Шоҳону вазирони матбуоти тоҷик

Расонаҳо 08.11.2010 15:44

Ё иллати дарбандиро бояд дар худ биҷӯем?

free_press

«Мы любим своего президента»

Мо хабарнигорони расонаҳои мустақил, тавре ба назар мерасад, ҳамеша аз касе ва аз чизе норозӣ ҳастем. Ҳар иқдому ташаббусе агар он хубу боманфиат ҳам бошад, чун аз ҷониби ҳукумат ва масъулини давлат пешниҳод ё роҳандозӣ гардад, ҳатман дар он нуқсу камбуд меҷӯем, танқид мекунем ва ҳатто баъзан ба танз мекашем.

Мегӯянд, рисолати рӯзноманигор ёфтану гуфтани нуқсу мушкилоти ҷомеъа аст. Масъулияте бас душвор! Кадом як коршиноси мағрибӣ журналистро ба саги дарбони ҳукумат ташбеҳ кардааст. Бале, саги душманков, ки мебӯяд, меҷӯяд ва «ав- ав» карда, соҳибашро аз хатар ё аз бозёфташ хабар мекунад. Фикр мекунам ҳампешаҳои гиромиам аз ин гуфтаҳо озурда нахоҳанд шуд. Тибқи маълумоте, ки дорем, Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои озодии баён дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ пешсаф аст. Ҳамин моҳи август буд, ҳангоми сафар ба Маскав, ки он бо ташаббуси сардори корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷаноби Амонуллои Ҳукуматулло ҷиҳати ошноӣ бо вазъи мусофирони тоҷик дар қаторҳо, муносибати масъулини кишварҳои ҳамсоя бо шаҳрвандони мо ва раҳбандии Узбакистон ташкил шуда буд, дар истгоҳҳои Тирмиз, Қаршӣ ва Қарақалпоқ бо намояндагони мақомоти интизомии Узбакистон ва шаҳрвандони алоҳидаи ин кишвар сӯҳбатҳо доштем.

 

Медидем, ки мардумаш ҳоли табоҳе доранд, рӯзии худро аз мусофири тоҷик меёбанду рӯзи хешро дар дохили қаторҳои мо мегузаронанд, вале касеро надидем, ки аз ҳукумату президенташон гилаву озор кунад. Ҳатто бо як корманди низомиашон, ки бо панҷ фарзандаш дар Самарқанд иҷоранишин будааст, сари озодии матбуот баҳсе доштем ва гуфтам, ки чаро журналистони шумо президент Каримов ва ҳукуматашро танқид намекунанд, посухе дод, ки гаранг шудам: «А за что?» Гуфтам; чӣ магар онҳо камбуд надоранд, бубинед шумо чӣ қадар мушкилоти зиёд доред? Гуфт: «Мы любим своего Президента и Правительство. А трудности проходять». Посухе ватандӯстона. Не?! Дар мо вазъ дигаргуна аст. Дӯстро аз душман нашинохта, мо ҳатто бо ҳар раҳгузару мусофир қабл аз салом, аввал даме ҳукумату масъулинро танқиду тавҳин мекунему баъд ҳолу аҳволи ҳам мепурсем, чӣ расад ба фиш- фишу сӯҳбатҳои маҳрамонаамон. Ҳамин Президент ва ҳамин ҳукуматдорон ҳамааш ба қавли маъмул бачаҳои худамон ҳастанд, зода ва парвардаи ҳамин обу хоканд, аз миёни мову шумо бархостаанд. Хубиву бадии онҳо аз мост, пас оё беҳтар нест, ки ҳадди ақал назди як аҷнабиву бадхоҳамон аз бад гуфтан дам ба дарун бубандем.

Ҳукумат кӯмак мекарду мо «кӯрнамакӣ»

Ёд дорам солҳои 2003- 2004 мо журналистони расонаҳои мустақил гуфтем, ки масъулини вазоратхонаву идораҳои давлат аз додани иттилоъ худдорӣ карда, бо рӯзноманигорон мулоқот намекунанд. Президент ба пешвози мо гом бардошт ва бо судури як амр кулли вазирону раисонро вазифадор сохт, ки ҳар се моҳ як бор барои намояндагони расонаҳои хабарӣ нишастҳои матбуотӣ баргузор намоянд. Ҳамон айём, дар Хатлон фаъолият доштам ва мо рӯзноманигорони ба истилоҳ мустақилро ба ҳукумати вилоят даъват карда, ба Панҷу Шаҳритӯсу Хуросон бо нақлиёти давлат ба нишастҳои хабарии раисони навоҳӣ мебурданд.

Ин иқдом дар дунё камназир аст, ки журналистонро ҳукумат бо нақлиёти хеш ҳар доим ба маҳалҳо назди масъулин бубарад, то бо онҳо мулоқот бикунанд ва зиёфат хӯрда боз мошинсавор ба ҷойи корашон биёранд. Мо журналистони мустақили хатлонӣ дар хони оростаи масъулини вилоят нон мешикастему дар саҳфаи нашрияамон бо диду тавони хеш танқидашон мекардем, ки барои ин амаламон рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ нимшӯхиву ниҷиддӣ «кӯрнамак» номамон ниҳода буданд. Воқеъан ҳамин иқдоми нек барои кадоме аз мо «кӯрнамак»- ҳо хуш наомад ва ин кори ҳукумат танқид шуд. Дигар ҳукуматдорони Хатлон гуфтанд, ки садқаи некӣ шавед, ҳисобатонро ёбед ва баъди ҳамин пеши мо мушкили рафтан ба назди масъулини навоҳии дури Хатлон пеш омад.

Замоне, ки Наботов мудири шӯъба буд

Бояд гуфт, аз ҳама чизи муҳим дар нишастҳои хабарии Хатлон он буд, ки дар онҳо тамоми сардабирону сарварони расонаҳои иттилоотии вилоят ва масъулини маркази матбуотии раиси Хатлон ширкати фаъол доштанд, ки дар ин ҳамбастагии журналистон хидмат ва нақши мудири ҳамонвақтаи шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент ҷаноби Ҷумъахон Наботов хеле бойиси қадр аст, вале чун соли 2008 ба Душанбе омадам ин ҷо дидам, ки аслан сардабирони нашрияҳо ба нишастҳои хабарии вазирону раисон намераванд, аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам масалан, аз ҳамон шӯъбаи иттилоот ва таҳлил касе ширкат намеварзад. Ва таҳлилу баррасии ҷараёни нишастҳои хабарӣ аз ҷониби ин шӯъба, ки ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ироъа мешавад, чӣ гуна ва дар асоси чӣ сурат мегирад, бароям норӯшан боқӣ монда. Ҳамон журналистону сардабиронро, ки қаблан аз дастнорас будани мансабдорон ва саду як суъоли беҷавоб доштанашон зиёд мегуфтанд, ман дар нишастҳои хабарии масъулин намедидам ва намебинам. Муҳити журналистӣ дар Душанбе дигар будааст, ин ҷо ҳар сардабир шоҳ аст ва котиби масъулаш вазир.

Муҳаррирон серкоранд?

Акнун суъоли мо ин аст, ки воқеъан чаро сарварони нашрияҳо ба нишастҳои хабарии масъулин рафтанро барои худ ор медонанд? Ба ҷуз нишасти хабарии чанд вазири калидӣ, масалан вазири умури хориҷа, ки чанде аз сардабиронро он ҷо мебинем. Такаббур ва ё сарпечии сардабирону муҳарриронро сабаб чист, ҳеч намефаҳмам. Серкоранд?! Не валлоҳ, қариб коре ҳам надоранд ва бо иддае аз эшон банда ҳам рӯзи дароз дар қаҳвахонаи бинои ГЖК (Муҷтамаъи табъу нашри «Шарқи озод») ба қаҳванӯшиву тамокукашӣ бандем. Ба нишастҳои хабарӣ бошад шаҳаншоҳони матбуоти тоҷик шогирдони навхат ва кормандони ҷавону навомӯз ва ба истилоҳ нӯкарони хешро мефиристанд. Чаро масалан, агар рафтан ба сафари хориҷа даст диҳад, сармуҳаррирон камтар аз шогирдони навомӯзу навпо ёд мекунанд ва худ он ҷо мераванд? Баъдан сарварони расонаҳои хабарӣ гуфтанд, ки мансабдорон ба навиштаҳои онҳо посух намегӯянд ва боз Сардори давлат ба истиқболи мо рӯзноманигорон гоми дигар бардошт ва амр кард, ки ҳама масъулини вазорату идораҳо ба матлабҳои интиқодии нашрияҳо расман посух бигӯянд.

Мо дар мактабхонӣ баъзан дарбанд будем

Ва дар ҳамин се - чор соли ахир дар кишвар як фазои озоди баёни андешаву афкор ба вуҷуд омад, ки биёед аз ҳақ нагузарем, чунин муҳити орому озод дар ҳеч кишвари Осиёи марказӣ мавҷуд набуд ва нест. Мо журналистон аз ин муҳити амну орому озод истифода карда, ҳама пешрафтҳоро нодида гирифтем, бо навиштаҳои хеш як фазои яъсу навмедӣ сохтем. Саҳифаҳои расонаҳои хабарии мустақил пур аз танқиду танзу таънаву айбҷӯиву эродгирӣ шуд. Ғайр аз мушкилоту проблем, нуқсу камбуд дигар дастамон пеш намерафт, ки ҳарфе неку умедворкунанда аз имрӯзу ояндаи кишвари азиз, аз талошу заҳматҳои раҳбарияти давлатамон барои мардум бигӯем. Озодии баён, адами сензура, плюрализми афкор, давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, кафолати Сарқонун гуфтему дигар ҳарчӣ ва ҳар киро, ки хостем зери тозиёнаи танзу танқид гирифтем ва фаромӯш кардем, ки (ҳо дар боло гуфтам- ку мо кистем) дарбони ҳукуматем ва ҳукумат занҷири дур раҳо кардаро пеш кашид. Мушкил бароямон пеш омад.

Аз феълу рафтори хеш гила накардему аз сад кас гумонбар шудем ва ин нашр нашудани чанд рӯзнома воқеъан ҷомеъаи журналистии тоҷикро нигарон сохта ва ҳеч журналист ҳам аз чунин сурат гирифтани кор хушнуд нест, вале боз ҳам илоҷи давои ин дард ҳарчанд ҷойи дигар аст, вале ба дасти худамон аст. Мо бояд фаромӯш намекардем, ки хона дар, дар қуфл, қуфл калид дорад, вале ҳамон калид дар дасти мо набуд ва андеша накардем, ки рӯзе дар хонаи хеш дарбанд мемонем, ки ҳеч ҳамсоя ва дӯстони дуру наздик ба додамон нахоҳанд расид. Замоне, ки шогирди мактаб будам, агар беодобӣ ё сергапӣ мекардем, ба дарс бе тайёрӣ меомадем, устоди шодравонам Зариф Шарифзода моро дар синфхона барои чанд соате дарбанд мекарду худ мерафт роҳат дар хонаи муаллимон чойи талх нӯшида менишаст. Мо бо ҳамон ақлу фаросати тифлона пушти дари баста маҳзун менишастем, андеша мекардем, ки агар сабақи устодро медонистем, беҳудагӯӣ намекардем ва рафтори хуб медоштем, ин ҷо дарбанд намебудем ва мисли Мӯсову Шамъигулу Шукронаи ҳамсинфамон дар кӯча озод сайру гашт доштем.

Ин дарбандии устоди шодравон бояд барои як умр сабақи кору зиндагии мо мешуд, вале мутаассифона хотираи инсон кӯтоҳ аст, чун ба маснади вазирӣ (хонда шавад муҳаррирӣ) расидем, ҳамон хатои тифлиро дубора такрор кардем. Ва инак дарбанд мондем. Дарбандии «Фараж» бар суди «Миллат» нест. Касе чунин андеша дорад, иштибоҳ мекунад. Ва бо аз фаъолият мондани "Фараж"-у чанд рӯзномаи дигар дар мо ҳам завқу ҳавсалаи кор мурдааст, зеро рақибон берун аз майдон мондаву ҳарифе намебинем то ҳалукаш андозему зӯр озмоем. Барои ҳамин агар тунду талх гуфтаам, дӯстона аст, зеро "душман гӯяд шакарвор" гуфтаанд.

Тайи ҳамин беш аз бист рӯз, ки «Фараж» аз нашр монда рӯзе нест, ки аз Хуршеди Атовулло хабар нагирифтаву аз ӯ ҳолу аҳвол напурсида бошам. Чун мебинам ӯ хаставу ношоду рӯҳафтода аст, чун як ҳампеша ман ҳам баробар бо ӯ дард мекашам, вале дар илоҷи дарди ӯ бечораам, зеро калид бо ман нест, то дари ӯ бикшоям. Ва акнун ба касе мефорад ё на дубора таъкид мекунам, ки бояд ба умеди ҳеч қонуну созмону қонундон нашуда, қаблан сари ба иштибоҳу нуқсу хато роҳ надодан андеша мекардем. Ва ҳанӯз ҳам фурсат дорем.

Чаро сармуҳаррирон истеъфо намедиҳанд?

Мо журналистон ё раисони аҳзобамон як вазир, ё мансабдорро танқид мекунем, ки солҳо дар курсии сарварӣ нишаста ва ҷуръати истеъфо рафтанро надорад. Вале бигӯедa, ки кадом раиси ҳизб ё сардабир, чӣ аз нашрияҳои расмӣ ва чӣ мустақил тайи ҳамин панҷ соли ахир ҷуръат карда, бо хости хеш аз мансабаш канор рафтааст. Ҳамон чизеро аз дигарон талаб мекунем, ки худ тавони кардани онро надорем. Пас фарқ миёни як вазир ё раиси солҳо ба курсӣ такя зада дар фаҳмиши фарҳанги истеъфо аз сарварони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар чист?

Вазиру раисро ба мансаб сардори давлат таъин мекунад ва мусаллам аст, ки агар як раиси ноҳия аз уҳдаи раҳбарӣ набарояд ҳам ӯ сардори давлат ва эътимоди ӯро рӯйи хотир карда аз мансаб бо хости хеш канор намеравад, то даме, ки аз ҷониби Президент маъзул нашавад. Сардабирон ҳам журналистанд ва фикр мекунам барои намунаи масъулин будан, барои ба ҷомеъа, ба ҳамон хонандае, ки ҳар рӯзу ҳар ҳафта тавассути навиштаҳоямон дарси ибрат меомӯземаш, бояд худ ҳам намуна бошем. Бовар дорам, агар баъзе аз мо журналистонро Президент вазир ё раиси ноҳия таъин намояд, то умр ҳаст, тарки вазифа нахоҳем кард. Бигзор агар Президент ҳам моро таъин карда бошад, вале ҷуръат надорем, чаро, ки муҳаррир буданро мансаб донистаем, на масъулият ва бешак мансаб ширин аст, албатта ҳам барои вазир ва ҳам барои журналист.

Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ҳақ буд

Ҳамин чанд рӯз қабл буд, ки моро аз шаҳрдорӣ барои ширкат дар мулоқот бо масъулини баландпояи ҳукумати шаҳри Душанбе ва руасои чор навоҳии пойтахт даъват намуданд. Рафтем ва боз ҳам мутаассифона аз роҳбарони расонаҳои хабарӣ ва аз журналистони ба қавле «тяжеловесь» чун ҳамеша он ҷо нишоне набуд, ҳамон шогирдакони навомӯзу рӯзноманигорони ҷавон, албатта ба истиснои Валентина Кондрашова, Екатерина Пасторова, Ҳумайрои Бахтиёр ва як - ду тани дигар ширкат дошту халос. Ва дар ҳамин нишаст буд, ки як тан рӯзноманигори ҷавон (Офарин ба ҷуръаташ!), ки дар хотирам нест аз кадом нашрия буд, аз ҷой барои гуфтани мушкиле аз мушкилоти шаҳр боло шуд ва тақрибан чунин гуфт:

«Вазъи боғчаҳои кӯдакон дар шаҳр ҳоли нигаронкунанда дорад ва мегӯянд, ки баъзе аз ин боғчаҳо фурӯхта шудаанд ва гӯё як боғчаро сӯзондаанду ба қавле ҳамон соҳиби пештарааш ин корро карда бошад» Сухани он ҳампешаи ҷавони мо то ҳамин нукта расида буд, ки раиси ноҳияи Фирдавсӣ Файзуллохон Юсуфов аз ҷой шӯрида овоз баланд кард. Дар ноҳияи Фирдавсӣ,- изҳор дошт ҷаноби Юсуфов,- 22 боғчаи кӯдакон ҳаст, ки ҳамааш комилан ба мавсими сармо омодаанд. Ҳеч боғча фурӯхта нашудааст. Мӯҳтарам журналистҳо, гапзаниатон ҳам мисли навиштанатон ҳаст, «мегӯянд», «як кас гуфт», «гӯё», хоҳиш мекунам дақиқ бигӯед, кӣ гуфт ва дар кадом ноҳияи шаҳр, кадом боғча ҳоли табоҳ дорад? Журналист дигар раҳгум зад. Ва ҳақ буд раиси ноҳияи Фирдавсӣ вақте мегуфт, ки «ҳавоӣ» гап назанед.

Мерасад рӯзе, ки дарҳо боз мешаванд

Агар навиштаҳои банда хотири касе аз ҳампешаҳои гиромиро нохуш сохта бошад, боз ҳам бо таъкид мегӯям, ки банда ҳам замоне шоҳ- сардабир ва тайи чанд соли ахир вазир- муовини сардабир будаам ва нашрияи «Бомдод», нахустин ҳафтаномаи мустақили сиёсӣ дар вилояти Хатлон, ки бо маблағгузории САҲА фаъолият мекарду банда муассиси он ҳастам, боре бо пешниҳоди як мақоми масъул дар Қӯрғонтеппа барои чанд рӯзе баста шуда буд. Ман, ки он замон аз илми сиёсат камтар огаҳӣ доштам, гумон кардам, ки созмонҳои байналмилалӣ хеле зӯранд, ба онҳо муроҷиат кардам, шӯре хезондам, ки ҳамааш бефоида. Бо занги телефони як мансабдори ватандӯст ҳама кор ба маҷрои худ бозгашт ва мо дигар бе мушкил кори хешро идома додем. Алъон сабур бояд буд. Он рӯз дур нест, ки дарҳои баста боз мешаванд ва дубора нашрияҳои аз фаъолият монда ба кор оғоз мекунанд.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97