БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Варзиш 31.12.2009 15:23

Торнигори «Футболи Тоҷикистон» (www.footballtj.wordpress.com) барои дуввумин сол пайидарҳам Беҳтаринҳои футболи тоҷикро муайян намуд. Тӯли як моҳ хонандагони торнигор имкон доштанд, барои беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2009 аз нигоҳи худашон раъй бидиҳанд. Беҳтарин Бозигари Сол аз нигоҳи хонандагони «Футболи Тоҷикистон» Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Дилшод Восиев «(Истиқлол») гардиданд. Дилшод Восиев бо таҷрибаи аз Арманистон андӯхтааш ба «Истиқлол» омаду, ба яке аз муҳаррикони «Истиқлол» табдил ёфт.

Дилшод канорҳои ҳар рақиби «Истиқлол»-ро шикаставу пора-пора мекард, то тӯбро то ба ҷаримагоҳи рақиб бибарад ва ба муҳоҷимони дастааш партоб намояд ва ё худ гол бизанад. Нӯъмон Ҳакимов дар 15 бозии Лигаи Олӣ 15 гол зад. Натиҷаи саддарсада. Нӯъмон имсол ҳамчунин беҳтарин муҳоҷими Лигаи Олӣ гардид ва унвони беҳтарин бозигари солро аз нигоҳи Федеросюни футболи Тоҷикистон ба даст овард.

Сармураббии Нӯъмон Ҳакимов ва «Вахш» дар соли 2009 Аслиддин Ҳабибуллоев танҳо дар охирин рӯзи озмун як раъйи бештар аз ҳамтои «Энергетикияш» гирифт ва унвони Беҳтарин Мураббии Сол-ро ба даст овард. Собиқ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин соли мураббигияш дар дастаи худ «Вахш»-ро ба қаҳрамонӣ овард.

Аммо аксари ҷоизаҳои ин назарсанҷиро мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон гирифт. Мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон ғайричашмдошт дар гурӯҳи интихобияш хеле моҳирона бозӣ кард ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасонаи Осиёро аз даҳони Баҳрайну Лубнону Непал кашида гирифту, бо Эрони нерӯманд баробар бозӣ намуд. Хонандагони «Футболи Тоҷикистон» мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистонро Беҳтарин Тими Сол донистанд, роҳхати ба дастовардаи онҳоро Беҳтарин Ҳодисаи Сол гуфтанд, пирӯзии онҳо бар Баҳрайн бо ҳисоби 2:0-ро Беҳтарин Пирӯзии Сол шинохтанд ва капитану муҳоҷими ин мунтахаб Дилшод Расуловро Беҳтарин Бозигари Ҷавони Сол муаррифӣ карданд. Исми Дилшод пас аз ҳамон бозиҳо дар Непал маъруф гардид. Дилшоди ҷавон дар он бозиҳо муҳаррик ва бозисози мунтахаб буд ва 4 голи ӯ дар 4 бозӣ аз ҷумла яке аз калидҳои комгорӣ ба қуфли марҳилаи ниҳоӣ шуданд.

Бахше, ки бидуни ҳеҷ рақобат ва қариб якдилона ғолибаш муайян шуд, Беҳтарин Фарангии Сол буд. Бозигари ҷавони тоҷик, капитани дастаи ҷавононаи «Сатурн»-и Русия Фарҳод Восиевро 93%-и пурсидашудагон беҳтарин тоҷике донистанд, ки берун аз кишвар бозӣ мекунад. Фарҳод имсол дар дастаи ҷавононаи «Сатурн» чеҳраи калидӣ буд ва дар Премйер-Лигаи Русия низ як бозӣ кард ва дар ҳамон бозии нахустинаш ҳам гол зад.

Натиҷаҳои назарсанҷӣ

Бозигари сол – Д. Восиев 33%, Н. Ҳакимов 33%, Ю. Рабиев 21%, Х. Маҳмудов 8%, С. Ҳамидов 5%.

Бозигари ҷавони сол Д. Расулов 44%, Ш. Ғаффоров 33%, Ш. Ҳотам 23%

Фарангии сол – Фарҳод Восиев 93%, Алишер Ҷалилов – 4%, Наим Шарифӣ - 3%

Мураббии сол – Аслиддин Ҳабибуллоев 36%, Ибодулло Қаюмов 35%, Зоир Бобоев 29%

Тими сол– Мунтахаби 16-солаҳо 49%, «Вахш» 31%, «Регар» ТадАЗ – 19%

Пирӯзии сол – Тоҷикистон 2:0 Баҳрайн 57%, «Регар» ТадАЗ 4:3 ВАПДА 34%, «Регар» ТадАЗ 4:1 «Шахтер» Донетск 9%.

Ҳодисаи сол – Роҳхати 16-солаҳо 44%, Мизбонии Турсунзода 27%, Ҷоми ҷовидонаи президенти КФО 13%, Чаҳорниҳоии Ҷоми Иттиҳод 9%, Тақвим-2009 7%

Расонаи варзишии сол – «Футболи Тоҷикистон» 35%, Бахши варзишии Озодӣ 27%, «Варзиш-Спорт» 15%, Шабакаҳои ТВ-и давлатӣ 13%, «Гол» 10%

Натиҷаҳои назарсанҷии соли 2008:

Бозигари сол – Ю. Рабиев - 61%, Х. Маҳмудов - 21%, С. Ҳамидов - 18%.

Бозигари ҷавони сол – Д. Тухтасунов - 67%, Ф. Восиев - 18%, С. Шоҳзуҳуров - 16%.

Фарангии сол – М. Ҷалилов - 64%, Д. Восиев - 22%, Р. Фузайлов - 15%

Мураббии сол – М. Ҳабибуллоев - 53%, Ӯ. Тӯрақулов - 32%, С. Ғафуров – 15%.

Тими сол– «Истиқлол» - 49%, «Регар» ТадАЗ - 32%, Мунтахаби ҷавонон – 19%.

Пирӯзии сол – «Регар» ТадАЗ 1 –1 (пен:4-3) «Дордой-Динамо» - 42%, «Регар» ТадАЗ 4–3 «Ишқобод» 23%, Тоҷикистон 1–0 Кореяи Шимолӣ 23%, Тоҷикистон 5-1 Лубнон 12%.

Расонаи варзишии сол - «Футболи Тоҷикистон» – 37%, «Варзиш-Спорт» – 36%, Бахши варзишии Радиои Озодӣ – 27%, Идораи варзишии Шабакаи аввал – 0%.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97