ЛЕНИН 140-СОЛА ШУД, ВА ФАРОМӮШ ШУД!?

Таърих 22.04.2010 14:32

Дар ҳар гардишгоҳи таърихӣ ду қувваи ғоявӣ-сиёсии бо ҳам мутлақо муқобил рӯи кор меоянд. Инро борҳо таърихи инсоният исбот кардааст. Вале дар дохили ин қувваҳо шахсони ба эътиқоди худ содиқ он қадар зиёд нестанд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳи ками садоқатмандон, ки ба дурустии роҳи интихобкардаашон боварии комил доранд, ба он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи бештар аҳли ҷомеаро ба ҷонибдории худ моил созанд. Бинобар он ҳалли масъалаи "Кӣ киро" аз фаъолияти аҳли ҷомеа, ки кадом нерӯи сиёсиро ҷонибдорӣ мекунад, вобаста аст.

Ҳар як нерӯи сиёсӣ дар навбати худ мекӯшад, ки барои ба ҳадафҳои худ расидан аз тамоми воситаву имкониятҳо самаранок истифода барад. Замоне, ки мо зиндагӣ мекунем низ аз бархурди ин ҳадафу манфиатҳо истисноъ нест. Имрӯз низ бархурди ин манфиатҳо асоси инкишофи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Ин бархурд байни табақаҳои ҷомеа, ки тақсимшавии онҳо ба гурӯҳҳои сармоядорону камбизоатон то рафт амиқтар мегардад, равшантар айён мешавад. Раванди таърих исбот кардааст, ки ҳар як бархурди иҷтимоӣ дар ниҳояти кор ба муборизаи сиёсӣ табдил меёбад ва ҳар нерӯи сиёсӣ ҳадафҳо ва идеологияи хоси худро дорад. Идеологияи аҳли заҳмат тӯли ду садсолаи охир идеологияи коммунистӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузорони ин идеология К. Маркс, Ф. Энгельс, В. И. Ленин ва И. В. Сталин мебошанд. Ҳоло дар арафаи ҷашнгирии 140-солагии зодрӯзи яке аз асосогузорони ин идеология В. И. Ленин тавҷҷӯҳ ба он боз бештар мешавад. Вале муносибатҳо нисбат ба он гуногунанд.

Ном ва кори Ленин то инсоният ҳаст зинда мемонад,- мегӯянд гурӯҳе. Ҷомеа ба самте равон аст, ки Ленин нишон дода буд,- таъкид мекунанд онҳо.

Чархи таърихро ба оқиб баргардонида намешавад. Ба гузашта бозгашт нест. Идеяҳои ленинӣ кӯҳна шудаанд. Сохти сотсиалистии инкишоф ба талаботи замон ва қонунҳои тараққиёти ҷамъият номувофиқ будани худро нишон дод,- исбот карданӣ мешаванд гурӯҳи дигаре.

Яке бунёди ҷомеаи адолати иҷтимоӣ, зиндагии сазовор барои ҳар як аъзои ҷомеа, ҳаёти осоишта ва боварӣ ба фардои нек, ки хоси даврони шӯравӣ буданд, ҳадафи асосӣ ҳисобад, дигаре "маънии ҳаётро" дар бунёди "ҷомеаи шаҳрвандӣ", "арзишҳои умумиинсонӣ". "шаҳрвандони бой давлати бой", "озодии сухан" ва ғайраҳо мебинад.

Ин ҷо ба баҳси назариявӣ дохил нашуда, чун сухан дар бораи 140-солагии зодрӯзи В. И. Ленин рафт, мехостем нисбати мавқеъ ва саҳми В. И. Ленин дар тағйиротҳои куллии таърихи муосир, барои имрӯзу оянда то кадом андоза зарурат доштан ё надоштани онҳо баъзе андешаҳои худро иброз намоем.

Албатта, чи тавре ки қонуни диалектика пешбинӣ менамояд ва таҷрибаи таърих онро исбот кардааст, ҳақиқатро танҳо амалия исбот карда метавонад. Амалияи 20 соли охири муборизаҳои сиёсӣ дар атрофии номи Ленин шоҳиди онанд, ки бо тӯҳмату бӯҳтон, бо шиорҳои мафтункунандаву бо ваъдаҳои умедворсозанда, бо тадбирҳои манъкунандаву инкоркуниҳои беасос ғояҳои лениниро аз дилу дидаи аҳли заҳмат зудудан аз имкон берун аст. Ленинизм пеш аз ҳама илм аст. Илмест, ки дар амалияи ҳаёти ҷомеа тасдиқи худро ёфтааст. Аз ин рӯ онро рад кардан имконнопазир мебошад. Имрӯз касе рад карда наметавонад, ки бо ленинизм бузургтарин табадулотҳои инқилобии қарни ХХ зич алоқаманданд. Ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр, ки дар таърихи инсоният давраи навро ибтидо гузошт, ташаккулёбии системаи ҷаҳонии сотсиалистӣ, ғалабаи аҳли заҳмат чи дар муҳорибаҳои озодихоҳона ва чи дар майдони меҳнат бар капитализм маҳсули амалишавии ғояҳои ленинӣ буданд. Ленин ба таърихи тамаддун чун назариётчии гениалӣ ва амалисозандаи инқилоби заҳматкашону тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа дохил шудааст.

Хаёт дурустии таълимоти Ленинро дар бораи империализм марҳалаи охирини капитализм, роҳҳои бунёди ҷамъияти адолати иҷтимоӣ бо номи сотсиализм, ҳалли масъалаҳои миллӣ, проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ, таълимот дар бораи ҳизби тарзи нав ва ғайраҳоро нишон дод.

Барои исботи ин гуфтаҳо садҳо мисол овардан мумкин аст. Вале ба ақидаи мо танҳо ҳамин далел кифоя аст, ки тамоми ҷаҳони сармоя дар давраи бурҳони муосири иқтисодию молиявӣ аз нав рӯ ба "Капитал"-и Маркс ва "Империализм марҳалаи охирини капитализм"-и В. И. Ленин оварданд. Барои аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ раҳонидани Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар солҳои сиюми асри гузашта президенти ҳамонвақтаи ин давлат Франклин Рузвелт таҷрибаи давлати шӯравиро истифода бурд. Махсусан, хулосаҳои дар мақолаи "Садамаи таҳдидкунанда ва чӣ гуна бо ӯ мубориза бояд бурд" баённамудаи Ленинро асоси фаъолият қарор дода буд.

Ё худ солҳои охир аз минбарҳои гуногун борҳо дар бораи аз ибтидо бепоя будани сохти сотсиалистии тараққиёт, оянда надоштани он ва дурустии роҳи капиталистии инкишоф садоҳо баланд шуданд. Таблиғотчиёни ин "ғоя" "сиёсатмадорону" "сиёсатшиносони" навбаромад ва пайравони онҳо буданд. Вале агар чи ба таърих ва чи ба вазъияти имрӯза назар афканем ҳақиқати воқеӣ дигар аст, ки мо аз он чашм пӯшида наметавонем. Дар гузаштаи на он қадар дур, баъди бӯҳрони навбатии молиявию иқтисодии капитализм дар солҳои сиюми асри гузашта соҳаи саноати ҷаҳони капиталистӣ дар соли 1937 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба андозаи 95-96 фоизи соли 1929 (соли пешазбӯҳронӣ) расонида тавонист. Дар ин давра дар СССР, ки бо роҳи сотсиалистии тараққиёт пеш мерафт, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноат нисбати соли 1929-ум 428 фоиз зиёд шуда буд. Ё худ дар замони бӯҳрони иқтисодиву молиявии муосир низ аввалин давлате ки аз ин бӯҳрон нисбатан камтар зарар дида, пеш аз ҳама оқибатҳои онро бартараф намуд, Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки бо роҳи сотсиалистии тараққиёт пеш рафта истодааст. Имрӯз Хитой аз рӯи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҷаҳон ба ҷои дуюм баромадааст. Мутобиқи пешбинии мақомотҳои молиявии ҷаҳонӣ дар ояндаи на он қадар дур аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ба ҷои якум мебарояд.

Ҳамин тавр он касоне, ки Ленинро танқид мекунанд, ғояҳои лениниро бепояву дар оянда аз хотирҳо фаромушшаванда меҳисобанд, то имрӯз сухани наве, ғояи беҳтаре баҳри бунёди чунин ҷамъияти адолатпарваре, ки Ленин бунёд карда буд, нагуфтаанд. Оид ба озодии инсон соатҳо ҳарф мезананду дар бораи озодии аз ҳама муҳим барои инсон - аз истисмори одам аз тарафи одам озод кардани инсон тадбире намеандешанд. Нисбати ҳуқуқи башар даҳҳо конфронсҳову мизҳои мудаввар мегузаронанду масъулияти додани кафолати ҳуқуқ ба меҳнат, ба истироҳат, ба манзил, ба таҳсилу хизматрасонии тиббии ройгонро, чи тавре ки давлати бунёдкардаи Ленин чунин кафолатро дода буд, ба дӯши худ намегиранд.

Баъзе мухолифони Ленин исбот карданӣ мешаванд, ки насли ҷавон дигар ба ғояҳои Ленин таваҷҷӯҳ намекунад. Имрӯз аксарият Ленинро намешиносанд. Оё ҳамин тавр аст?

Ҳафтавори "Ҷомеа" соли 2008 дар арафаи зодрӯзи В. И. Ленин бо саволи "Ленинро мешиносед?" ба одамони касбу кори гуногун муроҷиат кард. Инак фишурдаи ҷавоби онҳо: Шодӣ Исмоилов - соҳибкор: "Ленин инсоне буд, ки ҳамеша одамонро ба ростӣ, ҳақиқаткорӣ ва дӯстӣ ҳидоят мекард"; Санавбар Мирзоева - хонанишин: "Ленин дар дунё одаме буд ниҳоят нексиришт, покдил, инсондӯст. Инсоне буд солимфикр ва имрӯзу фардои мардумро фикр мекард ва маҳз чунин хислаташ боиси дар дили одамон маъво ёфтани номи накӯяш гашт"; Абдукарими Абдураҳим - донишҷӯ: "Медонам, ки Ленин асосгузори давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буд"; Идрис Иброҳимов - корманди илмӣ: "Ҳамчун инсон Ленин шахси адолатпарвар, донишманд, хоксор ва некхоҳ буд"; Холиқи Мавлон - нафақахур: "Ленин доҳии пролетариати ҷаҳон одами доно, хирадманд буд. Вай одами рақами 1 дар сарварӣ мебошад"; Бекмурод Раҳимзода - муҳосиб: "Дар таърихи давлатдорӣ ягон сарвар чун Ленин нест ва нахоҳад буд. Ӯ воситае буд, ки зулму ғорат дар ҷаҳон решакан шуд. Ленин шахси худодод буд. Ӯ дар тули таърихи инсоният сиёсатмадори рақами 1 аст". Ҳамчунин чунин ҷавобҳо ҳам буданд: Акмал Мусофиров - донишҷӯ: "Ленин президенти понздаҳ давлат буд"; Комрони Саид - хонандаи мактаб: "Ленинаш кияй?". Чи илоҷ сатҳи ҷаҳонбинии мактаббачагону донишҷӯён ҳамин қадар аст.

Ба ҳар ҳол маълум мегардад, ки мардуми мо имрӯз ҳам на танҳо Ленинро мешиносанд, балки Ленин ва ғояҳои ӯро меписанданд, эҳтиром мекунанд.

Ҳамин тавр, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ғояҳои Ленинро ба фаромӯшхонаи таърих фиристонидан хеле барвақт аст. Аз нав эҳё гаштани капитализм дар кишваре, ки сохти сотсиалистии инкишофро аз сар гузаронидааст, ҳодисаи муваққатист. Худи бӯҳрони навбатии ҷаҳонӣ, ки хоси сохти капиталистии тараққиёт аст, бори дигар афзалияти сохти сотсиалистии инкишофро, ки ба сиёсати банақшагириву танзими давлатӣ асос ёфтааст, нисбати назарияи монетаризм, ки ҷаҳони сармоя онро асоси фаъолияти худ қарор додаст, исбот намуд. Хоҳу нохоҳ сарварони давлатҳои ҷаҳон маҷбуранд рӯ ба танзими давлатӣ оранд. Ин гуна пешниҳодҳо аллакай аз номи бисёрии онҳо садо доданд.

Ғояҳои ленинӣ имрӯз ҳам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабуланд. Имрӯз ҳам аз ҳар чор нафар аҳолии рӯи замин як нафараш дар шароити сотсиализм кору фаъолият дорад. Дар чунин давлатҳои тараққикардаи дунё ба мисли Хитой, Ветнам, Куба, Кореяи Шимолӣ сохти сотсиалистӣ ҳукмфармост. Дар ин давлатҳо проблемаҳои иҷтимоии ҷомеа бештар ҳалли худро ёфтаанд. Дар шароити сотсиализм баробарҳуқуқӣ танҳо дар конститутсия не, балки воқеан амалӣ мегардад. Танҳо сотсиализм имконияти баробари бархурдор шудани ҳамаи табақаҳои аҳолиро аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш таъмин карда метавонад. Дар яке аз давлатҳои сотсиалистӣ - Кореяи Шимолӣ шаҳрвандони ин давлат 35 сол ин ҷониб аз супоридани ҳама гуна андоз озоданд. Буҷети давлат аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои давлатӣ таъмин карда мешавад. Мо дар бораи дар давлатҳои сотсиалистӣ воқеан ҳам бепул будани таълим дар мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табобат дар ҳама муассисаҳои табобатӣ, аз ҷониби давлат мувофиқи нақша бунёд кардани манзилу мувофиқи навбат бепул ба шаҳрвандон додани он, аз ҷониби давлат пурра ба танзим даровардани нарху наво дар бозор ва дигар бисёр афзалиятҳои сохти сотсиалистии инкишоф чизе гуфтанӣ нестем, зеро он ба хонандагони мӯҳтарам маълум аст. Ҳамаи ин натиҷаи амалишавии ҳамон ғояҳои ленинӣ ҳастанд, ки инсоният онҳоро хуш пазируфтааст.

Бисёр давлатҳои Америкаи ҷанубӣ имрӯз роҳи тараққиёти сотсиалистиро пеш гирифтаанд. Дар давлати Кипр дар натиҷаи интихобот коммунистон ба сари қудрат омаданд. Дар чунин як давлати абарқудрат - Ҳиндустон 32 миллион аҳолии штати Кераллаи ин давлат чанд навбат аст, ки танҳо коммунистонро дар интихобот дастгирӣ мекунанд. Дар ин штат аксар проблемаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро ёфтаанд. Мардуми он таҳти ғояҳои марксизм-ленинизм ватани худро обод мекунанд. Штати Кераллаи Ҳиндустон яке аз штатҳои тараққикардаи ин давлат ба ҳисоб меравад.

Ленинро дар тамоми сайёра аксари одамон мешиносанд ва бо боварии том метавон гуфт, ки минбаъд ҳам Ленин ва ғояҳои вай ба фаромушхонаи таърих фиристонида намешаванд. Ба қавли ходими намоёни ҳаракати байналхалқии коммунистиву коргарӣ Вилгелм Пик "Шӯҳрати Ленини бузург, ки ба заҳматкашони ҳамаи дунё роҳ ба сӯи сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва бахту саодатро нишон дода буд, абадан партавфишон хоҳад монд".

Ном ва кори Ленинро аз хотирҳо зудудан имконнопазир аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷашни 140-солагии зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон В. И. Ленинро дар тамоми курраи замин аҳли заҳмат новобаста аз муносибати давлатҳояшон ба ғояҳои ленинӣ ботантана ҷашн хоҳанд гирифт.


М. Ҳоҷиев
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97