ИМПЕРИЯИ РУС, ПРИНСИПИ "ТАҚСИМ ВА ИДОРА" ВА МИЛЛАТСОЗИҲОИ СУНЪӢ

Таърих 06.04.2010 14:20

(идомаи матлаби "Давлат ва миллат: кӣ ба ин сатҳ расидааст)

Барои чӣ нисбат ба таърихи Осиёи Марказӣ чунин тартибот қабул шудааст, ки агар оид ба давлат сухан равад, онро бо намояндаи сулолаи ҳукмрон номгузорӣ менамоянд. Оё давлат аз як сулола шуда метавонад? Бинобар ҳамин, барои он ки илми таърихи Осиёи Миёна тавонад шакли илмиро ба худ қабул намояд, бояд аввал давлатдориро аз давлат фарқ кард ва ин хеле зарур аст. Дуюм, илми таърих бояд чунин бошад, ки аз дониши рӯзғорӣ ва оддӣ фарқ намояд ва назария ва услубҳои худро дошта бошад.

Сухан доир ба муносибати илм ва дониши рӯзғорӣ меравад. Таърихшиносони пештара агар мафҳуми "давлати манғития"-ро истифода баранд, илми таърих бояд ба ин тарзи таърихнависӣ тақлид накунанд. Бояд ҳамаи фактҳои пештараи таърихӣ аз мавқеи назарияи теоретикӣ дида баромада шавад.

Яъне, дар давлати табақавӣ мафҳуми давлатдор ва давлатро аз якдигар фарқ бояд кард. Аз иваз шудани даволатдор давлат тағйир намеёбад. Агар давлат азони тоҷикон бошад, давлатдори ба сари қудрат омада бояд ба забони маҳаллӣ озодона муомила намояд ва аз тамоми ҳамқавмонаш талаб менамояд, ки забони давлатиро пурра ва комилан донад. Масъалаи пайдошуда нисбат ба забони тоҷикӣ, ки нигоҳдории он дар давлатдории манғитиҳо бесабаб набуд, айни муддао аст. Дар яке аз сӯҳбате бо таърихшиноси Узбакистон ин савол гузошта шуда буд ва ҷавоби ин савол он буд, ки забони тоҷикӣ дар давлатдории манғитиҳо танҳо восита ва олоти муомила буд ва бо мақсади қулай буданаш онро истифода мебурданд. Албатта, забон бояд чун олоти муомила истифода бурда шавад, аммо саволи дигар баромад, ки барои чӣ манғитиҳо забони "ӯзбекӣ"-и худро истифода набурданд ва кӣ барои онҳо монеа ва ё кӣ фармон дод, ки забони туркиро истифода набаранд? Ин савол хело мушкил аст ва агар ба он ҷавоби дуруст дода шавад, пеши роҳи тамоми пантуркистонро мегирад. Барои ба ин савол ҷавоби қаноатманд пайдо кардан, бояд онро ба инобат гирем, ки тамоми қабилаҳои кӯчманчиён ҳоло ба ҳаёти муқимӣ нагузашта буданд ва аз ҳаёти бодиянишинӣ дур набуданд. Тарзи зисти кишоварзӣ тамоман барои туркҳо бегона буд ва ҳатто онҳо барои худ кишоварзиро лоиқ намедонистанд. Барои ҳамин ҳам туркони кӯчманчӣ, ки имрӯз танҳо чор халқияти онҳо дорои давлат шуданд, то солҳои 20-и асри ХХ тамоман давлат надоштанд. Сабаби аввали он, пеш аз ҳама сохти зиндагии онҳо, ки кӯчманчигӣ буд, мебошад. Сабаби дуюмаш он буд, ки кӯчманчиҳо ба авлоду қабилаҳо тақсим шуда буданд ва бинобар ҳамин онҳо ҳоло зидди якдигар мубориза мебурданд ва барои ташкили як мардуми том тамоман асоси иҷтиомоӣ-иқтисодӣ надоштанд. Бинобар ҳа¬мин дар давлатдорӣ забони туркиро ҷорӣ карда натавонистанд. Як нуктаро қайд кардан зарур аст, ки барои ташкили шакли нави иҷтимоӣ, бояд шароитҳои объективӣ вуҷуд дошта бошад, ки баъди ягон ҳодиса ба амал меояд. Мардумони кӯчманчӣ на ба таври фармон аз боло, балки ба тариқи объективӣ бояд ба шакли нави иҷтимоӣ мегузаштанд, ки асрҳои дарозро талаб менамуд. Азбаски чунин "фармон" набуд ва то соли 20-и асри ХХ кӯчманчиҳо дар шакли қабилавӣ мезистанд ва забони давлатӣ забони мардуми тоҷик мемонад ва то аввали асри ХХ кӯчманчиҳо бо тоҷикон зиста тамоми фарҳанги онҳоро ба худ қабул намуданд ва ҳатто сохти иқтисодиёти кишоварзиро низ аз худ намуданд. Чунин кӯчманчиҳои муқимишуда худро аз кӯчманчиҳои боқимонда ҷудо менамуданд. Дар ин маврид гуфтан мумкин аст, ки кӯчманчиҳои муқимишуда қисман ё пурра аз забон туркӣ маҳрум мешаванд ва бо тоҷикон омехта мешуданд. Бинобар ин, агар баъзан тоҷик ба турк монанд карда шавад, баъзан туркзабонони тоҷикмонанд низ пайдо мешуданд.

ДАВЛАТ ВА ДАВЛАТДОРӢ ДАР ШАРҚ

Масъалаи дигар баъди чунин фаҳмиши таърихи сиёсии халқи тоҷик ба миён меояд ва моро водор менамояд, ки онро барои муҳокима гузорем. Қаблан зикр кардан зарур аст, ки барои ҳалли ин масъала бояд мантиқ ва моҳияти инкишофи давлат ва давлатдории табақавиро барои худ дурустар тасаввур кунем ва дар ҳоли баръакс масъаларо тамоман беасос менамояд. Дар таърихи сиёсии тоҷик чунин анъана пайдою давом дорад, ки сиёсатшиносон ҳам ба чунин хато ғалтиданд. Ғалати мантиқии ҷомеашиносон чунин аст, ки мафҳуми давлатро аз мафҳуми давлатдор фарқ карда наметавонанд. Мафҳуми давлат ва давлатдорӣ аз якдигар фарқ доранд. Давлатдорӣ чунин хусусият дорад, ки дар давлати табақавӣ фақат намояндаи як авлод дар сари ҳокимият меистанд. Агар авлод ё қавми ба сари қудрат омада бо аксарияти мардум аз нуқтаи назари фарҳанг, шакли иҷтимоӣ ва иҷтисодӣ дар як зинаи баробар истода бошанд, пас ин давлат аз они худи мардуми таҳҷоӣ ҳисобида мешавад. Агар авлод ва қавми ба сари давлатомада нисбат ба мардуми муқимӣ аз нуқтаи назари фарҳанг, шакли иҷтимоӣ ва иҷтисодӣ дар зинаи пасти иҷтимоӣ истода бошанд, пас қонуни давлатдорӣ маҷбур менамояд, ки қавми бегонаи ба сари ҳокимияти давлатӣ омада бояд забон, зист ва хоҷагидории мардуми маҳаллиро қабул намояд. Мардуми таҳҷоӣ чунин қавмҳо ва авлодҳоро бо худ омехта мекунад ва давлат бошад аз они худи мардуми таҳҷоӣ ҳисобида мешавад. Мисол, вақте ки қабилаҳои юнониҳо ба нимҷазира ҳуҷум карда дар он ҷой мавҷудияти шаҳр-давлатҳоро вайрон намуда, фарҳанги мардуми маҳаллиро қабул намуданд, аз лиҳози тарзи зист ва муносибатҳои иҷтимоӣ нисбатан паст буданд. Дар муддати дароз баъди забти нимҷазираи Юнони Қадим тамоман давлат намонд, ки тақрибан аз асрҳои 12 то 8-и солшумории мелодӣ рост меояд. Яъне юнониҳои ваҳшӣ маданияти пештараро пурра вайрон карданд ва сохти нави давлатро таъсис дода натавонистанд. Бостоншиносон оиди марҳилаи таърих аз ташкилот ва тарзи зисти мардум ягон маълумоти аниқ надоранд. Ин асрҳоро асрҳои торик номидаанд.

Дар мисоли давлатдории манғития чунин фикрро ифода намудан лозим аст, ки баробари ба сари қудрат омадани қабилаи манғития, аз таърих маълум аст, ки манғитиҳо сахт дар зери таъсири шоҳи Эрон буданд ва бинобар ҳамин забони тоҷикӣ барои манғитиҳо зарур буд. Аз тарафи дигар бар зидди манғитиҳо доим қабилаҳои дигари кӯчманчиҳо мубориза мебурданд ва барои пояи давлатдории худро мустаҳкам намудан, манғитҳо ба мардуми Бухоро мароҷиат менамуданд, ки барои мудофиаи давлат бархезанд. Чинин муроҷиат дар соли 1758, вақте ки тамоми кӯчманчиҳо бар зидди давлатдории манғития мубориза бардоштанд, аз тарафи Дониёлбий ба мардуми Бухоро карда мешавад ва мардуми оддӣ ба мудофиа бархоста аксарияти амирони (сардорони қабилаҳои) туркони кӯчманчиҳоро дастгир карда ба қатл мерасонанд. Бинобар ҳамин барои давлатдории манғитиҳо на танҳо забони тоҷикӣ боз худи мардуми тоҷик пуштупаноҳ мегарданд. Хулоса чунин аст, ки давлатдориро агар манғитиҳо карда бошанд ҳам, худи давлат азони тоҷикон аст ва манғитро туркони тоҷикшуда гуфтан рост меояд. Аҷиб он аст, ки ҳатто В. Бартолд низ дар асараш бахшида ба туркони Осиёи Марказӣ ба чунин хулоса меояд, ки "аҳолии шаҳрҳои асосӣ, Самарқанд ва Бухоро, тоҷикӣ мемонад ва худи амирон бештар тоҷик буданду ӯзбек не".

Азбаски таърихчиён ва сиёсатшиносони тоҷик мафҳуми давлатдорро бо мафҳуми давлат муттаҳид менамоянд ва ду мафҳумро бо якдигар омехта карданд, аксарияти онҳо ба хурофоти беҳад сахт меафтанд. Ин хурофот чунон дар сари онҳо сахт шиштааст, ки гӯё тоҷикон 1000 сол давлат надоштанд ва танҳо баъди инқилоби Октябр барои тоҷикон имконият пайдо мешавад, ки давлати худро бо шарофати русҳо, аз нав барқарор намоянд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки чунин ақидаро тамоми таърихчиён ва сиёсатшиносони узбек низ дастгирӣ мекунанд. Мисол, яке аз таърихчиёни узбек Гога Ҳидоятов дар асараш "Фурӯпошии Сомониҳо" менависад, ки давлати тоҷиконро русҳо махсус сохтаанд, ки бар задди давлати ӯзбекҳо як қувваи мухолиф дошта бошанд.

ҲОЛАТИ СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ягон шубҳа нест, ки ҳам таърихчиёни тоҷик ва ҳам таърихчиёни узбак амалиёти давлатсозӣ ва миллатсозии болшевикони русро ба инобат мегиранд ва амалиёти миллатсозию давлатсозии онҳоро чун сарчашмаи таърихи нави Осиёи Марказӣ меҳисобанд. Лекин дар асл, барои ба раванди сиёсии Осиёи Миёнаи солҳои 20-и асри ХХ сарфаҳм рафтан, бояд ба муносибати ду давлати боҳамзид - Русияи болшевикӣ ва Англия диққати ҷиддӣ диҳем. Ҳарифии Англия ва Русия барои ба мустамлика табдил додани Осиёи Марказӣ аз миёнаи асри ХIХ сар мешавад ва баъди ба сари давлат омадани болшевикон таҳти роҳбарии Ленин, ба марҳили нав мегузарад.

Ҳуҷуми лашкари сурх соли 1919 дар Полша фурӯ мепошад ва бо фармони Ленин тамоми кӯшиши болшевикон барои забти Осиёи Марказӣ равона карда мешавад. Барои ба дасти англисҳо науфтодани Осиёи Марказӣ бояд Аморати Бухороро сарнагун мекарданд, ки барои ин амалиётро гузаронидан дар Тошканд тамоми пантуркону ҷадидони (як қисми ҷадидон- "Миллат") ондавра дар таҳти роҳбарии Файзуллохӯҷаи Бухороӣ, ки худаш тоҷик ва хоини алайҳилаъна буд, ҷамъ мешаванд ва нақшаи ҳуҷуми Бухороро мекашанд. Нақшаи пантуркон ва панузбекон бо нақшаҳои болшевикони Руссия як мешавад. Аз аҳолии маҳаллӣ барои русҳо хизматгорони зиёд паёдо мешаванд, ки барои ноил шудан ба сарват ва савлат бо ҳар роҳҳо бо болшевикон ҳамкорӣ менамоянд ва русҳо низ аз ашрофи туркон ба худ шариконро меҷӯстанд, ки бар зидди давлати тоҷикон равона карда шуда буд. Аҷоибаш он буд, ки бойҳои турк ҳамааш дар як замон коммунист ва болшевик мешаванд. Баъди сарнагун намудани давлати тоҷикон пантуркон барои пойдор намудани давлати нави Туркистони Кабир шурӯъ менамоянд, ки ба манфиати русҳо набуд ва бинобар ҳамин болшевикҳо лоиҳаи тақсимкунии туркҳоро пешкаш мекунанд. Аммо барои болшевикон дар Осиёи Маркзӣ боз як миллати дигар буд, ки аз тамоми туркони ондавра сершумор буд ва як омили ноамнии империяи болшевикони Рус гардиданаш мумкин буд. Бинобар ҳамин болшевикҳо ба тамом номи ин мардумро аз рӯйхати аҳолии Осиёи Марказӣ мегиранд ва дар тамоми маърӯзаю ҳуҷҷатҳояшон танҳо ӯзбекон, туркманҳо ва қазоқҳоро ном мебаранд. Болшевикҳо оид ба тоҷикон медонистанд ва ба онҳо Бартолд ва дигар олимони рус маълумот медоданд. Аммо ин маълумотҳо барои русҳо зарур набуданд. Манфиати империяи болшевикони Рус он буд, ки тамоми тоҷиконро дар зери фишор нигоҳ дошта, муқовимати онҳоро суст намоянд. Бинобар ҳамин, дар дасти русҳо ягона аслиҳаро "тоҷикони" ӯзбекшуда иҷро мекарданд. Барои сарнагун кардани муқовимати тоҷикон бояд тамоми зиёиҳо ва равшанфикрони тоҷикро нест мекарданд. Барои ин амал баҳонае пайдо мешавад, ки гӯё русҳо "озодиро" барои мардуми меҳнаткаш меоранд ва тамоми босмачиҳоро бояд нест намуд. Беҳуда нест, ки ҳамон давра аксарияти зиёиёни тоҷик "босмачӣ" мешаванд ва мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифта ба қатл расонида шуданд.

Мо набояд дар амалиёти сиёсии Россия ва Англия танҳо узбеконро гунаҳкор ҳисоб намоем. Дигаронро гунаҳкор кардан осон аст. Пеш аз ҳама, он тоҷиконеро бояд гунаҳкор ҳисоб намоем, ки дар дасти болшевикони Рус ҳамчун олот хизмат мекарданд.

Халқи узбек ин халқи кӯч¬манчӣ буд, ки бо тоҷикон 500 сол муносибатҳои гуногун доштанд ва қариб тамоми маданияти моро пазируфтаанд, дар забони худ низ бисёр калимаҳои тоҷикӣ доранд. Дар аввали асри ХХ узбекҳо нисбат ба тоҷикон камтар буданд. Танҳо баъди соли 1926 бо "шарофати" пантуркон миқдори узбекҳо зиёд карда мешавад ва дар Осиёи Марказӣ як давлати калони туркзабон пайдо мешавад, ки ба сиёсати империяи болшевикони Россия хатари бузург мешавад. Барои садди роҳи пантурконро гирифтан ва мавқеи Узбекистонро суст намудан, русҳо ба ҳайати Тоҷикистон вилояти Суғди имрӯзаро ҳамроҳ мекунанд ва Тоҷикистон ҷумҳурии алоҳида мешаваду аз Узбекистон мустақил мегардад. Бо Гога-пантуркист дар як нуқта розӣ шудан мумкин аст. Русҳо хостанд давлати тоҷиконро таъсис диҳанду вилояти имрӯзаи Суғдро ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ намоянд ва бо ҳамин амал Тоҷикистонро ҳамчун порсанг зидди Узбекистон гузоранд. Аммо Гога ақлаш ҳам намерасад, ки русҳо аввал давлати Узбекистонро ба таври сунъи сохтанд, ки бо воситаи он тоҷиконро зери фишор нигоҳ доранд. Худ қазоват намоед, ки тоҷикон дар соли 1911 миқдорашон аз 2.1 миллион зиёд буданд (ба ин миқдор сартҳо низ дохил карда мешавад), узбекҳо 535 ҳазор, қирғизҳо 202 ҳазор, туркманҳо 249 ҳазор буданд. Соли 1926 тамоми сартҳо, ки тоҷикзабон буданд дар як лаҳза узбек мешаванд. Он чи ки сартҳо тоҷик буданд, бояд аз қирғизҳо ва қазоқҳо мисол биёрем. Барои мисол ба ашъори Абай Кунанбай назар кунед, вай ҳам дар зери мафҳуми сарт танҳо тоҷиконро мефаҳмид.

Барои чӣ ва чӣ сабаб мешавад, ки тамоми сартҳо соли 1926 узбек мешаванд ва барои кӣ зарур буд чунин амалро гузарониданд? Тоҷикон, ки онҳоро туркони кӯчманчӣ барои зиракиву доногиашон сарт мегуфтанд, баъди соли 1926 пурра ба ҳайати узбекҳо ворид карда мешаванд. Пантуркон ҳамон вақт сартҳоро ба узбек "табдил" дода тавонистанд, ки русҳо пурра ва ҳамаҷониба пантурконро дастгирӣ мекарданд ва манфиати ин ду қувваи сиёсӣ бо якдигар мувофиқа мешавад. Бинобар ҳамин тамоми аҳолии Самарқанд ва Бухоро дар як марҳилаи кӯтоҳ узбек мешаванд.

Барои аз як қабилаи хурди туркзабон ба "мардум" ва "миллати" нави шӯравӣ табдил ёфтани узбекон ва дорои давлати худ гардиданашон нақши болшевикон ва "тоҷикон" хело баланд мебошанд. Аммо узбекҳои асил қабилаи худро нағз дар хотир доранд мисли дигар қабилаҳои туркзабон. Мисол, ҳам қазоқҳо, туркманҳо ва қирғизҳо қабила ва авлоди худро медонад, ки ин нишондиҳандаи боқимондаи муносибатҳои қабилавӣ мебошанд. Аммо дар он ҷое, ки муносибатҳои қабилавӣ вуҷуд дорад, ҳоло мардум ва миллат ташаккул наёфтааст.

Русҳо бинобар ҳамин ба тоҷикон дар ҳудуди қаламрави тоҷикнишин барои ташкили давлати худ имконият надоданд, чунки берун аз марзи империяи Россияи Шӯравӣ дар Афғонистон қувваҳои мубориз бо роҳбарии амир Олимхон ва бо дастгирии англисҳо ҷойгир будан. Агар давлати Тоҷикистон дар ҳудуди он сарҳаде, ки аҳолии тоҷикнишин зист мекарданд, таъсис дода мешуд, дар ҳайати вай на танҳо вилояти мухтори Узбекистон таъсис дода мешуд, боз худи Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пуриқтидортарини Осиёи Марказӣ бо ду пойтахташ - Самарқанд - пойтахти иқтисодӣ, Бухоро - пойтахти сиёсӣ - табдил мегашт. Коммисари халқии корҳои хориҷаи Россияи Шӯравӣ Чичерин соли 1922 чунин лоиҳаро тартиб медиҳад, ки дар асоси ин лоиҳа Узбекистон яке аз вилоятҳои мухтор дар ҳайати Тоҷикистон нишон дода мешавад. Аммо дар ҳокимияти марказӣ ин лоиҳа пурра бекор карда мешавад, ки ба ҷониби вай лоиҳаи пантурконро қабул менамоянд. Агар тоҷикон давлати азимро ташкил медоданд, дар муборизаи Россия ва Англия метавонистанд қувваи зидди шӯравӣ гарданд. Болшевикон ва пантуркон дониста ва махсус Самарқанду Бухороро ба ҳайати Тоҷикистон надоданд, зеро онҳо нуфузи давлати тоҷикон нируманд мегардониданд. Бинобар ҳамин бо воситаи додани вилояти Суғд ба Тоҷикистон ҳам аҳволи Узбекистон мураккаб мегардид, чунки барои рафтан ба вилоятҳои Андиҷону Намангону Қӯқанду Фарғона ва Марғилон бояд аз дохили вилояти Суғд гузарӣ. Тоҷиконро низ бо воситаи додани вилояти имрӯзаи Суғд камтар бошад ҳам ором кардан мумкин буд, ки доим дар дилашон нияти Самарқанду Бухоро монад. Шаҳри Самарқанд ва Бухоро махсус дар ҳайати Узбекистон мондаанд, ки доим байни ин ду давлат муноқишаҳои геосиёсӣ мавҷуд бошад, ки ҳаллаш ёфт нашавад ва доим Россия дар байни онҳо довар монад. Принсипи империя болшевикони Рус дар мисоли муносибати Тоҷикистон ва Узбекистон мисли принсипи империя Рими Қадим мегардад: "Тақсим ва идора".

Империя болшевикони Рус бо ҳамроҳии пантуркони маҳаллӣ тавонистанд ба муносибати тоҷикон ва туркзабонон зарбаи сахт зананд ва хусусан ба муносибати тоҷикону қабилаҳои узбекҳо, ки ба тарафи тоҷикон бештар майл пайдо карда буданд ва худро аз кӯчманчиҳои дигар фарқ менамуданд. Бинобар ҳамин, барои хулоса баровардан имрӯзҳо барои ин ду мардуми бо якдигар дӯст сулҳ ва якдигарфаҳмӣ зарур аст.


Очил ЗОҲИДОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97