзеашон ин рафтори ӯро ба фоидаи ҳизб ва ҳарчи бештар ҷазб кардани ҷавонон ба узвияти ҳизб ҳисоб мекарданд. Албатта Ватанҷору Гулабзой низ бе пайравони хоси худ набуданд. Мутаассифона, ҳамин гуна ҳолатро дар ҳайати худи ҷиноҳи ҳизб Парчам мушоҳида кардан мумкин буд.

Рафиқ Кормал барои онҳо пешво буд, вале эҳсос мешуд, ки мухлисону тарафдорони Нурмуҳаммади Нур, доктор Наҷиб, гоҳ-гоҳе Ковиёнӣ кам набуданд. Масалан, ҳамон падидаи номатлубро аз ҳисоби тарафдорону хосагони Нурмуҳаммади Нур меҳисобиданд, яъне гурӯҳи оташбозу оташангези («Озаррахш») Раҳнавардро дар Мазори Шариф.

Яъне дар ҳамин гуна созмони бонуфузу ҳукмрони сиёсӣ – Афғонистони қавмиву қабоилӣ инъикос меёфт. Намояндаи ҳар қавму қабила ё минтақае, ки дар сатҳи роҳбарӣ қарор дошт, дар зинаҳои поён пайравон ва мухлисони худро меёфт. Мухлису пайрави поёни эътиқоду эътимоди худро бо маҳаки пешбари худ дар боло муайян мекард.

Албатта, каси нав ин ҳолатро филфавр эҳсос карда наметавонист, вале дар рафти фаъолият бо он ногаҳон вохӯрдан мумкин буд.

Ҳарчанд вақтҳои охир ба сафи созмони ҷавонон наврасон асосан бе ҷиноҳҳои ҳизбӣ дохил мешуданд, вале гоҳ-гоҳе дар байни фаъолон ин ҳолатро вохӯрдан мумкин меомад. Масалан, касеро бисупорӣ, ки дар бораи ҳамкораш сифатномае бинависад, агар ҳамкор собиқадор ва аз ҷиноҳи дигар бошад, илоҷе карда, рад мекард ё чунон муғлақ иншо мекунад, ки аз он чизеро дарёфтан мумкин намешуд.

Сабаби дигари нисбатан кам шудани ҷиноҳбозӣ дар созмони ҷавонон ба андешаи мо он буд, ки ҳайати роҳбарии созмон ҳамон вақт аз ин амал дурӣ меҷуст. Дар сафи Котибони комитети марказӣ аз ҷиноҳҳои ғайрипарчамӣ низ буданд, вале зарурияти ҷиноҳбозӣ надоштанд, зеро Бурҳониддин Ғиёсӣ ва Фарид Маздак худашон бо амалҳои худ боиси ин амалҳо намешуданд.

Барои мо низ ба ин масъалаҳо «сар халондан» хуб набуд, ҳамкоронро нороҳат мекард. Агар гоҳе дар бораи таърихи КПСС ва ВЛКСМ-и солҳои 20 ва 30 сухан мерафт, номаълум онро ба ҳаёти онрӯзаи сиёсии Афғонистон муқоиса карда, андешаи мусоҳибро дар ин бора фаҳмидан мумкин мешуд.

Бар асари ана ҳамин ҷиноҳбозиҳо ҷомаи аъмоли ду сарвари собиқ ҷамъ гаштанд.

Фидел Кастро аз бисёр дигар пешвоёни инқилобҳои ҷаҳонӣ бо он фарқ мекард, ки ӯ одами худодода буд, ду ҳамтим дошт дар симои як шахс, Раули бародараш, ки пешвои коммунистон ҳисоб мешуд. Ба қавли Шайх Саъдӣ бародаре дошт, ки дӯсташ буд. Шахсе, ки бо коммунизм пайвастагие надошт, тавассути бародараш Раул Кастро ба он шинос шуд ва сарварии онро пазируфт ва муваффақона онро роҳбарӣ кард.

Бечораи Таракӣ ҳизбе дошт ва худаш сарнишин буд. Ба муовинҳояш сидқан боварӣ дошт, аз куҷо медонист, ки баъзеи онҳо каждумони зери бӯрёанд.

Вақте аз таърихи таъсиси ҳизб лаҳзаҳои хотирмону ҷолиберо шунидам, андешаҳоям амиқтар гаштанд. Барои раисии ҳизб се нафар номзад пешниҳод шуда буданд – Нурмуҳаммад Таракӣ, Бабрак Кормал ва Тоҳири Бадахшӣ. Ба гуфти наздикони ҳамондавраи Кормал ва Тоҳири Бадахшӣ онон бо илтимоси рӯбоҳонаи Ҳафизулло Амин ва гумоштаҳои ӯ ба тарафдории Таракӣ овоз доданд, вагарна фарқи овозҳо ҳамагӣ якто буд. Яъне як овоз тақдири роҳбарии ҳизбро дар оянда ҳал кард. Бе ин ҳиллаи Ҳафизулло Бабрак Кормал ё Тоҳири Бадахшӣ шонси бештар барои интихоб шудан доштанд.

Ҳамин вазъияти эътиборҳову эътимодҳоро дониста, Ҳафизулло Амин дар паи нобуд сохтани ҳарифони ояндаи худ гашт. Тоҳири Бадахширо ҷисман нобуд карда тавонист. Бабрак Кармал ҳам дар навбат буд, хушбахтона бадарғаи сиёсӣ ӯро наҷот дод. Иттифоқи Советӣ ӯро соябонӣ кард, зеро Чехословакия барояш ҷои хавфнок буд.

Бабрак Кормал бинобар софдилӣ, раҳмдилӣ, дур буданаш аз миллатгароӣ дар байни мардуми авом обрӯи зиёд пайдо карда буд. Дар ин ҳолатҳо, аз рӯи таҷрибаи омӯхтаи мо, ҳарифон буқаламун мешаванд, ранги худро дигар мекунанд. Амалҳоеро ба дасти дигарон анҷом медиҳанд, ки обрӯи рақибро бирезонанд. Аз хонанда узр мепурсам, вале такрор ҳам шавад, боз таъсиси ҳамон гурӯҳи «Озаррахш»-ро мисол меорам.

Дигар роҳи аз мардум дур кардани роҳбарон масъалаи дин буд. Дар кишваре, ки эътиқоди мардум ба дин ниҳоят сахт аст, қадаме ба истиқболи онҳо метавонад қуллаи мақсудро наздиктар кунад. Инро ман аз хотираҳо дар бораи сарбозони сурхи руси толерант шунида будам. Онҳо ба мусулмонон, рӯҳониёни ислом дар Осиёи Миёна эҳтиром гузошта, дар байни ни мардуми авом обрӯи худро меафзуданд.

Як воқеа дар ёдам мондааст. Дар моҳи дувуми фаъолият мушовирони ҳамкорам бо Бабрак Кормал мулоқот карданд. Ман иштирок карда натавонистам.

Каме дертар, наздикиҳои Наврӯзи соли 1982 Бабрак Кормал ба Мазори Шариф омад. Кадом объекти наверо мекушод. Баъди маросим бо муҳассилони техникуми шаҳр вохӯрӣ дошт. То оғози маҳфил қариб як соат вақти дигар буд. Ӯ дар иҳотаи роҳбарони вилоят ва мушовирон пиёда ба тарафи техникум мерафтем. Як вақт дидам, ки мо ду-се кас мондему чанд қадам аз дигарон зудтар роҳ меравем. Пеш-пеши мо ва атрофамон чанд нафар муҳофизон мерафтанд. Ӯ бисёр оддӣ ва заминӣ суҳбат мекард. Дар бораи ҳаёти ҷавонон ва саҳми ояндаи онҳо суханҳои хуш гуфт ва аз ман дар бораи андешаи онҳо пурсид .

Намедонам фикр аз куҷо пайдо шуд, ки гуфтам:

– Рафиқ Кормал, ҷавонон, мардум аз ҳоло дар фикри боло кардани Ҷандаанд, чӣ мешуд, ки Шумо як сари қадам аз Равзаи Шариф дидан мекардед?

Як лаҳза дар ҷояш истоду пурсид:

– Бо мо меравед?

– Мо аз пасатон меоем, гуфтам.

Ба муҳофизонаш чизе фармуд, ки онҳо мошинҳоро наздиктар хостанд. Савор шуда, ҳаракат карданд.

Баъди ним соат корвон баргашта ба техникум омад. То баргаштани онҳо аллакай хабар расид, ки Бабрак Кормал ба Равзаи Шариф даромада дуо кардааст. Ҳамаи роҳбарони ҳамроҳаш низ бо ӯ буданд.

Ду-се рӯзи дигар ҳамин хабар дар байни мардуми Балху Самангон муҳокима мешуд. Коммунистиву бединии роҳбарони ҳизби демократики халқи Афғонистон зери суол мерафт.

Бо вуҷуди ҳама оромиҳои нисбӣ эҳсос мешуд, ки барои соҳиб шудан ба курсии аввал хаёлҳои баъзеҳо кашоланд. Бабрак Кормал низ бародаре дошт, ки дӯсташ буд. Бариолай, ниру ва тавоноии Раул Кастроро надошт. Чун котиби Комитети Марказии ҲДХА обрӯи даркорие дошт, вале чун Раул Кастро шахси калидӣ набуд.

Адолати зиёд ба разолат роҳ мекушояд!

Ин хулоса ҷамъбасти таҷрибаи андӯхтаи мо ҳамон солҳо дар Афғонистон буд.

Баъдтар овоза шуд, ки доктор Наҷиб шогирди вафодораш мансаби ӯро аз Михаил Горбачёв ба воситаи Эдуард Шеварнадзе кашида гирифтааст. Аз ин ҳодиса пошхурии ҳизб оғоз ёфт. Аз ҷумла Абдурашид Дустум , ки тарафдори аслии Кормал буд, ба кӯҳ баромада бо муҷоҳиддин пайваст. Вале ин мавзуи таҳқиқи сиёсатшиносони имрӯза аст.

Саидҷолол Саидов,

мушовири КМ ВЛКСМ дар

созмони ҷавонони Афғонистон

солҳои 19811982.

( Аз «Дафтари Мазори Шариф»)

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97