| «Вавилон-мобайл» муштарии 2 000 000-умашро қадр кард | |
|
|
Ба ин муносибат дар шӯъбаи муштариёни ширкати мазкур, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ маросими бошукӯҳи қадрдонӣ аз муштарии думиллионум бо ширкати масъулину кормандони «Вавилон-мобайл» ва рӯзноманигорони расонаҳои хабарии мухталифи кишвар баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки муштарии хушбахти ширкати «Вавилон- мобайл» Шарофиддин Одинаев дар нашрияи «Маърифат ва омӯзгор», ки ба қавли мавсуф сарвариашро журналист Ҳокими Азиз бар дӯш дорад, ба ҳайси мудири хоҷагӣ кор мекунад. Аҳли эҷоди «Миллат» Шарофиддин Одинаевро барои ин комёбӣ ва бахти дар остонаи Соли нави милодӣ ба суроғаш омада ва кормандони ширкати «Вавилон- мобайл»- ро барои соҳиби 2 миллион муштарӣ гардидан шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва барори кор мехоҳанд. |


Ширкати мобилии «Вавилон- мобайл» соҳиби ду миллион муштарӣ гардид. Одинаев Шарофиддин Баҳриддинович, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз 11 декабр муштарии 2 миллионуми ширкати «Вавилон- мобайл» эълон шуд.
Дар маросими муаррифии муштарии думиллионуми ин ширкат раиси кулли «Вавилон- мобайл» Беҳзод Файзуллоев, сарвари Асотсиатсияи алоқаи мобилии ҷумҳурӣ Ғафур Иркаев, роҳбари намояндагии ширкати HUAWEI дар Тоҷикистон ҷаноби Ма Гуан И ва раиси департаменти рушд Масъуд Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуда, Шарофиддин Одинаевро барои муштарии думиллионуми ширкати «Вавилон- мобайл», соҳиби автомобили сабукрави ҷопонии тамғаи Хундай ва сертификат барои ду миллион сонияи ройгон шуданашро табрик гуфтанд.

Назарҳо
Аз Шумо хохиш, ба администратсия ва ё макетинги Бабилон Мобайл расонед, ки ба 2000000 расиндан маънои фаъол будани 2000000 муштари нест.
Дигар чизе мехостам фахмам бо ин кор Бабилон Мобайл касеро тухфа медихад, ки нав ба шабака пайваст шудааст, вале касоне, ки солхост мизочони ин ширкатанд, ба истилох игнорировать шудаанд.
Суол: Оё ин аз руи адолат аст?
Навори RSS барои назарҳо.